Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Чехия дар Сочӣ


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Чехия Милош Земан.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Чехия Милош Земан.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар Сочӣ ба сар мебарад, рӯзи ҷумъа бо президенти Чехия мулоқот намудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Милош Земан масоили ҳамкорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъ, раиси ҷумҳури Чехия дар тирамоҳи соли равон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард.

Милош Земан аз сафарҳои пешини худ Душанбе ёдовар шуда, гуфтааст ки “бо майли том бори дигар аз ин шаҳри зебо дидан карда, ба густариши робитаҳои судбахш асос мегузорад”.

Мулоқоти президенти Чехия бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва мувофиқат ба анҷоми сафари расмӣ аз Душанбе аз сӯи ӯ дар ҳолест, ки сухангӯи ӯ мегӯяд, боздиди раҳбари Узбакистон Ислом Каримов ба Прага бо даъвати раҳбари собиқи Ҷумҳурии Чех Васлав Клаус сурат мегирад, на бо даъвати раисиҷумҳури кунуниаш Милош Земан.

Боздиди қарибулвуқӯъи раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аз ҷумҳурии Чех, ки қарор аст, рӯзҳои 21-23 феврали соли равон сурат бигирад, ба мавҷи эътирозҳои бавижа гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар дучор шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз раисиҷумҳури Чехия Милош Земан хостаанд, аз даъвати ҳокими худкомаи кишваре бо чунин як собиқаи бади ҳуқуқи башар худдорӣ кунад.

Иржӣ Овчачек, сухангӯи Милош Земан дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ дар посух ба ин интиқодҳо гуфт, “даъвати Ислом Каримов барои боздид аз Ҷумҳурии Чех ҳанӯз дар овони дар курсии раёсати ин ҷумҳурӣ нишастани Васлав Клаус ироа шудааст ва Милош Земан ба ҳайси раисиҷумҳур мулзам аст, то ба хотири мурооти расмиёти дипломатӣ ӯро ба ҳузур бипазирад.”

Human Rights Watch(HRW), ё Дидбони ҳуқуқи башар, яке аз гурӯҳҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон, дар ҳафтаи гузашта аз раисиҷумҳури кунунии Чехия Милош Земан хост, ки то замоне ки Узбакистон вазъи ҳуқуқи башарашро беҳтар накунад, даъвати Ислом Каримов ба Прагаро ба таъхир гузорад.

Раҳмон ба Путин: Инҷо офтоб асту дар Тоҷикистон - 40 сантиметр барф

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 феврал дар Сочи бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард. Замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон имрӯз расман то соли 2042 тамдид шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи 6 феврал ба манзури ширкат дар расми ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Сочи рафт, дар қароргоҳи Бочаров ручей бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки баъд аз дидори Раҳмону Путин,"аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар - Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров протокол доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи ин созишнома муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шуд."


Путин дар ин мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш гуфт, умедвори хатми як марҳала ва шурӯъи марҳалаи нав дар равобити низомии Русияву Тоҷикистон аст: "Ин нуқтаи таммат - манзури ман тамоми он чизест ки ба пойгоҳи низомии Русия рабт мегирад - ин, албатта, анҷом не, балки оғози марҳалаи наву боз ҳам амиқтар, боз ҳам собиттар дар равобити мост." Путин ҳамкории низомии Русияву Тоҷикистонро бавижа дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон хеле муҳим номид.

Путин афзуд, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва фарҳангиии Маскаву Душанбе низ пураҳамиятанд ва Тоҷикистон "яке аз шарикони стратегии раддаи аввал" барои Русия боқӣ мемонад.

Эмомалӣ Раҳмон Путинро бо мизбонии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ табрик гуфт ва зимнан бо ишора ба ҳавои офтобиву гарми Сочи ёдовар шуд, ки "дар Тоҷикистони мо ҳаво 20 дараҷа сарду қабати барф 40 сантиметр аст."



