Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Олимпиадаи Сочӣ аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар – Алишер Қудратов дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом ширкат мекунад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки раҳбари ҳайати варзишии кишвар мебошад, рӯзи 4-уми феврал тавассути телефон аз Сочи хабар дод. Вай гуфт, “дар ҳамин ҳол ҳайати варзишии Тоҷикистон иборат аз чор нафар - ду варзишгар - Алишер Қудратов ва Андрей Дригин, инчунин, банда ва Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар шаҳри Сочи қарор дорем. Ба ҳайати варзишии кишвар, инчунин, мураббии Дригин – Владимир Владимиров рӯзи 5-уми феврал ва мураббии Қудратов - Ибодулло Қурбонов, раиси Федератсияи лижаронии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми феврал ҳамроҳ мешаванд. Дар маросими барафрохтани Парчами миллииТоҷикистон, ки рӯзи 5-уми феврал дар Деҳаи олимпӣ дар “Роза Хутор” баргузор мешавад, ҳайати варзишии мо таҳти раҳбарии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, ки ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар мебошад ва имрӯз ба Сочи меояд, ширкат мекунад. Мо ба ин маросим аъзои Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Сочиро бо раҳбарии оқои Фаррух даъват намудем.”



Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи, ки рӯзи 7-уми феврал баргузор мешавад, ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар мебошад, дар назар аст.

Ҷаноби Абдуллоев дар идомаи сӯҳбат гуфт, “ лижаронҳои мо - Андрей Дригин меъёрҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи дар навъҳои слалом-гигант ва слалом, Алишер Қудратов бошад, дар навъи слалом ба ҷо оварда буданд. Бояд гуфт, ки тасмими додани роҳхат ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ ба варзишгари Тоҷикистон дар ҷаласае, ки бо ҳузури намояндагони се ҷониб - Федератсияи байналмилалии лижаронӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Сочи барпо гардид, гирифта шуд. Мо ҳарчанд кӯшиш кардем, ки ҳарду роҳхат бигиранд, вале бар асоси қоидаҳои мавҷуда дар як намуд – лижаронии кӯҳӣ танҳо як роҳхат дода шуд. Мо Алишер Қудратовро пешбарӣ кардем ва ӯ, инчунин, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мешавад. Алишер дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом рӯзи 22-юми феврал рақобат мекунад.”


Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ аз 7-ум то 23-юми феврал дар Сочии Русия баргузор мешаванд. Дар ин Олимпиада ширкати беш аз 2600 варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Онҳо барои 98 маҷмӯи медалҳо дар 7 риштаи варзиш (биатлон, бобслей, кёрлинг, хоккей, чанаронӣ, конкитозӣ ва лижаронӣ), ки боз навъҳои худро доранд,мубориза мебаранд.

Бояд тазаккур дод, Андрей Дригин танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро се бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2006 дар Турини Италия ва соли 2010 дар Ванкувери Канада дар навъҳои мухталифи мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст.

Дар Олимпиадаи Солт-Лейк-Сити Андрей дар як намуд - супергигант ширкат кард, вале, мутаассифона, ба марра нарасид. Дар Олимпиадаи Турин бошад, вай дар се намуд иштирок дошт, ки натиҷаҳои ба даст овардааш чунинанд: нишебии босуръат - 1:59,41, ҷойи 51-ум, супергигант – 1:37,85, ҷойи 51-ум, гигантслалом – ба марра нарасид.

Дар Олимпиадаи Ванкувер низ ӯ дар се намуд иштирок дошт, ки натиҷаҳо чунинанд: нишебии босуръат - 2:04,44, ҷойи 59-ум, супергигант – 1:38,03, ҷойи 44-ум, гигантслалом –2:55,29, ҷойи 57-ум.

Алишер Қудратов бошад, соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат наварзидааст. Ӯ дар маросими кушоиши Бозиҳо парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.
Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай аз солҳои бачагӣ дар зодгоҳаш– Сафеддара , ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, тамрин мекунад. Ӯ дар тӯли як моҳи ахир дар чор мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Эрон ва дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Туркия иштирок карда, меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи-2014 иҷро кардааст.

Алишер соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супергигант дар байни 24 нафар ҷойи 11-ум ва дар навъи Super Combined Slalom ҷойи 15-умро гирифта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG