Пайвандҳои дастрасӣ

Писари Воҳидхон Қосиддинов аз боздошт раҳо шудааст


Акси Воҳидхон Қосиддинов

Акси Воҳидхон Қосиддинов

​Писари Воҳидхон Қосиддинов, муовини раиси ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, баъди бист рӯзи боздошт ва бозпурсияш раҳо шудааст. Худи Воҳидхон Қосиддинов ҳанӯз дар боздошт ба сар мебарад.

Фаррух Қосиддинов, писари Воҳидхон Қосиддинов – муовини раиси ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳамроҳ бо падараш дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара боздошт шуда буд, раҳо гардидааст. Як манбаи наздик ба хонаводаи Воҳидхон Қосиддинов ин хабарро рӯзи 10 октябр ба Радиои Озодӣ таъйид кард, аммо аз шарҳи бештари озодии Фаррух худдорӣ намуд. Манбаи дигари Радиои Озодӣ низ гуфт, ки Фаррухро дар Душанбе дидааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон то ҳол ин хабарро тасдиқ накардаанд. Худи Воҳидхон Қосиддинов ҳанӯз дар боздошт ба сар мебарад.

Аз замони боздошти раҳбарону фаъолони ҳизби, инак, мамнӯи наҳзати исломӣ, аз нимаи дувуми моҳи сентябр то кунун ин раҳоии аввалин ба ҳисоб меравад. Мақомоти интизомӣ Фаррух Қосиддиновро шаби 16 ба 17 сентябр бо худ бурда буданд. Ҳикматулло, бародари ӯ, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "соатҳои 11-12-и шаб афроде вориди манзили Фаррух шуда, ӯро аз хоб бедор карда бурданд. Баъдан соатҳои 2-и шаб падарамро боз чанд нафар омада гирифта бурданд".

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳафтаи гузашта эълон кард, ки 23 тан аз раҳбарону фаъолони ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, Воҳидхон Қосиддинов, Маҳмадалӣ Ҳайит, Зарафо Раҳмонӣ, Абдуқаҳҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода ва дигарон боздошт ва таҳқиқи парвандаашон идома дорад. Дар эъломияи Додситонии кулли Тоҷикистон, ки 6 октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки теъдоди муайяни аъзои гурӯҳи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо лақаби Ҳоҷӣ Ҳалим низ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Додситонии кулл мегӯяд, алайҳи ин афрод ба иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноӣ), барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз карда шудааст.

Ба дунболи ҳодисаи ҳамла ба биноҳои пулис дар Душанбе ва Ваҳдат, ки мақомот муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзодаро ба даст доштан дар он муттаҳам карданд, фишорҳо алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ низ бештар шуд. Амалиёт алайҳи Назарзода ва афродаш рӯзи 16 сентябр дар дараи Ромит ба поён расид ва худи ҳамон рӯз ва як рӯз баъд, бо дастури Додситонии кулл 13 узви Раёсати олии ҲНИТ ба иттиҳоми даст доштан дар ин ошӯб, боздошт шуданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар қатъ намуд. Ҳабсу боздошти аъзои ҲНИТ баъд аз созмони террористӣ эълон шудани он идома дорад ва хонаводаҳои пайравони ин ҳизб, аз боздошту таъқиби наздикони худ иттилоъ медиҳанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулл мегӯянд, аъзои собиқи ҳизби наҳзати исломӣ ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳанд шуд, агар онҳо ба фаъолият ва таблиғи ақидаҳои ҳизб идома надиҳанд.

Қаблан Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар як баёния аз саркӯби мухолифони мӯътадили мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва поймол шудани ҳуқуқи инсон дар ин кишвари пасошӯравӣ изҳори нигаронӣ карда, сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, исёни Абдуҳалим Назарзода набояд баҳонае барои саркӯби бештари мухолифон бишавад.

XS
SM
MD
LG