Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

30 соат барномаҳои "Пойтахт" дар ҳаво монд


Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раиси шабакаи телевизионии "Пойтахт".

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раиси шабакаи телевизионии "Пойтахт".

Телевизиони “Пойтахт” натавонист ҳудуди 30 соат барномаҳои вижаи бахшида ба "Рӯзи Модар"-ро ба самъи тамошобинон бирасонад.

Масъулини “Пойтахт” мегӯянд, тӯл кашидани тармими фиристандаи барномаҳои шабака шубҳаи онҳо дар бораи ба иллати мушкили фаннӣ қатъ шудани пахши барномаҳои “Пойтахт”-ро бештар мекунад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раҳбари ин шабака рӯзи 8 март ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди дастрас шудани қисмҳои эҳтиётӣ фиристандаи “Пойтахт” аз сӯи мутахассисони”Тоҷиктелерадиоком” – танҳо ширкати масъули пахши барномаҳои радиоиву телевизионии Тоҷикистон – то ҳол тармим нашудааст.

Ҷаноби Абдуқаҳҳор зикр мекунад, ки ҳатто мутахасисони ширкати «Телерадиоком»таи чанд рwз аст,ки пайдо намекунад ва онҳо ҳатто гушии телефонро намебардонад.

«Ҳоло мо намедонем, ки таъмири ин фиристанда аз куҷо ба куҷо расидааст ва кай бояд ба анҷом расад, мо ду дона қисми заруриро аз Украина дастрас кардем, ҳарчанд ки дар қарордоди дуҷониба “Телерадиоком” муваззаф аст, ки ин масъулиятро иҷро кунад,» - меафзояд Абдуқодири Абдуқаҳҳор.

Телевизони «Пойтахт» тибқи қарордод барои назорати фиристандааш ба ширкати «Телерадиоком» 12 ҳазор сомонӣ медиҳад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор мегӯяд, тӯл кашидани тармими фиристанда барои телевизиони «Пойтахт» боиси ҳам гум кардани бинандаҳо ва ҳам коҳиш ёфтани ширкатҳои рекломдиҳанда мешавад. Масъулони «Пойтахт» қасд доштаанд, дар сурати идомаи чунин вазъият ҳафтаи оянда як баёнияи матбуотӣ нашр кунанд.

Дар ҳамин ҳол Файзулло Солиҳов, муовини раиси ширкати «Телерадиоком» ба радиои Озодӣ гуфт, ки мутахассисони онҳо ҷиддан дар пайи таъмири фиристандаи телевизиони «Пойтахт»-анд ва ҳама талошро ба харҷ дода истодаанд, ки ҳар чӣ зудтар пахши барномаҳои ин шабака аз сар гирифта шавад.

Пахши барномаҳои телевизиони «Пойтахт», ки ба шаҳрдории Душанбе марбут аст, шоми 25-уми феврал, замоне қатъ шуд, ки сӯҳбати шоираи маъруф Гулрухсорро пахш мекард. Ин шабака аз моҳи ноябр соати барномаҳояшро ба 18 соат дар шабонарӯз расонда, қасд дошт, ки имсол пахши барномаҳояш тавассути моҳвораро низ ба роҳ монад. Аммо «сӯхтан»-и фиристандааш «Пойтахт»-ро инак қариб ду ҳафта шудааст, ки аз эфир маҳрум кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG