Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

CММ: “Ҳанӯз сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон болост”


Роҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфтаст, бо вуҷуди рушди иқтисод, ин кишвар “дар сатҳи камбизотии ниҳоят боло” боқӣ мондааст.

Александр Зуев, раҳбари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар як сӯҳбаташ бо радиои СММ гуфтааст, Тоҷикистон пас аз поёни ҷанги шаҳрвандӣ шоҳиди рушди иқтисод шуд ва дар 10 соли охир мизони фақр аз 82 дарсади қаблӣ то ба 34 дарсад коҳиш ёфт. “Аммо то ҳол сатҳи камбизотӣ дар ин кишвар хеле боло аст”−иброз доштааст ӯ.

Ба таъкиди ҷаноби Зуев, дар Тоҷикистон на ҳама бандҳои “17 Ҳадафи рушди устувор иҷро шудаанд”, ки онро кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид таҳия карда буданд ва барои иҷрои пурраи он ӯҳдадор шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон қабл аз ҳама бандҳои 3−ум 7−ум ва 16−уми Ҳадафҳои рушди устувор иҷроношуда боқӣ мондаанд.

Банди 7−уми ин ҳуҷҷат марбут ба маргу мири модарон ва кӯдакон дахл дорад, ки ба гуфтаи Зуев дар Тоҷикистон дар ин самт пешравӣ ба назар мерасад, аммо ҳанӯз талаботҳои ин банди Ҳадафи рушди устувор пурра иҷро нашудаанд, чунки марги модарону тифлони навзод дар кишвар ҳамоно зиёд будааст.

Банди 7−уми Ҳадафи рушди ҳазорсола бошад ба дастрасии мардум ба барқ тааллуқ дорад. Зуев мегӯяд, талаботи аҳолии Тоҷикистон ба барқ пурра қонеъ нашуда ва дар ин масъала ин кишвар ба рушди чашмрасе ноил нашудааст. Ӯ гуфтааст, “мутаассифона, дар 5−6 соли охир вазъият душвор боқӣ монда, дар фасли зимистон мардуми деҳот ҳамагӣ 2−3 соат барқ мегиранд”.

Дар идомаи сӯҳбат Зуев гуфтааст, банди 16−уми Ҳадафҳои рушди устувор, ки марбут ба мустақилияти додгоҳ, дастрасии мардум ба адолати судӣ ва кафолати рияои ҳуқуқи инсон низ дар Тоҷикистон ҳамоно масъалаи мубрам аст ва талаботи ин банд ҳам иҷроношуда боқӣ мондаанд.

Ба таъкиди Зуев барои Барномаи рушди СММ ва дигар созмонҳои кӯмакрасон дастрасии мардум ба адолати судӣ ва риояи ҳуқуқи инсон дар авлавият қарор дорад ва барои таъмини ҳуқуқи инсон ва ба вуҷуд овардани мустақилияти додгоҳ онҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон бештар ҳамкорӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG