Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

500 гадо дар кӯчаҳои Душанбе. Пешниҳоди Убайдулло Раҷабов


Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Убайдулло Раҷабов дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе пешниҳод кардааст, ки гадоҳоро дар пойтахти Тоҷикистон ҳисобу китоб кунанд ва барои мардуми талбанда дар ҳамаи 4 ноҳияи Душанбе ошхонаоҳи махсуси хайрия ташкил кунанд.

Ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик Убайдулло Раҷабов дар ҷаласаи рӯзи 20 сентябри шаҳрдории Душанбе пешниҳод кардааст, ки шаҳрдорӣ тамоми талбандаҳоро дар пойтахт ҳисобу китоб ва аз ин роҳ маълум кунад, ки чанд нафари онҳо аз худи Душанбеанду чандеаш – аз манотиқи дигар омадаанд?

Убайдулло Раҷабов ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар ҳамаи 4 ноҳияи шаҳри Душанбе барои мардуми талбанда ошхонаҳои хайрия таъсис бидиҳанд ва ин мардуми ниёзмандро бо хӯроки гарми бепул таъмин кунанд.

Убайдулло Раҷабов баъди ин ҷаласа дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Озодӣ гуфт, аз пешниҳодҳои ӯ дар ҷаласаи шаҳрдорӣ хуб истиқбол шудааст. Ба гуфтаи оқои Раҷабов, ҳар боре ки дар Душанбе ҷашну нишастҳои муҳим баргузор мешаванд ва меҳмонони зиёде ба Душанбе меоянд, теъдоди зиёди гадоҳо дар кӯчаҳои пойтахт, бахусус дар назди масҷидҳову бозорҳо, касро хиҷил мекунад.

Ҳунарманди маъруф гуфт, мақомот бояд илоҷи инро биёбанд – ё бо роҳи ташкили шароити хуб барои мардуми талбанда, ё бо роҳи ба маҳаллҳои зисташон пас фиристодани онҳо.

Сардори раёсати корҳои дохилии пойтахти Тоҷикистон Саид Ҷӯрахонов, ки низ дар ин ҷаласа ҳузур доштааст, гуфтааст, ба ҳисоби онҳо, дар кӯчаҳои Душанбе тақрибан 500 нафар гадоӣ мекунанд, ки аз ин ҳисоб танҳо нисфаш, яъне ягон 250 нафар сокинони худи Душанбеанд.

Тавре хабарнигор Раҷаби Мирзо, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук навиштааст, ҳамчунин дар ин ҷаласа дар ҳузури шаҳрдор Муҳаммадсаид Убайдуллоев пешниҳодҳои дигаре, чун ташкили як паногоҳгоҳи махсус (приют) барои сагу гурбаҳои дайдуву манъи паррондани онҳо ва боло бурдани нархи тоза кардани партовҳо ва аз ин роҳ беҳтар кардани хидматрасонӣ дар ин ришта садо додаанд, вале таваҷҷӯҳи бисёриҳоро маҳз пешниҳоди Убайдулло Раҷабов дар бораи ҳисобу китоби талбандаҳо ва таъсиси ошхонаҳои хайрия барои ин мардум, ки дар поёни ҷаласа ироа кард, ба худ кашид.

Пешниҳоди Убайдулло Раҷабов баҳси гармеро дар поварақи матлаби Раҷаби Мирзо ба бор овардааст. Ҷоник Сафарзода аз ҷумла навиштааст, “барои 500 гадои кӯчак Ҳотами Тойро зинда кардан даркор, чунки вряд-ли аз Душанбе Ҳотами Той ёфтан мумкин. Барои сагони қади кӯча приют будааст. Бигзор дар кӯчахо сайругашти худро идома диҳанд, агане вряд-ли ба онҳо шикамсерӣ хӯрок диҳанд дар он приют...”

Исфандиёри Назар навиштааст, “пешниҳоди Убайдулло Раҷабов воқеан инсониву ҷолибу боиси дастгирист!” Аммо дар идома бо дард афзудааст, “... вақте инсонҳо камтар аз саг арзиш доранд, дигар ҷои баҳс боқӣ намемонад!” Ба ақидаи Раҳмон Назаров, «албатта, кушодани ошхона барои гадоҳо,бесарпарастону бе хонаву дар(бомжҳо) кори савоб аст! Вале ин масъала аз бюҷети шаҳрдорӣ ҳаллу фасл бояд шавадҷ Ваё боз кадом ошхонадореро ХУДО зад гӯем? Зеро,амалдорони мо чунин одатро доранд!)))»

Ҳикматёри Ҳиктматзод бо танз навиштааст, «ТАМОМИ ҚИШЛОҚИҲОИ БЕКОРИ БЕҚАЙД АЗ ШАҲР БАРОВАРДА ШАВАДУ БАРОИ МАРДИКОРОН МЕҲМОНХОНАИ МАХСУСИ БО ОБУ БАРҚ ТАЪМИН СОХТА ШАВАД . Гадоҳоро ҳисоб намуда, аз онҳо андоз ситонида шавад!!!»

Ба назари Ромишҷони Фазлиддин, «ростӣ, дар шаҳр гадоӣ кардан барои як қишри ҷомеа амали маъмулӣ шудааст. Инҳоро пайвандонашонро ёфта супоридан даркор.» Нуралӣ Шоев афзуда, ки «агар дар шахр барои талбандахо ошхонахахо боз шаванд. Нисфи шахр талбанда мешавад.»

, 28Nov2009

, 28Nov2009

Наргис Расулова низ тақрибан айни назарро додааст: Дар воқеъ зиёд будани талбандаҳо дар шаҳр боиси хиҷолат аст. Бахусус аз меҳмонони шаҳр хиҷолат мекашам. Роҳи ҳалли онро бояд дарёфт. Фикр мекунам, аксари онҳо ба хӯроки гарми ошхона қаноат намекунанд. Барояшон пули нақде, ки бемеҳнат ба даст меоранд, қулайтар аст. Бояд коре кунем, ки шумораашон дар шаҳр кам шавад.»

Ҳикматёри Ҳикматзод дар посух ба ин баҳсҳои гарм ба ҳама, аз ҷумла ба шаҳрдорӣ машварат додааст, ки: «коре кунед ки мардуми оддӣ аз натиҷаи он хурсанд шаванд, на баракс!!!» Ва ин ҳама баҳсҳоро Ҷоник Сафарзода бо як ҷумла хулоса кардааст ки «то он вақте ки камбизоатӣ пешгирӣ карда нашавад, ин орзуҳои шаҳрии ҳама дар рӯи қоғаз мемонад…»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG