Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади Умаралӣ Назаровро дар Файзобод ба хок супурданд


Умаралӣ Назаров

Умаралӣ Назаров

Ҷасади Умаралӣ Назаровро, ки субҳи 16 ноябр аз Санкт-Петербург ба Душанбе оварда шуд, бидуни ташхиси иловагӣ дар ҷамоати Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод ба хок супурдаанд.

Ҷасади Умаралӣ Назаров, ки моҳи гузашта баъди боздошти модараш дар бемористони ба номи Тсимбалинаи Санкт-Петербург даргузашт ва марги ӯ дар дохили Тоҷикистону Русия ва берун аз он вокунишҳои мухталифро ба бор овард, пас аз зӯҳри 16 ноябр дар ҷамоати Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод ба хок супурда шуд. Яке аз наздикони хонаводаи Умаралӣ гуфт, қарор буд, дар Тоҷикистон ташхиси мустақили тиббӣ-додгоҳии ҷасади ӯ сурат гирад, аммо чаҳор соат интизории онҳо дар фурудгоҳи Душанбе ҳосил надодааст ва онҳо ночор ҷасадро ба Файзобод бурдаанд.

Субҳи 16 ноябр ҷасади тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров аз шаҳри Санкт-Петербург тавассути ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Душанбе оварда шуд. Дар ин ҳавопаймо Зарина Юнусова низ ба Тоҷикистон баргашт. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Санкт-Петербург ихроҷ ё "депорт"-и Юнусоваро тасдиқ карда ва барояш панҷ рӯз муҳлат дода буд, то қаламрави Русияро тарк бикунад.

Тобути Умаралӣ

Тобути Умаралӣ

Зарина Юнусова, модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, ки қарори ихроҷаш аз қаламрави Русия ҳадафмандона сурат гирифтааст. "Онҳо хостанд, ки ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон биёям ва барои таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги писарам пофишорӣ накунам," -- афзуд ӯ.

Юнусова дар идома хулосаи мақомоти Русияро дар бораи гӯё аз сармохӯрдагӣ фавтидани Умаралиро беасос хонд. Ӯ гуфт, "Умаралӣ то замони ба дасти маъмурони пулис афтоданаш сиҳҳату слаомат буд. Ягон маризӣ надошт. Ҳамеша аз муоинаи табибон мегузашт."

Маҳкам Абдуллоев, тағои Рустам Назаров, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки "Умаралӣ қурбони бозии кадом гурӯҳ шудааст". ​

Зарина Юнусова дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Зарина Юнусова дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Зарина Юнусова - модари Умаралӣ шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт ва ба додгоҳ бурда шуд. Ҳаомн шаб кӯдаки панҷмоҳааш Умаралиро аз ӯ ҷудо карданд ва баъдан ин тифл дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт.

Наздикони Умаралӣ Назаров дар марги ин тифли панҷмоҳаи тоҷик асосан маъмурони пулиси Адмералтийскро муттаҳам медонанд, ки ӯро аз модараш ҷудо кардаанд. Аммо маъмурони пулис бо нашри видеои дурбини назоратии дохили идораашон гуфтанд, онҳо баъди ҷудо кардани кӯдак аз модараш аз ӯ ба хубӣ муроқибат кардаанд ва ин иддао асос надорад. Дар видеои нашркардаи онҳо дида мешавад, ки як зани пулис дар дасташ кӯдакеро нигоҳ медорад ва ҳангоми гиря карданаш ба ӯ аз шиша шир медиҳад. Вале дурустии ин видео то ҳол таъйид нашудааст.

Бо ин ҳол, марги Умаралӣ Назаров сарусадои зиёдеро дар ҷомеаи ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон ва берун аз он ба по кард. Бисёриҳо амалкарди пулиси Санкт-Петербургро барои ҷудо кардани кӯдаки панҷмоҳа аз модараш шадидан интиқод карда, бархе ҳам онро на “беэҳтиётӣ”, балки “ҷиноят” номиданд. Павел Астахов, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раиси ҷумҳури Русия аз ҷараёни тафтиши қазияи Умаралӣ Назаров норизоятӣ карда ва талаб намудааст, ки тафтишот аз сари нав гузаронда шавад.

Рӯзи 14 ноябр ҳудуди 200 нафар дар майдони Марсови шаҳри Санкт-Петербурги Русия низ ҷамъ омада, талаб карданд, ки қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров одилона таҳқиқ шавад. Иштирокдорони гирдиҳамоӣ бештар ба натиҷаҳои ташхиси тиббӣ дар мавриди марги Умаралӣ нобоварӣ кардаанд. Мақомоти Русия баъд аз 16 рӯзи марги Умаралӣ, рӯзи 7 ноябр натиҷаҳои даргузашти ӯро эълон карда ва гуфтанд, ки ӯ аз бемории сармохӯрдагӣ даргузаштааст. Дар натиҷаҳои муқаддамотӣ низ гуфта буданд, ки ин кӯдак аз сармохӯрдагӣ гузаштааст ва акнун онро гӯё таъйид карданд. Бино ба ин хабар, ин вирус метавонад дар батни модар ҳам ба кӯдак дода шавад.

Аммо гирдиҳамомадагон, ки дар миёни онҳо пизишкон низ буданд, мегӯянд, ин иддао асос надорад, чун ӯ аз модар сиҳат ба дунё омада буд ва ҳеч мушкил надошт ва ҳатто вазнаш дар муқоиса ба синну солаш бештар будааст. Ба ақидаи онҳо, бо чунин мушаххасот кӯдак ба бемории сармохӯрдагӣ мубтало намешавад.

Мақомоти Тоҷикистон низ мегӯянд, ки қазияи марги Умаралиро пайгирӣ доранд ва Дмитрий Медведев -- нахуствазири Русия низ се ҳафтаи пеш дар ҷараёни сафараш ба Душанбе ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ин қазия таҳти назорати ӯст ва мунсифона баррасӣ хоҳад шуд. Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ дар суҳбати 12 ноябраш бо Евгений Бушмин -- муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия, ки дар раъси як ҳайат ба Душанбе омадааст, қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро баррасӣ кардааст. Оқои Убайдуллоев аз мақомоти Русия талаб намуда, ки ин қазияро дар чаҳорчӯби қонунҳои ҷориии Русия ва "эҳтиром ба арзишҳои волои умумиинсонӣ воқеъбинона баррасӣ кунанд".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG