Пайвандҳои дастрасӣ

Пайвандони Ҳусайнӣ мегӯянд, ки як моҳ боз аз ҳоли ӯ хабар надоранд


Пайвандони Саидумар Ҳусайнӣ, муовини авали раиси ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, ки бо гузашти як моҳ наметавонанд аз аҳволи ӯ бохабар шаванд.

Хонаводаи Саидумар Ҳусайнӣ, вакили пешини парлумони Тоҷикистон ва муовини аввали раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, ки аз боздошти ӯ беш аз як моҳ мегузарад, вале онҳо натавонистаанд бо чашмони худ ӯро бубинанд ва аз аҳволаш бохабар шаванд.

Муҳаммадиқбол, писари Саидумар Ҳусайнӣ, 20 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди пешниҳоди дархостнома ба унвони масъулони тафтишоти парвандаи падараш, то ҳол иҷозаи мулоқот бо ӯро надодаанд. Муҳаммадиқбол мегӯяд, ҳар ҳафта барои падараш ғизо ва либос мебаранд ва аз дарун посухи ӯро бо имзояш мегиранд.

Писари Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, ки вакилони мудофеъ низ баъд аз махфӣ шудани парвандаи падараш дар бораи ҷузъиёти тафтишот хабар намедиҳанд ва маълум нест, ки бо ӯ чӣ мегузарад. "Ҳатто агар падарам ҷинояткор ҳам бошад, бояд иҷозат диҳанд, ки аз аҳволи вай бохабар шавем. Бояд дилпур бошем, ки саломаташ хуб аст ва ба чӣ ниёз дорад," -- афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки Ҳусниддин Нидоев – муовини раиси яке аз шӯъбаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, наздикони афроди гумонбар ба терроризм ва экстремизм то замони анҷоми пурраи тафтишот ҳаққи дидор бо онҳоро надоранд. Вале ба гуфтаи ҷаноби Нидоев, дар айни замон муфаттиш ин ҳуқуқро дорад, ки мулоқоти шахси гумонбар бо наздиконашро ташкил кунад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки Саидумар Ҳусайнӣ -- муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳангоми кӯшиши парвоз ба Алмаатои Қазоқистон рӯзи 16 сентябр дар дохили ҳавопаймо боздошт шуд. Ин хабарро он замон Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, ки он замон ҳанӯз боздошт нашуда буд, ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард.

Аммо чанд рӯз баъдтар Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои боздоштшудаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз қавли вакилони дифои Саидумар Ҳусайнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вакили пешини парлумони Тоҷикистон на аз ҳавопаймо, балки тавассути кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохилӣ аз хонааш боздошт шуд. Бузургмеҳр Ёров, ки худ низ рӯзи 29 сентябр боздошт шуд, он замон гуфта буд, пас аз он ки Саидумар Ҳусайнӣ пешниҳоди мақомотро барои даст кашидан аз узвияти ҲНИТ рад кард, мавриди латту кӯб қарор гирифта, ба СИЗО интиқол ёфтааст.

Рӯзҳои 16 ва 17-уми сентяри соли ҷорӣ мақомоти тоҷик 13 узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла Саидумар Ҳусайниро ба иттиҳоми даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода боздошт карданд.

Ҳамагӣ чанд рӯз баъд, Додгоҳи олии Тоҷикистон бо пешниҳоди Додситонии кулл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон намуд. Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки дар ҳоли ҳозир парвандаи 23 узви раёсати ҲНИТ зери баррасӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG