Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳудуди 200 нафар дар шаҳри Санкт-Петербург бо баргузории як гирдиҳамоӣ, хостори таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров шуданд. Чунин гирдиҳамоӣ дар шаҳри Маскав низ доир шудааст.

Рӯзи 14 ноябр ҳудуди 200 нафар дар майдони Марсови шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷамъ омада, талаб карданд, ки қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров одилона таҳқиқ шавад. Ба иттилои хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ Татяна Волтская, дар назди ҷамъомадагон намояндагони гурӯҳи “Ҳуқуқ барои ҳама” суханронӣ кардаанд.

Умаралӣ Назаров шаби 13 ба 14 октябр баъд аз боздошти модараш дар Санкт Петербург дар бемористони ба номи Цимбалина даргузашт. То он вақт чанд соат кӯдакро дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Адмиралтийск нигоҳ дошта буданд.

Ба иттилои хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ, ширкаткунандагон гирдиҳамоӣ ба натоиҷи ташхиси тиббӣ дар мавриди марги Умаралӣ нобоварӣ кардаанд. Мақомоти Русия баъд аз 16 рӯзи марги Умаралӣ, рӯзи 7 ноябр натиҷаҳои даргузашти ӯро эълон карданд ва гуфтанд, ки ӯ аз бемории сармохӯрдагӣ даргузаштааст.

Натиҷаҳои муоинаи тибби додгоҳӣ гуфтанд, ки цитомегаловирус сабаби марг шудааст. Дар натиҷаҳои муқаддамотӣ низ гуфта буданд, ки ин кӯдак аз сармохӯрдагӣ гузаштааст ва акнун онро гӯё таъйид карданд. Бино ба ин хабар, ин вирус метавонад дар батни модар ҳам ба кӯдак дода шавад.

Аммо гирдиҳамомадагон, ки дар миёни онҳо пизишкон низ буданд, мегӯянд, ки ин иддао дар мавриди Умаралӣ сидқ намекунад, чун ӯ аз модар сиҳату солим ба дунё омада буд ва ҳеҷ мушкил надошт ва ҳатто вазнаш дар муқоиса ба сину солаш бештар буд. Ба ақидаи онҳо, бо чунин мушаххасот кӯдак ба бемории сармохӯрдагӣ мубтало намешавад.

Бисёре аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш гуфтаанд, ки марги Умаралӣ як ҳодисаи оддӣ набуда, ҷузъе аз низоми давлатдорӣ дар ин кишвар шудааст, ки афроди бепушту паноҳ мавриди бетаваҷҷуҳӣ қарор мегиранд.

Чунин ҳамоиш рӯзи 14 ноябр дар назди идораи Кумитаи тафтишотии Федератсия Русия дар шаҳри Маскав низ сурат гирифтааст. Яке аз ширкатдорони ин гирдиҳамоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳамоиш ҳудуди 15 нафар ширкат доштанд. Ба гуфтаи вай, кормандони мақомот ба назди онҳо баромада ва ҳадафи таҷаммӯи онҳоро пурсидаанд. Гирдиҳамомадагони Маскав низ аз мақомот хостори ҳалли мунсифонаи қазияи марги Умаралӣ Назаров шудаанд.

Зарина Юнусова -- модари Умаралӣ шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт ва ба додгоҳ бурда шуд. Он вақт кӯдаки панҷмоҳаашро аз ӯ ҷудо карданд ва ӯ баъдан дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт.

Наздикони Умаралӣ Назаров дар марги ин тифли панҷмоҳаи тоҷик асосан маъмурони пулиси Адмералтийскро муттаҳам медонанд, ки ӯро аз модараш ҷудо кардаанд. Аммо маъмурони пулис бо нашри видеои дурбини назоратии дохили идораашон гуфтанд, онҳо баъди ҷудо кардани кӯдак аз модараш аз ӯ ба хубӣ муроқибат кардаанд ва ин иддао асос надорад. Дар видеои нашркардаи онҳо низ дида мешавад, ки як зани пулис дар дасташ кӯдакеро нигоҳ медорад ва ҳангоми гиря карданаш ба ӯ аз шиша шир медиҳад. Вале дурустии ин видео таъйид нашудааст.

Бо ин ҳол, марги Умаралӣ Назаров сарусадои зиёдеро дар ҷомеаи ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ва берун аз он ба по кард. Бисёриҳо амалкарди пулиси Санкт-Петербургро барои ҷудо кардани кӯдаки панҷмоҳа аз модараш шадидан интиқод карда, бархе ҳам онро на “беэҳтиётӣ”, балки “ҷиноят” номиданд. Рӯзи 11 ноябр Павел Астахов, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раиси ҷумҳури Русия низ аз ҷараёни тафтиши қазияи Умаралӣ Назаров норизоятӣ кард ва талаб намуд, ки тафтишот аз сари нав гузаронда шавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қазияи марги Умаралиро пайгирӣ доранд ва Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия низ ду ҳафтаи пеш дар ҷараёни сафараш ба Душанбе ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ин қазия таҳти назорати ӯст ва мунсифона баррасӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG