Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Душанбе дар рӯнамои “Гузоришномаи иқтисоди Тоҷикистон”, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ омода шудааст, аз чолишҳои иқтисоди Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, рушди иқтисоди Тоҷикистон суст шуда, аз шок ё таконҳо осеб мебинад ва бо хатарҳои дохиливу хориҷӣ рӯ ба рӯст.

Бино ба ин гузориш, нимаи аввали соли 2014 рушди иқтисодии Тоҷикистон аз 7,5 дарсади соли гузашта ба 6,7 дарсад коҳиш ёфтааст, зеро дар тамоми соҳаҳои иқтисод кундии фаъолият ба назар мерасад.

Кундии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва коҳиши қимати пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба содироти Тоҷикистон таъсир карда, бино ба гузориш, онро аз 7 фоизи афзоиши соли гузашта ба 3 дарсад поён овардааст. Камшавии ҳаҷми интиқоли маболиғи муҳоҷирини корӣ аз Русия, ки бино ба ҳисобҳои Бонки ҷаҳонӣ, 2 дарсадро ташкил додааст, талаботи дохилиро кам карда, рушди соҳаҳои хизматрасонӣ ва сохтмонро коҳиш додааст. Аммо, бино ба ин гузориш, бо он вуҷуд, ки ба сабаби бориши аз меъёр зиёд ва ҳавои сард ҳосил хуб нашуд, афзоиши истеҳсоли маводи кишоварзӣ дар ҳаҷми 6 дарсади соли пеш боқӣ монд.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки дар натиҷаи коҳиши рушди иқтисодӣ дар Русия ва фурӯши маҳсулоти содиротӣ афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохили (ММД) - и Тоҷикистон 6,5 дарсад дар соли 2014 пешбинӣ мешавад. Бонк осебпазирии идоракунӣ дар бахши молиявӣ, мушкилоти молиявии корхонаҳои давлатӣ, раванди заифи барқароршавии нархҳои алюминий ва пахта, идома ёфтани кундшавии рушди иқтисодии шарикони асосии тиҷорати Тоҷикистонро хавфҳои асосӣ дар ояндаи наздик унвон кардааст.

Патрисия Виверз – Картер, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ки дар расми муаррифии гузориш ширкат дошт, гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз хавфҳо ҳукумати Тоҷикистон бояд барномаи фарогири ислоҳоти сохторӣ ба хотири беҳтар намудани фазои сармоягузориро рӯи даст гирифта, мушкилот дар бахшҳои давлатӣ ва молиявиро ҳал кунад. Мавсуф гуфт, ин пойдевори муҳим барои расидан ба ҳадафи рушд ва паст кардани камбизоатӣ аст.

Мария Баканова, иқтисоддони аршади Бонки ҷаҳонӣ, дар ин нишаст гуфт, Тоҷикистон қабл аз ҳама бо Русия, сипас Қазоқистон, Туркия, Чин ва Аврупо робитаҳои мутаҳками иқтисодӣ дорад, аз ин хотир, ба хотири коҳиш додани таъсири кундии рушд ба ин кишварҳо бояд буферҳои буҷетӣ ва берунаашро тақвият бахшад.

Дар ҳамин ҳол, Нарзулло Ҳабибуллоев, сарвари департаменти буҷети Вазорати молияи Тоҷикистон, ки низ дар ин нишаст ширкат дошт, баъзе аз нукоти гузоришро таҳти суол қарор дод. Вай гуфт, вақте Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохили Тоҷикистон 6,5 дарсад аст, ин ба он маъно набояд бошад, ки дар қиёс бо соли гузашта коҳш ёфтааст, зеро иқтисоди ҳар кишвар сол ба сол рушд мекунад ва ба мисол 2 миллиард доллари имсолро наметавон ба ҳамин миқдор маблағи соли 2013 баробар донист. Вай ҳамчунин дар мавриди коҳиши интиқоли маболиғи муҳоҷирин ин нуктаро зикр кард, ки теъдоди чашмраси шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз кортҳо истифода мекунанд ва маболиғи ин кортҳо дар омори бонкҳо нест, зеро дар Бонки Русия қарор доранд ва онро метавон аз Тоҷикистон ҳам дастрас кард.

Айни замон 13 лоиҳаро ба маблағи 220, 6 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Ҳиссаи бузурги он ба соҳаи рушди шаҳру деҳот ва иҷтимоъ (21%), бақия ба кишоварзӣ (18%), энергетика (16%), бахши давлатӣ (10%), муҳити зист ва захираҳои табиӣ (7%), тандурустӣ, ғизоъ ва аҳолӣ (7%) маориф (7%), таъмини об (7%) тиҷорат (5%), ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғл (2%) ихтисос ёфтааст.

Тоҷикистон аз соли 1993 ба Бонки ҷаҳонӣ шомил шуда, аз соли 1996 то ба имрӯз ҳудуди 843 миллионов доллар кӯмак гирифтааст. Бонки ҷаҳонӣ яке аз ниҳодҳои кредитори Тоҷикистон низ маҳсуб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG