Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои назди Путин ҷудо кардани Умаралиро аз модараш ҷиноят хонд


Михаил Федотов

Михаил Федотов

Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург қасд дорад, ки бо ирсоли ёддошти эътирозӣ аз додситонӣ ва Кумитаи тафтишотии ин шаҳр расидагии одилона ба таҳқиқи марги Умаралиро тақозо кунад.

Михаил Федотов, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди раиси ҷумҳури Русия, ҷудо кардани тифли панҷмоҳаи тоҷик – Умаралӣ Назаровро аз модараш ҷиноят хонд. Федотов рӯзи 5 ноябр дар суҳбат бо расонаҳои Русия гуфт, додгоҳ мушаххас хоҳад кард, ки дар марги Умаралӣ кӣ гунаҳкор аст, аммо афзудааст, "ин ки маъмурони пулис тифли панҷмоҳаро аз модараш ҷудо карданд, ҷиноят аст".

Умаралӣ Назаров рӯзи 14 октябр, як рӯз баъди ба пулис бурдани волидонаш дар як бемористони шаҳри Санкт-Петербург даргузашт. Марги ӯ сарусадои зиёдеро дар ҷомеаи ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ба по кардааст. Як ҳайати Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия дар Санкт-Петербург ҳоло машғули таҳқиқи марги Умаралист.

Иля Шаблинский, узви ҳамин шӯро ба пойгоҳи хабарии ТАСС гуфта, ки чунин рафтори маъмурони пулис дар ягон паллаи тарозу намеистад, "зеро онҳо барои ҷудо кардани Умаралӣ аз модараш ягон асоси ҳуқуқӣ надоштанд".

Таҳқиқи марги Умаралӣ ба мушкил дучор шудааст

Умаралӣ Назарови панҷмоҳа

Умаралӣ Назарови панҷмоҳа

Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург дар ҳамоҳангӣ бо сафорати ин кишвар ба унвонии додситонӣ ва Кумитаи федералии тафтишоти Санкт-Петербург нота ё ёддошти эътирозӣ омода мекунад. Дар ёддошти эътирозӣ аз ин ду ниҳоди шаҳрӣ хоста хоҳад шуд, ки ба парвандаи марги Умаралӣ Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷик, расидагии одилона сурат гирад.

Консулгарӣ мегӯяд, дар идораи пулиси ноҳияи Адмиралтийск ва хадамоти ноҳиявии муҳоҷирати ин ноҳия ҳуқуқ ва салоҳиятҳои вакилони мудофеъро сарфи назар мекунанд ва ҳимоят аз ин парвандаро ба мушкил рӯ ба рӯ намудаанд. Ба гуфтаи вакилони мудофеъ, аз ҷониби муфаттишони парванда, талошҳое мушоҳида мешавад, ки мехоҳанд падару модарро дар марги кӯдак гунаҳкор нишон диҳанд ва гунаҳкорони аслӣ дар канор бимонанд.

Манучеҳр Ҳамзаев, корманди консулгарии ифтихории Тоҷикистон мегӯяд, сабаби навиштани ёддошти эътирозӣ ин аст, ки Кумитаи тафтишот ва додситонӣ ба ҷониби ҳимоят ва ба ҷабрдидаҳо дар бораи ин парванда маълумот намедиҳад. "Ҳоло ҳеч гуна ҳамкориро эҳсос намекунем. Вакилони мудофеъ ба консулгарӣ меоянд ва шикоят мекунанд, ки ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад," -- афзуд ӯ.

Ҷониби тафтишот дар бораи рафтори кормандони пулис нисбат ба марги Умаралӣ Назаров ва модари вай ҳеч тасмим нагирифтааст. Вакилони мудофеъ мегӯянд, ҷониби тафтишот талош дорад расидагиро ба самти дигар бибарад ва гӯё собит созад, ки кӯдак аз сармохӯрдагӣ фавтидааст ва барои ин беморӣ модари кӯдак гунаҳкор аст. Барои ин кор муфаттишон “намунаҳо”-и бемории сармохӯрдагиро низ гирифтаанд.

Олга Тсейтлина, яке аз чаҳор вакили мудофеи ин парванда дар шаҳри Санкт-Петербург мегӯяд, ҳарчанд ҷониби тафтишот кормандони пулис ва хадамоти федералии муҳоҷиратро бозпурсӣ кардааст, вале натиҷаҳои онро аз вакилони мудофеъ пинҳон медорад. Ба ҷуз ин, мақомот ҷониби ҳимоят ва ҷабрдидаҳоро бо натиҷаҳои аввалини шикофтани ҷасади кӯдак ошно накардаанд.

Рустам Назаров, падари Умаралӣ ва модаркалону тағои кӯдак дар бадани кӯдак осори ҷароҳатро дидаанд ва дар бораи сиёҳ будани дасти рости кӯдак то оринҷ сӯҳбат мекунанд, вале дар ин бора ба вакилони мудофеъ маълумот намедиҳанд ва вакилони мудофеъ бидуни маълумот дар ҳимоят аз ин парванда ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Таъхир дар боз кардани парванда ва анҷоми муоинаи тиббӣ-додгоҳӣ низ шакку шубҳаҳоро ба бор овардааст.

Ин муоина танҳо 30 октябр анҷом гирифтааст ва барои гирифтани натиҷаҳои он як моҳи дигар муқаррар кардаанд. Олга Тсейтлина мегӯяд, “муҳлат як моҳ аст. Мо бояд бо волидони кӯдак ҷасадро гирем. Вале бояд натиҷаҳоро интизор шавем ва онро танҳо 30 ноябр медиҳанд. Агар ин натиҷаҳо аз воқеият дур бошад, бояд муоинаи мустақили худро анҷом диҳем. Дар он сурат вақти зиёро талаф медиҳем ва ҳеч комиссияи тиббӣ-додгоҳӣ муоинаи дувум ё экспертизаи дувумро ба уҳда намегирад ва чизеро ҳам исбот кардан мушкил хоҳад буд, барои он ки ҷасад вайрон мешавад.”

Бар асоси қонун бе натиҷаҳои экспертизаи аввали тиббӣ-додгоҳӣ гузарондани ташхиси дувум имкон надорад. Вале хонум Тсейтлина мегӯяд, набояд натиҷаҳои экспертизаи тиббӣ-додгоҳиро мунтазир шуд, зеро ин натиҷаҳоро муфаттишон ба онҳо эҳтимол нишон нахоҳанд дод. Барои ҳамин, бояд зудтар ҷасади кӯдакро бигиранд ва экспертизаи худро анҷом диҳанд.

Вакили мудофеъ мегӯяд, бояд муоинаи тиббӣ-додгоҳиро дар ҳамоҳангӣ бо волидайн мегузаронданд ва он бояд ҳарчӣ зудтар анҷом мегирифт, на 30 октябр. Шарту шароити анҷоми экспертизаро бояд бо ҷониби ҷабрдида ҳамоҳанг мекарданд. Имкон дошт ҷониби ҷабрдида коршиносони худро низ ба ин кор ҷалб мекард. Вале ин кор дур аз ҳамаи муқаррароти қонун анҷом гирифтааст.

Мушкили дигар ин аст, ки то ҳол Рустам Назаров – падари кӯдак ба таври расмӣ дар тафтиши ин парванда ҷабрдида шинохта нашудааст, балки дар ҳамаи ҳуҷҷатҳо вайро чун шоҳид сабт кардаанд. Ба суоле дар ин бора, ки чаро ҷониби тафтишот чунин мекунад, Олга Тсейтлина гуфт, “барои он ки сабаберо ёбанд ва падару модарро гунаҳкор кунанд ва ғайриқонунӣ аз модар гирифтани кӯдакро пинҳон доранд. Ҳадафи онҳо гунаҳкор кардани оилаи кӯдак аст. Дар чунин ҳолат онҳо чӣ тавр бо мо вакилони мудофеъ софдилона ҳамкорӣ мекунанд?”

Гузашта аз ин, масъалаи “депорт” ё рондани Зарина Юнусова - модари Умаралӣ Назаров аз қаламрави Русия то ҳол ҳамчунон ба эътибори худ боқӣ мондааст. Дар ин парванда танҳо Зарина ҷабрдида дониста мешавад, шахсе ки забони русиро намедонад ва худаш ҳам дар синни 21-солагӣ таҷрибаи кофии зиндагӣ надорад.

Ҳоло консулгарии фахрии Тоҷикистон ва вакилони мудофеъ ба додгоҳ шикоят фиристодаанд ва хостаанд, ки тасмим дар бораи “депорт”-и Заринаро тағйир диҳанд. Додгоҳ барои баррасии ин шикоят 12 ноябр ҷаласаи додгоҳӣ таъин кардааст ва то он рӯз Зарина дар қаламрави Русия хоҳад монд, бо вуҷуди он ки мӯҳлати 15-рӯза барои ихроҷаш анҷом ёфтааст. Дар ҷаласаи додгоҳӣ вакилони мудофеъ ва кормандони консулгарии фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург метавонанд ширкат ҷӯянд. Зарина қонунҳои иқоматро риоят накардааст, вале дар ин парванда вай ҷониби ҷабрдида дониста мешавад. Ба ин далел ин масъалаҳоро додгоҳ 12 ноябр дар ҷаласаи худ дар тарозу хоҳад гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG