Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки ба иллати рабт доштани қазияи Бузургмеҳр Ёров бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон талаби раҳоии ӯ зоҳиран беҷавоб хоҳад монд.

Дар ҳоле ки созмонҳои ҳуқуқи башар хостори озодии Бузургмеҳр Ёров шудаанд, таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки қазияи боздошти ӯ ба ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ рабт дорад ва гумон аст, ки дар ин шабу рӯз ин вакили дифоъ раҳо шавад. Ба қавли як гурӯҳи таҳлилгарон, ҳоло барои ҳукумати Тоҷикистон дар қадами аввал масъалаи таъмини амният қарор дорад ва онҳо ба хотири ҳифзи субот ҷилави хурдтарин нафари зери шубҳаашонро сар нахоҳанд дод.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъ, ки аз ҳақи 13 узви боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоят мекард, рӯзи 28 сентябр ба қаллобӣ ва сохтакорӣ муттаҳам ва аз сӯи вазорати корҳои дохилӣ дастгир шуд. Бино ба қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯ то анҷоми тафтишот ду моҳ дар боздоштгоҳ хоҳад монд.

Рӯзи 7 октябр шаш созмони байналмилалии ҳуқуқи башар - Ҳюман Райтс Вотч, Амнести Интернешнл, Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна, Ҳамкории байнулмилалӣ барои ҳуқуқи башар, Кумитаи Ҳелсинки ва Paris Bar - аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки вакили боздоштшуда Бузургмеҳр Ёровро билофосила озод кунанд ё иттиҳомоти боэътимод ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ пешниҳод намоянд. Инчунин тақозо шудааст, ки дастрасии хонаводаи ӯро бо вакили дифоъ таъмин кунанд. Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст, ки боздошти Бузурмеҳр Ёров ангезаи сиёсӣ дошта, ӯ чорумин вакили дифои тоҷик аст, ки бо ин ангеза таъқиб ва зиндонӣ мешавад.

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нашри чунин изҳоротро танҳо аз ҷониби созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар муассир намедонад. Ӯ мегӯяд, агар ба ин қазия созмонҳои байналмилалии пурнуфузе, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, таваҷҷӯҳ намоянд, шояд вазъ тағйир ёбад. Муллоҷонов мегӯяд, то ҳол ба ҷуз аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон то имрӯз ҳеч як созмони дигари муътабари ҷаҳонӣ ба ҳимояти ҳуқуқшинос садо баланд накардааст. Эҳтимол онҳо дар қадами баъдӣ, дар пайи созмонҳои ҳуқуқи инсон изҳорот пахш кунанд. Вале мегӯяд ин таҳлилгар, мусаллам аст, ки қазияи боздошти Ёров аз парвандаҳои "Зайд Саидов ва аъзои ҲНИТ фарқ мекунад. Зеро Бузургмеҳр ҳуқуқшинос аст ва ӯ шахси бетараф маҳсуб меёбад”.

Ба таъкиди Парвиз Муллоҷонов, барои ҷомеаи байналмилалӣ қазияи боздошти Бузургмеҳр Ёров аз он хотир ғайриодист, ки ӯ ба ҳайси ҳуқуқшинос вазифадор буд, новобаста ба узви кадом ҳизб ва ё ҳаракат будан аз ҳаққи афроди боздоштшуда ҳимоят намояд. Вақте, ки Ёров боздошт шуд, 13 тан аз аъзои Раёсат ва фаъолони ҲНИТ бо айбномаи ҳамкорӣ бо гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дар боздошт буданд ва Бузургмеҳр Ёров бо дархости пайвандони бархе аз ин афрод ба таври ройгон ба дифои боздоштшудагон иқдом карда буд. Яке аз аввалин изҳороти ӯ ин буд, ки Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Вазорати умури дохилӣ мавриди латту кӯб ва фишор қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз гуфтугузорҳо низ вуҷуд дорад, ки боздошти Бузургмеҳр Ёров, сарнавишти 23 раҳбар ва узви раёсати олии ҲНИТ-ро ки феълан дар СИЗО ба сар мебаранд, зери соя бурдааст. Дар ҳоле ки Додситони кулли Тоҷикистон аллакай ин афродро ба терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноӣ айбдор карда, парванда боз намудааст.

Ҳумайрои Бахтиёр

Ҳумайрои Бахтиёр

Вале аз нигоҳи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори тоҷик, бо боздошти Ёров қазияи марбут ба ҲНИТ пушти парда нарафта баръакс ошкортар шуд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "аз ин пештар дида будем, вақте раёсати аршади ҲНИТ, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд, тамоми созмонҳо мӯҳри хомӯширо бар лаб зада буданд. Ва мо ҳатто гуфта наметавонем, сабаб дар чӣ буд. Шояд хостанд вазъиятро таҳлил кунанд." Аммо вақте вакили дифои онҳоро боздошт карданд, созмонҳо бо ин баҳона такя мекунанд, ки Бузургмеҳр Ёров ба далели ҳифзи ҳуқуқи узви боздоштшудаи ҲНИТ дастгир шуд, ин қазияро каме рӯшантар кард.

Аммо ин мусоҳиби мо бо ёдоварӣ аз “ҳосили” изҳороти қаблии созмонҳо гуфт, ки талаби кунунии ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи Бузургмеҳр Ёров низ рӯи коғаз хоҳад монд.

Вале Азизи Нақибзод, таҳлилгари тоҷик, бар ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳатто зери фишори созмонҳои байналмилалӣ ба Бузургмеҳр Ёров гузашт нахоҳад кард. Ӯ ба авоили солҳои навадум ишора мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон зери фишори созмонҳои байналмилалӣ рӯзноманигорони дигарандеш Хайриддини Қосим, Аҳмадшоҳи Комил, Мирбобои Мирраҳим ва ҳамчунин Бозор Собирро аз ҳабс озод карда буд. "Ҳоло вазъият фарқ мекунад. Он замон ҳукумат аз ин созмонҳо вобастагии зиёд, бахусус вобастагии молӣ, дошт. Ҳоло мақомот метавон гуфт худро аз ҳеҷ созмоне вобаста намешуморад, ба ҷуз аз кишварҳое мисли Русияву Чин, ки барояшон дар ҳабс ё озодӣ будани як вакили дифоъ ҳеч аҳамият надорад," -- афзуд ӯ.

Бо ин ҳама мақомоти интизомии Тоҷикистон Бузурмеҳр Ёровро дар қаллобӣ ва истифодаи талони тақаллубии муоинаи техникӣ муттаҳам мекунанд. Боздошти Ёров дар пайи таъсиси Кумитаи ҳимоят аз узви боздоштшудаи ҲНИТ сурат гирифт. Ба дунболи он Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG