Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радио дар Тоҷикистон дигар расонаи рақами як нест


Студияи радиои "Азия Плюс" дар Душанбе
Студияи радиои "Азия Плюс" дар Душанбе

Дар Рӯзи радио дар Тоҷикистон ин ақида садо дод, ки нақши он ҳамчун як расонаи ҳамагонӣ дар қарни фанновариҳои нави иттилоотӣ зери суол рафтааст.


Аммо мухолифони ин ақида мегӯянд, хабари «марги радио» ҳанӯз каме пеш аз вақт аст.Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки мардум дар Тоҷикистон бештар аз радио иттилоъ мегиранд, то аз телевизион. Ва ин нукта аз забони шахсе садо медиҳад, ки раҳбари як шабакаи телевизионист. Раиси телевизонии «Пойтахт», Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки қаблан роҳбарии радиои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, мегӯяд: «Чун 93 дарсади қаламрави Тоҷикистон кӯҳистон аст, пахши мавҷи телевизион дар тамоми ҳудуди кишвар мушкил аст. Аммо мавҷи радио хеле фарогир аст ва мардум дар дурдастарин нуқтаҳои кишвар низ имкони гӯш кардани радиоро доранд.» Ҷаноби Абдуқаҳҳор ҳамчунин гуфт, мардуми тоҷик одат доранд, киҳамзамон бо гӯш кардани радио корҳои дигарашонро анҷом диҳанд, ки инро намешавад баробар бо тамошои телевизион анҷом дод.

Аммо Музаффар Олимов, роҳбари маркази таҳлилии «Шарқ» мегӯяд, назарсанҷиҳои охир нишон медиҳанд, ки радио дар Тоҷикистон дигар расонаи аз ҳама муҳими иттилоърасонӣ нест: «Тадқиқотҳои охир нишон доданд, ки миёни расонаҳо телевизион дар ҷои аввал баромадааст. Яъне 50 фисади мардум ҳоло иттилоъро аз телевизион мегиранд. 50 фисади боқимонда бошад аз Интернет, радио ва дигар расонаҳо.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Маркази дигари назарсанҷӣ бо номи “Зеркало” дар оғози сол маълум кард, ки 42,5 дарсади шунавандагон дар Тоҷикистон “Садои Душанбе”-ро гӯш мекардаанд ва ин радио маҳбубтарин шабакаи радиоӣ дар кишвар будааст. Мизони маҳбубияти радиои “Тироз” дар Хуҷанд 12,6 дарсад ва радиои “Имрӯз” дар пойтахт 11 фоиз гуфта мешавад. Шунавандаҳо 10 дарсад ба радиои “Ватан” ва 8-дарсадӣ ба радиоҳои “Авис-Плюс” ва “Азия-Плюс” бартарӣ додаанд.

Як қисми маъруфияти радиоро дар Тоҷикистон ҳ бебарқии шашмоҳа низ таъмин мекунад. Бинобар набуди барқ ва хадамоти почта дар минтақаҳо радио ягона воситаи дастраси фаннӣ ба ахбору иттилоъи сареъ боқӣ мемонад. Солеҳ Самиев, як ҷавони тоҷик аз ноҳияи Темурмалик мегӯяд: «Дар қишлоқҷойҳо бештари вақт барқ нест ва мардум бо воситаи батарея ва аккумулятор радиоро ба кор андохта, аз хабарҳои дохиливу хориҷӣ огоҳ мешаванд.»

Солеҳ мегӯяд, худи вай ҳангоми будани барқ низ ба радио бартарӣ медиҳад, вале вақтҳои охир барномаҳои радиоӣ чунон зери селоби реклама мондаанд, ки ба гуфтаи ӯ, "ба дил мезанад." Аммо намояндагони радиоҳои мустақил мегӯянд, реклама дар шароити Тоҷикистон ягона манбаи даромади онҳост ва бидуни реклама ягон расона фаъолият карда наметавонад.

Азорабек Азорабеков, роҳбари департаменти маркетинг ва таблиғоти радиои мустақили «Имрӯз» гуфт : «Радиоҳои хусусӣ аз ҳисоби пахши таблиғ ва барномаҳои сарпарастӣ фаъолият мекунанд. Маҳз аз ҳамин ҳисоб мо маоши кормандонамонро пардохт карда, таҷҳизотҳои нав харидорӣ мекунем.» Аммо ҷаноби Азорабеков афзуд, ки онҳо ҳамеша таносуби вақти реклама ва ахборро риоя мекунанд, то ин ки таблиғоти аз ҳад зиёд шунавандаро дилгир накунад.

7 май дар Тоҷикистон чун рӯзи радио таҷлил мешавад. Ин ид аз муаррифии якумин радиои сохтаи олими рус Александр Попов дар таърихи 7-уми майи соли 1895 оғоз мегирад. Аммо дар Ғарб донишманди амрикоӣ Томас Эдисонро кашшофи радио мешиносанд. Эдисон бори аввал ҳанӯз дар соли 189, яъне 4 сол пештар аз Попов, барои ин кашфиёташ патент гирифта буд.

Имсол, дар Рӯзи радио шабакаи мустақили радиоии «Ватан» ҳам 10-солагии оғози фаъолияташро ҷашн мегирад. Ҳоло дар Тоҷикистон 44 шабакаи радиоиву телевизонӣ амал мекунанд, ки 28-тояш хусусист.
XS
SM
MD
LG