Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз истифодаи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон


Созмони ҷаҳонии кор даргузориши нави худ мегӯяд, ҳоло 10 ҳазор кӯдаки тоҷик дар кӯча кор мекунанд ва 80 дарсади онҳо метавонанд, ҳадафи истисмор қарор гиранд.

Мадина 9 сол дорад ва дар ноҳияи Варзоб зиндагӣ мекунад. Дар ҳоле, ки ҳамсолони Мадина дар синфи дуюм таҳсил мекунанд, ин духтараки хурдҷусса ки бори гарони зиндагӣ бар душаш аст, ҳатто насаби худро намедонад.

Мадина, ки ба гуфтаи худаш панҷ сол пеш аз падар ятим мондааст, чандон орзуву ҳаваси зиёд надорад. Сӯҳбати мо бо ин духтараки 9 сола хеле мушкил буд. Ӯ боре ба мактаб нарафтааст ва намедонад, дарс чӣ асту омӯзгор кист. Ӯ танҳо мегуфт, имрӯз бояд барои хонаводааш, ки аз модару ду хоҳари хурдаш иборат аст, «нон» барад.

Мадина.
Мадина.
Аслан Мадина дар бозорҳо ба селофанфурушиву сипанддудкунӣ машғул аст. Вай мегуяд, «10 сомонӣ кор мекунам, нон мехарем. Очам дар Регар кор мекунад. 10 сомоне ки меёбам, нон мехарем, боз пул чамъ карда, пойафзол мехарам».

Мисли Мадина кӯдаконе кам нестанд, ки бори зиндагӣ шонаҳои кӯчаки онҳоро хам кардааст. Насим мусоҳиби дигари мо аст, ки 15 сол дорад ва ба кори аробакашӣ машғул аст. Вай гуфт панҷ сол аст аробакашӣ мекунад, аммо дар ин муддат боре ба кори бад, монанди дуздӣ ва ё талбандагӣ даст назадааст. Насим зоҳиран писари тозаву чолок менамуд, аммо нахост, бо мо сӯҳбат кунад. Вай бидуни сабти садояш гуфт, зиндагӣ маҷбураш кард то аробакаш шавад, зеро падараш дар муҳоҷират асту солҳост, ки маблағе равон намекунад. Модару чаҳор нафар фарзанди дигари хонаводаашон маҳз аз ҳамин даромади Насим зиндагӣ доранд.

Кӯдакони зиёдеро дар кӯчаву бозорҳои Душанбе дучор шудан мумкин аст, ки машғули коре ҳастанд ва бузургсолон ба хусус падару модарон аз нерӯи онҳо барои таъмини зиндагӣ истифода мекунанд. Аз сӯи дигар теъдоде аз кӯдаконро низ дар саҳро, хоса дар ин фасл, ки айёми пахтачинӣ аст, мушоҳида кардан мумкин аст. Волидайн ба хотири пеш бурдани зиндагӣ фарзандони ноболиғашонро ҳамроҳ ба пахтачинӣ мебаранд, то ба онҳо кӯмак кунанд.

Насим, 15 сол дорад ва ба кори аробакашӣ машғул аст.
Насим, 15 сол дорад ва ба кори аробакашӣ машғул аст.
Истифодаи кори кӯдак дар ҳолест, ки Созмони ҷаҳонии кор гузориши нави худро дар заминаи истифодаи нерӯи кори кӯдак дар ҷаҳон нашр кард. Ба иттилои СҶК, феълан 10 ҳазор кӯдаки тоҷик дар кӯча кор мекунанд, ки 80 дарсади онҳо ба хотири дарёфти имконияти бештари кор дар шаҳрҳо, ба хусус Душанбе ҳастанд ва эҳтимолияти дучор шудан ба истисмор ба онҳо вуҷуд дорад. Бар асоси ин гузориш 50 дар сади кӯдакони машғули кор дар кӯча, аз оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ буда, «мавҷуд набудани системаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ки ба пешгириву таъсир расонидан ба ҳодисаҳои истисмор, рушди сусти ҳамкорӣ, ҳамчунин иттилооти ғайри кифоя оид ба ҳуқуқи кӯдак равона шудааст» ном бурда мешавад.

Ин гузориш рушан кардааст, ки дар Тоҷикистон 7 дарсад аз нерӯи кори кудак дар саҳро низ истифода мешавад. Созмони ҷаҳонии кор дар гузориши худ ҳамчунин таъкид мекунад, ки як гурӯҳи нозуки аҳолӣ, ки дучори шаклҳои гуногуни истисмор, зуроварӣ, муносибати дурушт мешаванд, кӯдакони машғули кор дар кӯча ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки сару садоҳо дар мавриди суиистифода аз нерӯи кудакон аз суи мақомот низ ба мушоҳида мерасад. Зеро кӯдакони хиёбонӣ низ мегӯянд, барои иҷозаи ғайриқонунии кор аз онҳо пул талаб мекунанд.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:44 0:00
Линки мустақим


Аммо ин иддаои онҳоро Наврӯз Самадов, раҳбари идораи давлатии назорат дар бахши кор ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнати Тоҷикистон рад мекунад. Вай гуфт то ҳанӯз санҷишҳои онҳо ин далелро ки суиистифода аз мансаб аз ҷониби пулис бошад кашф накардаанд.

Таҳлилагарон мегӯянд, ҷалби атфол ба меҳнат дар Тоҷикистон дар ҳоли табдил шудан ба як фарҳанги норавои ҷомеа аст ва дар сурати боло нарафтани сатҳи иқтисодии хонаводаҳо гумон аст, ин мушкил ҳалли худро ёбад. Аммо коршиносон мегӯянд, роҳу шеваҳои мубориза бо ин раванд дар кишвар натиҷасоз нест, зеро манзараи умумӣ ва омори дақиқ вуҷуд надорад.

Наврӯз Самадов, як масъули Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод омори дақиқи кӯдаконе ки дар кӯча кор мекунанд дар даст надорад. Вале ин масъули вазорат истифода аз неруи кӯдакон дар корҳои сиёҳро рад накард. Вай гуфт баъзан худи кӯдакон ба корҳои сангин мисли аробакашӣ даст мезананд, ки ҳатто волидонашон хабар надоранд. «Ҳастанд кӯдаконе, ки мераванд ба бозор ва аробакашӣ мекунанд. Ин албатта, хуб нест. Мо ба раҳбарони бозорҳо гуфтем, ки ба чунин корҳо роҳ надиҳанд ва чанд нафарро ҷарима ҳам кардем.»

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Самадов ба кори саҳро ҷалб шудани кӯдакон оммавӣ нест. Вай мегӯяд, кӯдакон бештар аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқоние, ки оилавӣ ҳастанд, ба кори саҳро ҷалб мешаванд.

Бар пояи гузориши Созмони ҷаҳонии кор «63 дар сади кӯдакони дар бозорҳои Душанбе коркунанда, ба оилаҳое, ки 6 ва зиёда аъзо доранд мансубанд. Наздики 9600 кӯдак дар ҳудуди марзи Тоҷикистон дар муҳоҷирати дохилӣ буда, нисфи онҳо аз оилаҳои муҳоҷирон мебошанд.»

Ҷовид Ҷӯраев, як масъули созмони "Наҷоти кӯдак", мегӯяд, таҳқиқот рушан кардааст, ки кори кӯдакон дар кӯча ва саҳро дар ҳаёти онҳо ягон тағйири мусбатро ба бор намеорад. Зеро ба гуфтаи ӯ кӯдакон ҳангоми кор дар кӯча ва саҳро аз таълим дур мемонанд ва саломатии худро бармаҳал аз даст медиҳанд. Дар ин ҳолат ба гуфти ин масъули созмони "Наҷоти кӯдак", аз панҷаи камбизоатӣ баромадани онҳо мушкил мешавад. «Мегӯянд, ки кӯдакон ба оилаҳои худ кӯмак мекунанд ва ин кори баде нест, аммо ин андеша хатост. Дар корҳои кӯчаву саҳро ҷалб шудани онҳо ба ояндаи кӯдакон таъсири манфӣ мегузорад.»

Созмони ҷаҳонии кор ду сол пеш гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор кӯдак маҷбуранд ба хотири таъмини худ ва ё хонаводаашон кор кунанд. Аммо ба бовари ҳомиёни ҳуқуқи кӯдак, ҳатто ин омори "мудҳиш" вусъат ва доманаи воқеии истифода аз нирӯи кӯдак дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад. Бо ин ҳама коршиносони масоили иҷтимоӣ мегӯянд, ҳоли ҳозир рафъи масоили кори кӯдакон имконнопазир аст ва кӯшишҳо ҳам дар ин робита бенатиҷаанд. Чун ба қавли онҳо, аксари хонаводаҳои ин наврасон дар ҳоли фақр қарор доранд ва аз сӯи дигар ин қишри хурдсоли ҷомеа, нерӯи аслии кории кишварро ташкил медиҳанд. Чун аксари нерӯи фаъолии Тоҷикистон дар муҳоҷират аст ва бар иловаи мардҳо ҳатто аксари занон низ муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд.
XS
SM
MD
LG