Пайвандҳои дастрасӣ

Сенатори рус: Умаралиро сангдилии мақомот кушт


Елена Мизулина

Елена Мизулина

Елена Мизулина, вакили Шӯрои Федеросиюни Русия сангдилии мансабдоронро сабаби марги кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров номидааст.

Елена Мизулина, вакили Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумони Русия – гуфтааст, ба таҳқиқи фарогири қазияи марзи Умаралӣ Назаров пойфишорӣ хоҳад кард. Мизулина рӯзи 16 ноябр бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмиаш гуфт, ки дархостҳои расмӣ бо талаби таҳқиқи қазияи ин кӯдаки панҷмоҳаи хонаводаи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербургро ба номи Кумитаи тафтишот ва Додситонии кулли Русия фиристодааст ва мехоҳад ин масъаларо дар назди сенаторҳо дар Шӯрои Федеросиюн низ бардорад: “Агар лозим шавад, мо ба баргузории таҳқиқоти парлумонӣ ҳам исрор хоҳем варзид, то дар оянда чунин ҳолатҳо аслан пеш наоянд.”

Изҳороти сенатори рус дар рӯзе нашр шуд, ки Зарина Юнусова – модари Умаралӣ – ҷанозаи фарзандашро аз Петербург ба Тоҷикистон овард ва ӯро рӯзи 16 ноябр дар ҷамоати Қалъаидашти ноҳияи Файзобод ба хок супурданд.

Елена Мизулина, ки дар маҷлиси болоии парлумони Русия аз вилояти Омск намояндагӣ мекунад, дар изҳороташ гуфтааст, аз ибтидо ин қазияро дунбол мекард ва ба назари ӯ, “мансабдорони сангдил” сабабгори марги Умаралӣ Назаров шудаанд: “Ба назари ман, мансабдорон, ходимони умури дохила на барои он чунин рафтор мекунанд, ки чун дар ин маврид, сухан дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ меравад, балки онҳо беҳимоя будани мардумро ҳис мекунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки ҳар тавре ки бихоҳанд, рафтор мекунанд ва парвои касеву чизеро надоранд. Фикр мекунанд, ки дар ҳар сурат аъмоли онҳо беҷазо хоҳад монд Бовар кунед, ки онҳо бо хонаводаҳои русҳо низ айни чунин рафторро мекунанд.”

Мизулина чунин шеваи рафтори мансабдорони Русияро аломати “деградатсияи касбӣ” меномад ва мегӯяд, ин ҳолатест, ки “инсон сангдилии номуносиб бо мақоми давлатӣ, бо мақоми ходими ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро намоиш медиҳад.

Сенатори рус марги Умаралӣ Назаровро барои ҷомиаи Русия “як вазъи изтиробовар” ва барои хонаводаи ин тифли маъсум “фоҷиаи воқеъӣ” номида, афзудааст: “Ман мефаҳмам, ки чӣ бадбахтие ба сари ин хонавода омадааст ва аз самими қалб ба онҳо изҳори ҳамдардӣ мекунам. Ба ақидаи ман, ин ҳодиса бояд барои мансабдорони мо сабақ шавад. Сарфи назар аз миллияти кӯдаке, ки ба қаламрави Русия афтодааст, бояд ба ӯву волидонаш бо таваҷҷӯҳ ва бархӯрди муносиб бархӯрд шавад.”

Зарина Юнусова - модари Умаралӣ шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург аз сӯи маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт шуд. Ҳамон шаб кӯдаки панҷмоҳааш Умаралиро аз ӯ ҷудо карданд ва ин тифл рӯзе баъд дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт.

Марги мармузи ин кӯдак якҷо бо ҳукми ихроҷи модараш Зарина Юнусова аз қаламрави Русия мавҷи эътирозҳову маҳкумиятҳоро дар Тоҷикистону Русия ва хориҷ аз он ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ, намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ, сиёсатмадорон ва шахсиятҳое, чун Максим Шевченко, Диана Гуртская, Михаил Федотов, Павел Астахов ва Николай Сванидзе дар ҳарду кишвар хостори таҳқиқи ин қазия ва ба ҷавобгарӣ кашондани афроди гунаҳкор дар марги Умаралӣ Назаров шуданд.

Мақомоти Русия дар вокуниш ба ин талабҳо гуфтанд, ки дар робита ба марги кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.Сухангӯи Кремл ба расонаҳо гуфт, ки шахсан президенти Русия Владимир Путин аз қазия огаҳӣ дорад. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар Душанбе ваъда дод, ки ин қазия одилона таҳқиқ хоҳад шуд.

Аммо ахиран кумитаи тафтишоти Русия дар Санкт-Петербург эълон кард, ки бар асоси ташхиси тиббиву додгоҳӣ, Умаралӣ Назаров аз як вирусе, ки дер боз ва ҳатто ҳанӯз то таваллуди ӯ дар баданаш роҳ ёфтааст, вафот кардааст. Ҳамзамон рӯзи 13 ноябр додгоҳи Петербург ҳукми ихроҷи модари Умаралиро ба қувваи худ боқӣ гузошт ва ӯ маҷбур шуд, ҷанозаи фарзанди ғӯррамаргаш дар даст ба Ватан баргардад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ихроҷи модари Умаралӣ шонси таҳқиқи одилона ва фарогири марги ин кӯдакро камтар мекунад. Худи Зарина Юнусова, вақте бо хабарнигорон дар фурудгоҳи Душанбе сӯҳбат мекард, низ чунин изҳори ақида кард: "Онҳо хостанд, ки ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон биёям ва барои таҳқиқи қазияи марги писарам пофишорӣ накунам."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG