Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Радиои Озодӣ 60-сола шуд


Паёми раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Кевин Клозе дар ҷашни 60-солагии Радиои Озодӣ (Вашингтон 1-уми марти соли 2013)

Паёми раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Кевин Клозе дар ҷашни 60-солагии Радиои Озодӣ (Вашингтон 1-уми марти соли 2013)

Аввалин барномаи тоҷикии Радиои Озодӣ 18-уми марти соли 1953 дар дохили барномаи бахши Осиёи Марказӣ тақдим шуда, ҳамагӣ 10-15 дақиқаро дар бар мегирифт

Радиои Озодӣ, ки ҳадаф аз таъсиси он тарғиби усули демократӣ ва пахши ахбори қобили эътимод, саривақтӣ ва бетараф ба шунавандагон дар паси пардаи оҳанин будааст, 60-сола шуд.

Имрӯз девори оҳанин аз байн рафтааст, вале Радиои Озодӣ яке аз манбаъҳои муҳими ахбор барои мардуми тоҷик ва тоҷикзабонони рӯи олам боқӣ мемонад.

Мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Соҷидаи Мирзо мегӯяд, миссия ё худ вазифаи аслии Радио дар тӯли шаст сол тағйир наёфтааст, вале рақобат барои хонандаву шунаванда хеле шадид асту ҳар расонаи хабарӣ барои ҳифзи мақоми худ бояд мутобиқ ба тақозои замон ва ба истифода аз фанновариҳои муосир қадам гузорад:

Соҷидаи Мирзо

Соҷидаи Мирзо

Албатта имрӯз ҳифзи мақоми худ дар бозори иттилоот хеле душвор шудааст. Боз ҳам хуб аст, ки мо ҳоло аз фанновариҳои муосир бештар аз дигарон истифода мебарем ва метавонем миссияи худро тавасссути ин платформаҳо (интернет, видео, телефонҳои мобил, телевизионҳои моҳвораӣ) низ анҷом бидиҳем. Вазъи мо имрӯз беҳтар аз дигар расонаҳои хабарии Тоҷикистон аст. Вале дар шароити ҳозира мо наметавонем ором бошем, ки мо пешдаст ҳастем. Шояд имрӯз мо пешдаст ҳастем, вале агар барои пагоҳ сармоягузорӣ накунем, фардо дар кунҷи бозор қарор мегирем. Ман бо ҷамъи ҳамкорон дар Прага ва Душанбе бо истифода аз шароите, ки радиои фароҳам овардааст, талош меварзем, ки дар бозор ҷои худро ҳифз кунем ва миссияи худро анҷом дода, бовари хонандаву шунавандаи худро ба даст орем”.

Барномаҳои тоҷикии Радиои Озодиро ҳар шабонарӯз дар давоми нуҳ соат рӯи мавҷи кӯтоҳ, интернет ва ҳамчунон тавассути телевизионҳое, ки ба антеннаи моҳвора пайваст мебошанд, метавон шунид. Бар илова гузоришҳо дар шакли катбӣ навори садо ва видео дар сомонаи Радиои Озодӣ хидмати шунавандагону хонандагони сайти Озодӣ пешкаш мешаванд.

Аммо дар солҳои аввали таъсиси Радиои Озодӣ барномаи тоҷикӣ дар чорчӯби барномаҳои бахши Осиёи Марказӣ ё худ туркистонии Радио Озодӣ пахш мешуданд, ки ҳамагӣ чанд дақиқаро дар бар мегирифт.

Ислоҳоти воқеии барномаи тоҷикии Радиои Озодӣ дар соли 1975 ба вуқӯъ пайвастааст. Хабарнигори маъруфи тоҷик ва собиқ котиби масъули рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” Даниэл Маркиел, ки дар Радиои Озодӣ бо номи Музаффар Орифӣ шӯҳрат пайдо кардааст, баъди ҳиҷрат аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1973 ба Радиои Озодӣ даъват шуд.

Аввалин пешниҳоди ӯ ба ҳайси масъули гузоришҳои тоҷикӣ аз ҳам ҷудо кардани бахшҳо будааст, ки аз тарафи раҳбарони амрикоии Радио ба хубӣ пазируфта шудааст:

Музаффар Орифӣ (Даниэл Маркиел)

Музаффар Орифӣ (Даниэл Маркиел)

Мо масъала гузоштем, ки шӯъбаи тоҷикӣ ҷудо шавад, зеро забони тоҷикӣ аз забонҳои туркӣ фарқ дорад. Барномаи тоҷикӣ он замон ҳамагӣ 10-15 дақиқаро ташкил медод, ки асосан тарҷумаи гузоришҳои узбакиву қазоқӣ буданд. Дигар барнома чизе надошт. Маъмурияти амрикоӣ розӣ шуд, аммо баъзе ҳамсояҳо шӯру ғавғо ҳам бардоштанд, ки мақсади онҳо чист? Мабодо дасти Маскав бошад? Аммо раҳбарон фаҳмаиданду моро дастгирӣ карданд. Ҳамин тариқ шӯъбаи тоҷикӣ аввалин дар байни бахши умумии Осиёи Марказӣ ҷудоӣ андохт. Барномаи мо пешрафт карду барои шӯъбаҳои Осиёи Марказӣ намуна шуд.”
Ҷаноби Маркиел хушҳол аст, ки дар солҳои бозсозӣ ва баъдан дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон тавонистааст, чандин хабарнигори тоҷикро ба кор дар Радиои Озодӣ ҷалб намуда, дар барномаи тоҷикии Радиои Озодӣ аз дохили кишвар гузоришҳои тоза дарёфт ва пешкаши шунавандагон кунад.

Дар соли 1995 Радиои Озодӣ аз Мюнхени Олмон ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех кӯч баст ва раҳбарии шӯъбаи тоҷикиро Аббоси Ҷаводӣ бар ӯҳда гирифт.

Ӯ мегӯяд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Радиои Озодӣ кӯшиш намуд, тарафҳои даргиррро канори ҳам орад ва ин саҳми Радиои Озодиро ҳатто СММ низ эътироф кардааст:

Аббоси Ҷаводӣ

Аббоси Ҷаводӣ

Ман фикр мекунам дар он давр вазифа коҳиши таниш ва ташаннуҷ миёни тарафҳо ва эҷоди назму оромӣ буд, то ҳар касеву ҷонибе нафаси амиқ кашида, фикр кунад, ки дар ҳар ду тараф тоҷик бар зидди тоҷик меҷангад. Ҳар ду тараф тоҷик ҳастанд. Барои кишвар эҷоди муҳити оромиш ва муҳити ҳозир будан ба шунидани ҳамдигар зарур буд. Миссияи мо табиатан ин буд, ки мо дар Тоҷикистон ҷои пой дошта бошем. Мехостем шӯъбаи мо дар Душанбе кушода шавад ва ба ин кор ҳам муваффақ шудем. Шояд иштибоҳ ҳам доштем, вале ба фикрам кори хуби мо бештар буд. Ба назарам тӯҳфаи мо ба сулҳу оромиши Тоҷикистон маҳз ҳамин буд. Ба фикрам дар эҷоди сулҳу тафоҳум мо саҳми бузурге доштем.”

Дар солҳи 1976 Радиои Озодӣ бо Радиои Аврупои Озод муттаҳид шуд. Ҳоло 28 бахши Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ ба 21 кишвари олам барнома пахш мекунанд. Дар шаҳри Прага ва 19 шӯъбаи он дар кишварҳои мухталиф 400 рӯзноманигори штатӣ ва 750 хабарнигор ифои вазифа мекунанд. Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ яке аз бузуртарин васоити ахбори умум дар саросари дунё ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG