Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алишер Қудратов, танҳо варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Сочи намояндагӣ мекунад, рӯзи 22 феврал вориди сабқат хоҳад шуд.

Алишер Қудратов дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал барпо мегардад, вориди рақобат мешавад.

Мураббии ӯ Ибодулло Қурбонов, раиси Ассотсиатсияи навъҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, рӯзи 16-уми феврал аз Сочи ба радиои Озодӣ чунин хабар дод: “Алишер ба мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки баъди як ҳафта баргузор мешавад, омодагии хуб мебинад. Вай бо лавозимоти варзишии муосир, ба мисли лижа, каска, асоча ва дигар асбобҳои махсуси лижаронӣ таъмин буда, ҳамроҳ бо варзишгарони Эрону Австрия тамрин мекунад ва ҳеҷ мушкиле надорад. Ман бо Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва раҳбари тими олимпии мо, ба Алишер барои омодагиаш ба мусобиқоти олимпӣ ҳамаҷониба кӯмак мерасонем.»

Алишер Қудратов донишҷӯи курси 4- уми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳам ҳаст ва ба гуфтаи Қурбонов, раиси ин донишкада Шодихон Сафаров низ ба хотири орзуи комёбӣ ба шогирдаш ба Сочи омадааст.

Ин аксҳои Алишер Қудратовро ҳамроҳони ӯ аз Сочи ба Озодӣ фиристодаанд (Барои сифати аксҳо маъзарат мехоҳем):


Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай аз солҳои бачагӣ дар зодгоҳаш– Сафеддара , ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, тамрин мекунад. Ӯ дар чор мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Эрон ва дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Туркия ширкат варзида, меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом иҷро кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Сочи-2014 гардид.

Алишер Қудратов соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувери Канада ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат накардааст. Ӯ дар маросимҳои кушоиши Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ҳам дар Ванкувер ва ҳам дар Сочи парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

Алишер соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супергигант дар байни 24 нафар дар ҷойи 11-ум ва дар навъи Super Combined Slalom дар ҷойи 15-ум қарор гирифта буд.

Алишер Қудратов дар поёни соли 2013 ба Радиои Озодӣ сӯҳбати видеоие дода буд, ки инҷо метавонед тамошо кунед:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG