Пайвандҳои дастрасӣ

Алишер Қудратов, варзишгари тоҷик, ки меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи-2014 иҷро кардааст, мегӯяд, омодаи сафар ба ин бозиҳост.

Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ аз 7-ум то 23-юми феврали соли 2014 баргузор мешаванд.Тасмими додани роҳхатҳо ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ ба варзишгарони Тоҷикистон - Алишер Қудратов ва Андрей Дригин - дар рӯзҳои наздиктарин дар Сочӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии лижаронӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гирифта мешавад.

Алишер Қудратов ки 11 январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Дар зодгоҳи ман – Сафеддара аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ ҷойгир шудааст. Ман аз солҳои бачагӣ дар ин ҷо тамрин мекунам. Шумораи онҳое, ки ба лижаронии кӯҳӣ завқ доранд, сол то сол зиёд мешавад. Мураббии ман Шарофиддин Аҳёев мебошад. Ман хеле хушҳолам, ки дар тӯли як моҳи ахир дар чор мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Эрон ва дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Туркия иштирок карда, меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочӣ-2014 иҷро кардам. Умуман, ман дар тӯли чаҳор соли ахир дар 10 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намудам. Ман соли 2010 дар Олимпиадаи зимистона дар Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз ширкат доштам, вале дар мусобиқот иштирок накардаам. Ман соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супергигант дар байни 24 нафар ҷойи 11-ум ва дар навъи Super Combined Slalom ҷойи 15-умро гирифта будам. Дар Олимпиадаи Сочӣ дар навъи слалом кӯшиш мекунам, ки натиҷаи хуб нишон диҳам.”

Навори видеоии мусоҳиба бо Алишер Қудратов инҷост:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG