Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дохила мегӯяд, ҷинояткорӣ афзоиш ёфтааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, мизони ҷинояткорӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар се моҳи аввали соли равон 1051 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, 13 адад бештар будааст.

Зоиршо Камолов, намояндаи Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 10-уми май дар мулоқот бо донишҷӯёин Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон гуфтааст, раванди ҷинояткорӣ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта ва дар қисмате аз ин ҷиноятҳо, донишҷӯён даст доранд.

Ин мақоми вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷумла аз Донишгоҳи техникии Хуҷанд, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи давлатии тиҷорат ном бурдааст, ки донишҷӯёни ин макотиби олӣ, даст ба ҷинояти бештар задаанд.

Оқои Камолов бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, то 1-уми апрели соли ҷорӣ теъдоди мубталоёни бемории ВИЧ/СПИД 3910 нафарро ташкил медиҳад, ки қисмати зиёди онҳо дар натиҷаи истеъмоли моддаҳои нашъадор сироят ёфтаанд.

Аз ин қабл дар моҳи феврали соли ҷорӣ вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар мулоқот бо донишҷӯёни донишгоҳҳои Суғд гуфта буд, ки оморҳо баёнгари афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон ва аз ҷумла донишҷӯён ва духтарон аст. Рамазон Раҳимов ҷиноякорӣ дар миёни ҷавонону наврасонро “масъалаи доғи рӯз” хонда ва гуфта буд, соли гузашта аз тарафи ин қишри ҷомеа 4530 ҷиноят содир шудааст, ки назар ба соли 2011 ҳам бештар аст.

Соли 2012 муфаттишони вазорат таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии 56 донишҷӯро хотима дода ва барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодаанд. Дуздиву қочоқ, авбошиву раҳзанӣ ва ҳамчунин одамкушӣ, аз ҷумлаи ҷиноятҳоест, ки ин донишҷӯёни тоҷик содир кардаанд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин ба масъалаи танфурӯшӣ дар миёни духтарон таваҷҷӯҳ карда ва аз ҷумла гуфта буд, ки то имрӯз дар кишвар 1303 танфурӯшро сабти ном кардаанд, ки 132 нафари онҳо ҳанӯз 18-сола нестанд.
XS
SM
MD
LG