Раҳмон дар Сочи бо Отамбоев ҳам дидор хоҳад дошт?

Субҳи 6-уми феврал, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба манзури ширкат дар маросими ифтитоҳи бозиҳои XXII зимистонаи Олимпӣ ба шаҳри Сочии Русия сафар кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар Сафеддара. Акс аз соли 2006

Эмомалӣ Раҳмон дар Сафеддара. Акс аз соли 2006

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар гуфт, ки "дар сафар ба шаҳри Сочии Русия, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшоҳ Неъматов, котиби генералии Кумитаи миллии Олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.»

Ҳарчанд дафтари матбуоти раёсати ҷумиҳури Тоҷикистон сафари Эмомалӣ Раҳмонро танҳо ба хотири ширкат дар ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ унвон кардааст, аммо расонаҳо ҳанӯз ҳафтае пеш аз қавли сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов хабар додаанд, ки дар ҳошияи ин маросим, дидору гуфтугӯи Раҳмон бо ҳамтои русаш Владимир Путин низ дар назар дошта шудааст.
Расонаҳои русӣ менависанд, ки "дидори Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, панҷшанбеи 6 феврал доир мешавад ва ғолибан вазъи Афғонистон дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар меҳвари ин мулоқот қарор хоҳад гирифт.»

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ ба ҳайси меҳмон ба расми гушоиши Олимпиадаи Сочи даъват шудааст ва бархе расонаҳои русӣ аз эҳтимоли дидори Отамбоеву Раҳмон дар ҳошияи ин маросим ва зоҳиран бо миёнҷигии Путин низ ҳадс мезананд. Агар ин дидор иттифоқ биуфтад, нахустин мулоқот ва сӯҳбату рӯбарӯи раҳбарони аввали Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз тирпарронии рӯзи 11 январ дар марзи ин ду кишвар дар қисмати Исфараву Бодканд хоҳад шуд. Ин муноқиша, ки 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт, оғози ҷиддитарин таниш дар равобити ин ду кишвари пасошӯравӣ шудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон дар ҳоли ҳозир танҳо сафари Отамбоев ба Сочи дар таърихи 7-уми феврал ва дидори ӯ бо Путинро таъйид кардааст. Дар бораи эҳтимоли дидори ӯ бо Раҳмон ва баррасии мушкилоти ҷамъшуда байни Душанбеву Бишкек ҳанӯз хабари расмие нест.

Аммо раҳбарони аввали Русия чунин иттифоқҳоро ҳамеша барои оштӣ додани сарони кишварҳои муттаҳиди худ истифода мебурданд. Аз ҷумла дар ҳошияи ҳамоишҳои расмӣ дар Сочи бо миёнаравии Маскав чандин бор дидору мулоқоти руасои ҷумҳуриҳои Арманистону Озарбойҷон, ки аз поёни солҳои 80 бар сари вилояти ҷудоихоҳи Қаробоғи кӯҳӣ бо ҳам дар ҳоли душманӣ қарор доранд, доир шудааст.

Маросими ифтитоҳи бозиҳои XXII зимистонаи Олимпӣ дар шаҳри Сочии Русия фардо - ҷумъаи 7-уми феврал баргузор мешавад. Мақомоти рус қаблан гуфта буданд, ки интизор меравад, дар ин маросим раҳбарони 60 кишвари дунё ширкат кунанд. Ҳамакнун маълум шудааст, ки бар иловаи Эмомалӣ Раҳмон раҳбарони Чин, Туркия ва Ҳолланд низ имрӯз вориди шаҳри Сочӣ мешаванд.

Дар бозиҳои зимистонаи Олимпӣ дар Сочӣ аз варзишгарон Тоҷикистонро танҳо як нафар - лижарон Алишер Қудратов намояндагӣ мекунад. Алишер Қудратов дар ҳоли ҳозир дар Сочи тамрин мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG