Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаҳои нодори Тоҷикистон андаке «сарватманд» шудаанд


Як таҳқиқи нави саросарӣ нишон додааст, ки хонаводаҳои Тоҷикистон дар соли гузашта андаке «сарватманд» шудаанд ва даромаду хароҷоташон ҳам афзудааст.

Соли 2014 даромади ҳар як узви хонавода дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 323 сомониву 60 дирамро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба даромади онҳо дар соли 2013-ум 30 сомонӣ бештар аст.

Оҷонси омори тобеи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябр натиҷаи таҳқиқи буҷаи хонаводаҳоро нашр кард, ки нишон медиҳад, даромади мардуми кишвар сол ба сол меафзояд, аммо айни замон пуле, ки онҳо меёбанд, аксаран харҷи зиндагии рӯзмарра мешавад ва барои рӯзи мабодо бисёр кам мемонад.

Табиист, ки мардуми шаҳрнишини Тоҷикистон назар ба мардуми русто даромади хубтар доштаанд, вале таҳқиқ нишон додааст, ки тафовут байни хонаводаҳои шаҳриниш ва аҳолии деҳот бисёр зиёд нест. Дар шаҳр даромади ҳар узви хонавода ба ҳисоби миёна 339 сомониро ташкил медиҳад, вале дар хонаводаҳои рустоҳо ин рақам 31 сомонӣ камтар буда ва 308 сомонӣ мерасад.

Оҷонси омор мегӯяд, ҳар сол барои маълум кардани сатҳи зиндагӣ ва таъминоти моддии аҳолӣ, буҷаи 3000 хонаводаро дар саросари Тоҷикистон ва аксаран дар рустоҳо таҳқиқ мекунад, чун ин омор барои барномарезиҳои иқтисодӣ ва рехтани стратегияҳои иқтисодӣ бисёр муҳим аст.

Ба гуфтаи Оҷонси омор, даромаде, ки хонаводаҳои Тоҷикистон ба даст меовардаанд, асосан аз ҳисоби «меҳнати ҳалоли» худашон будааст. Дар таркиби даромади хонаводаҳо тақрибан 143 сомонӣ аз ҳисоби музди кор, 30 сомонӣ аз ҳисоби имтиёзҳои иҷтимоӣ ва нафақа ва 35 сомонӣ аз ҳисоби боғу полез ва 93 сомонӣ аз манобеи ғайр будааст.

Аз ҳамон даромади умумӣ, яъне бештар аз 323 сомонӣ, ки ҳар узви хонаводаи Тоҷикистон ба даст меовардааст, 290 сомонии он харҷи хӯроку либосу дигар ниёзҳо мешудааст ва танҳо 30 сомонии онро пасандоз мекардаанд ва ё барои рӯзи мабодо мегузоштаанд.

Бисёре аз даромади хонаводаҳои Тоҷикистон барои «шикам» сарф мешудааст ва тақрибан 159 сомониро ҳар узви хонаводаи тоҷикистонӣ барои хариди нону ширу гӯшту дигар маводи ғизоӣ сарф мекардааст. Оҷонси омор ҳамчунин ҳисоб кардааст, ки аҳолии Тоҷикистон моҳона барои истеъмоли машрубот ба мисли шароб, пиво, арақ ва ё дигар анвои машрубот ба ҳисоби миёна 24 дирам харҷ мекардаанд.

Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографӣ ва шуғли аҳолии оҷонсии омори Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

Таҳқиқи ҳамёни аъзои хонаводаҳои Тоҷикистон мушоҳидаҳо ва ин нигарониҳоро бо омору арқом собит мекунад, ки шикоф ва ё тафовути хатарнок байни хонаводаҳои фақир ва доро дар кишвар бисёр бузург аст.

Масалан соли 2014 ҳар як узви хонаводаи ба таъбири Оҷонси омор «аҳолии бештар таъмин» 812 сомонӣ ва ё бештар аз 120 доллар даромад доштааст, вале даромади «аҳолии камтаъмин» ва ё ба ибораи дигар фақир, фақат 56 сомониро ташкил додааст, ки 10 доллар ҳам намешавад. Омори мазкур бар асоси ҳисоби даромади бештар аз 400 хонаводаи доро ва нодор ба даст омадааст.

Соли равон Оҷонси омори Тоҷикистон меъёри арзёбии камбизоатиро тағйир дод ва гуфт, ки дар маҷмӯъ ҳар нафаре, ки дар як моҳ ҳам барои озуқа, либос ва дигар ниёзҳояш 158 сомону 71 дирам масраф мекунад, камбизоат шумурда мешавад.” Ба ибораи дигар, дар миёни 8 миллион нафар аз аҳолии кишвар бештар аз 2,5 миллион нафар дар як моҳ барои хӯрдану пӯшидан ва бароварда кардани дигар ниёзҳояшон то 158 сомонӣ пул масраф мекардаанд ва камбизоат шумурда мешаванд. Аз ин пеш онҳое дар Тоҷикистон камбизоат шумурда мешуданд, ки бар тибқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯзона то 2.5 доллар барои зиндагӣ харҷ мекарданд. Вале айни замон эътимод ба ҳисобҳои оморӣ дар Тоҷикистон зиёд нест, чун худи мақомоти баландпоя аз изофанависӣ ва бардурӯғ нишон додани омор борҳо шикоят кардаанд. Гузашта аз ин порлумони Тоҷикистон қонунеро ҳам қабул кард, ки бар асоси он барои нишон додани омори бардурӯғ ҷазо таъйин шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукумат ният дорад, дар соли 2015 сатҳи камбизоатиро ба 30 дар сад поин орад.

Аммо бӯҳрон дар Русия, кам шудани ҷойи корӣ дар онҷо ва ҳамингуна кам шудани даромади бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик, ки ноноварони асосии хонаводаҳо ба ҳисоб мераванд, ба эҳтимоли ғолиб натиҷаҳои таҳқиқи даромаду хароҷоти хонаводаҳои Тоҷикистон дар соли 2015-ро тағйир медиҳад.

XS
SM
MD
LG