Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳло Мӯсоева раҳбари ТВ "Пойтахт" шуд


Шаҳло Мӯсоева рӯзи 28 январ расман ба ҳайси раиси ҷадиди муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт» ба ҷои Абдулқодири Абдуқаҳҳор ба фаъолият шурӯъ кард.

Шаҳло Мӯсоева, раиси муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт» рӯзи 28-уми январ бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки нахустин рӯзи фаъолияти худро дар ин шабакаи телевизонӣ оғоз кардааст. Хонум Мӯсоева гуфт, ки имрӯз ӯ ба гурӯҳи эҷодии телевизони «Пойтахт» аз ҷониби мақомоти ҳукумати шаҳри Душанбе муаррифӣ шуда, бо барномаҳои ин шабака ошно шудааст.

Дар робита ба ин суол, ки оё минбаъд телевизиони «Пойтахт» ҳамчун як шабакаи соҳавӣ барномаҳои худро пеш хоҳад бурд, Шаҳло Мӯсоева гуфт, ки ҳанӯз ҳеҷ тасмиме нагирифтааст ва ҳоло оғози кори ӯст ва баъдтар тасмим хоҳад гирифт, ки шеваи барномаҳои «Пойтахт» чӣ гуна бошад.

Шаҳло Мӯсоева то кунун вазифаи мудири раёсати фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанберо бар дӯш дошт.

Раиси ТВ "Пойтахт" истеъфо дод

Абдуқодири Абдулқаҳҳор, раиси муассисаи давлатии телевизиони "Пойтахт» ба далели норозигиаш бо тағйироте, ки шаҳрдорӣ дар барномаҳои ин шабака ворд кард, аз мақомаш истеъфо додааст.

Раиси телевизиони «Пойтахт» рӯзи 27-уми январ ба Озодӣ гуфт, тағйироте, ки ҳукумати пойтахт дар барномаҳои телевизион ворид кард, мавриди қабули ӯ набуд ва аз ин рӯ аз идомаи масъулият дар ин мақом даст кашид.

Ӯ афзуд, имрӯз бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот дошт ва шаҳрдорӣ пешниҳод намуд, ки минбаъд телевизиони «Пойтахт» ҳамчунин шабакаи соҳавӣ фаъолият кунад ва масъулияти мудирияти барномҳо ба дӯши раиси бахши фарҳанги ҳукумати пойтахт Шаҳло Мӯсоева гузошта шавад.

Азбаски ҷаноби Абдуқаҳҳор ҷонибдори соҳавӣ шудани шабакаи телевизиони "Пойтахт" намебошад, аз ин рӯ идомаи фаъолият дар ин шабакаро лозим надонистааст.

Абдуқодири Абдулқаҳҳор, раиси пешини ТВ "Пойтахт"
Абдуқодири Абдулқаҳҳор, раиси пешини ТВ "Пойтахт"
Ҷаноби Абдуқаҳҳор афзуд, ки тақрибан як моҳ қабл ҳукумати шаҳри Душанбе як нафари дигар Икром Мирзоев, собиқ директори телевизиони «Сомониён»-ро барои масъули мудирияти барномаҳо мехост пешниҳод кунад. Аммо пас аз норозигии Абдуқодири Абдуқаҳҳор вай, яъне ҷаноби Мирзоев ба ин вазифа мансуб нашуд.

Дар ҳамин ҳол Шавкат Саидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе дар робита ба истеъфои Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, ки ҳанӯз фармон ё қарори ҳукумати шаҳри Дашанбе дар мавриди истеъфои раиси телевизиони "Пойтахт" ба дасти ӯ нарасидааст.

Телевизиони "Пойтахт" баъд аз таъин шудани Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба ҳайси роҳбари нав, вақте сари забонҳо шуд, ки ҳангоми намоиши мусоҳиба бо Гулрухсори Сафӣ, шоираи тоҷик намоиши барнома қатъ шуд ва танҳо баъд аз чанд рӯз дубора барқарор шуд. Аммо масъулони ширкати "Радиотелеком", таъминкунандаи мавҷи телевизион гуфта буданд, ки сабаби қатъи пахши барномаҳои ин телевизион дар фарсуда шудани фиристандаҳои он аст.

Шабакаи «Пойтахт» соли 1996 ҳамчун "Ширкати телевизиони ҷамъиятии "Пойтахт" таъсис ёфта, муассисаш ҳукумати шаҳри Душанбе ва 7 корхонаи саноатии шаҳр буд. Он вақтҳо 32 нафар коргар дошт ва директори он Раҳмон Астонов буд.

6-сентябри соли 2006 тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе № 409 он ба муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» табдил ёфт. Аз моҳи октябри соли 2012 бо қарори раиси шаҳри Душанбе Абдуқодири Абдуқаҳҳор роҳбарии ин телевизионро бар уҳда гирифт. То он замон Абдуқодири Абдуқаҳҳор директори радиои Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG