Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони шаҳри Кӯлоб аз ду ҳодисаи куштори хоҳарон бо дасти бародар ангушти ҳайрат мегазанд ва мегӯянд, наход ба ҷуз куштор роҳи дигаре набуд?

Вақте Хисрав Сабзаев, ҷавони 24-сола аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия баргашт, дӯстонаш ба ӯ хабар доданд, ки хоҳараш "бероҳа" шудааст. Сабзаев ин хабарҳоро боиси бадномии хонавода шумурд ва 20-уми июл хоҳари 19-солааш Парвина Сабзаеваро дар соҳили рӯдхонаи Яхсӯ ба қатл расонида, худро ихтиёран ба мақомот таслим кард.

Абдулфаттоҳ Абдухолиқов, як тан аз наздикони ин хонавода мегӯяд, падари хонаводаи Сабзаев ҳанӯз дар замони ҷанги дохилӣ вафот карда буд ва онҳо бепадар ба воя расида, зиндагии хуб надоштанд. Ин мард мегӯяд, ду соли пеш ӯ мехост, ин духтарро ба ҷавони тоҷики муқими Қазоқистон ба шавҳар диҳад. Вале мақомот ин амали ӯро "қочоқи инсон" унвон карданд ва алайҳи ӯ парванда кушоданд.




Абдухолиқов мегӯяд: “Ҳамон вақт мо хостем некӣ кунем ва ин духтарро ба шавҳар диҳем, лекин моро дела карданд. Шояд ҳамон вақт ин корро мекардем, ин духтар бероҳа намешуд. Сатҳи зиндагиашон нохуб буд. Бародараш дар Русия кори хуб намеёфт, ки пул равон кунад. Ин духтарро зиндагии нохуб ба ҳамин роҳ бурда буд. ”

Дар шаш моҳи ахир бори дуввум аст, ки дар шаҳри Кӯлоб ва дар як маҳалла хоҳарҳо аз дасти бародарҳояшон кушта мешаванд. Аввали сол, Мизробҷони Музаффар, хоҳараш Озодамоҳро бо рӯймоли сараш хафа кард ва ба қатл расонд.

Ҳарчанд, Ҷумъагул Одинаева, модари ин ду ҷавон гуфта буд, ки писараш гирифтори бемории рӯҳӣ шудааст ва дар ҳоли хуруҷи ин маризӣ даст ба куштори хоҳар задааст, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин кушторро куштори номусӣ талаққӣ карданд. Ҷавон низ баъди боздошт иқрор кардааст, ки хоҳараш бо ҷавоне робита дошт ва ин робита боиси нанги хонадон буд.

Аммо аксари ҷавонони Кӯлоб ин амалро маҳкум мекунанд. Садриддин Толибов, як ҷавони маҳаллӣ мегӯяд, даст ба куштори фарзанди падар задан бадтарин амал аст. “Шояд ӯ мехост худро аз шармандагӣ наҷот диҳад. Рафтори хоҳари ӯро шояд як ду ҳамсоя медонист, вале ҳоло тасаввур кун, ки тамоми Тоҷикистон аз ин хабар ёфт. Ин тарафи масъаларо фикр кунӣ, шармандагӣ нав сар шудааст,” - мегӯяд садриддин Толибов.

Наврӯзи Саттор, ҷавони дигар мегӯяд: “Беҳтар мебуд, ин бача бо ҳар роҳе, ки намешуд, хоҳарашаро бо ҳамон ҷавон ба шавҳар медод. Ҳамон ҷавонеро, ки бо хоҳараш дидааст, бояд сахт мегирифт ва мегуфт, ки хоҳарашро ба занӣ бигирад. Аз куштани ӯ ҳеҷ фоида нест, вале агар ин хел мекард ва маслиҳат мешуд, хубтар буд”.

Аммо Бахтиҷамол Мирзоева, равоншиноси маҳаллӣ мегӯяд, чунин ҳодисаҳо баёнгари поён рафтани тарбияи хонаводагии ҷавонписарон аст. Ӯ мегӯяд, муҳит низ ба чунин ҷавонон таъсир мерасонад, ки бероҳагардии як духтарро амали ислоҳнашаванда арзёбӣ мекунанд. “Маниши маҳаллӣ ҳаст, ки хоҳар бо ҷавонписаре сӯҳбат кард, тамом. Инро ҷавонони мо таҳаммул карда наметавонанд, зеро як номуси то андозае нозарур доранд. Ба ҷои ислоҳи хоҳар даст ба ҷиноят мезананд. Бисёре аз онҳо то андозае ифротӣ ҳастанд, ки вақте чунин амали хоҳарро шуниданд, тамом дигар онро қабул надоранд. Сатҳи донишу тарбияи чунин ҷавонон хеле паст аст. Онҳо дар мактаб таълими хуб нагирифтаанд. Дар миёни мардум барои рух надодани чунин ҳодисаҳо бояд равоншиносон ҷалб шаванд ва ҳурмати хоҳару бародарро бештар тарғиб кунанд. Таълиму тарбияи хонаводагӣ, ки хуб шуд, дигар чунин ҳодиса сар намезанад.”

Дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб беш аз 50 ҳазор ҷавон ба сар мебарад, ки 80 дар сади онҳо шуғли доимӣ надоранд.Бештари ҷавонони ин шаҳр аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия зиндагии худу хонаводаҳояшонро пеш мебаранд. Далели аслии сар задани чунин ҳодисаҳоро низ коршиносон фақр арзёбӣ мекунанд ва ин ду ҳодисаи ахир низ ин иддаоро тасдиқ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG