Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як нашрияи русӣ пешбинӣ мекунад, ки Тоҷикистон низ дар соли 2014 ба мавҷи нави ҳамлаи гурӯҳҳои исломгаро рӯбарӯ хоҳад шуд, вале дар роҳи муқобила ба ин гурӯҳҳо Эрон ба кумакаш хоҳад расид.

Сомонаи русии “Свободная пресса” рӯзи 1 январ, дар нахустин рӯзи соли нави 2014-ум дар матлаби вижае паёмадҳои эҳтимолии ин сол дар нуқоти мухталифи дунёро пешбинӣ кардааст. Ба ақидаи муаллифон, Тоҷикистонро низ соли хеле сахте дар пеш аст, вале ба Эмомалӣ Раҳмон Эрон кумак хоҳанд кард.

Сомонаи русии “Свободная пресса” дар матлаби “Прогноз-2014: мир станет погорячее” (Пешбинӣ -2012: Ҷаҳон доғтар мешавад”) ба ояндабинӣ пардохта, паёмадҳои эҳтимолии соли 2014-ро барои кишварҳои гуногун, аз ҷумла барои Тоҷикистон пешбинӣ кардааст. Нашрия менависад: “Хутути асосии сужаи таҳаввулоти соли 2014 маълуманд. Маскав ва Брюссел муборизаро барои ба даст овардани дили Киев идома медиҳанд. Амрикоиҳо аз Афғонистон мераванд, ки ин мавҷи бесуботӣ дар Ховари миёнаро дар пай оварда, хатари фаъолиятҳои террористӣ дар рӯзҳои Бозиҳои олимпии Сочиро бештар мекунад. Чин ҳамчунон нуфузи геополитикиашро боло мебарад ва қудратҳои асосӣ тақсими хазинаи маъданҳои Артикаро идома хоҳанд дод.”

Ба бовари муаллифон, Украина дар соли 2014 низ бозиҳояш байни Русия ва Иттиҳодияи Аврупоро идома хоҳад дод, чунки илоҷи дигар ҳам надорад. Таҳлилгари немис Александр Рар ба “Свободная пресса” гуфтааст, баъид нест, агар Киев ҳам ба узвияти Иттиҳоди АвроОсиё бипайвандад ва ҳам созишномаи ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо кунад. Чӣ гуна? Ба гуфтаи Рар, ин дигар бастагӣ дорад ба ҳунари сиёсатмадорони украинӣ.

Ояндаи тираи Карзай

Аммо дар мавриди ояндаи Афғонистон Евгений Сатановский, президенти Пажҳӯишгоҳи Ховари Миёнаи Фарҳангистони улуми Русия тасвири хеле тираеро мекашад. Ба ақидаи ӯ, баъди хуруҷи Амрико ва НАТО аз Афғонистон, ҳадди аксари қаламрави ин кишвар дигарбора зери султаи Толибон қарор хоҳад гирифт. “Раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай дигар оянда надорад. Ба ҳамин далел ӯ имзои қарордод дар мавриди истиқрори нирӯҳои Амрико дар Афғонистонро тӯл дода, ҳалли ин масъаларо мехоҳад ба ворисаш вогузор кунад. Ба ворисаш, чунки ба ҳама маълум аст, ки Карзай дар интихоботи апрели соли 2014 овоз намегирад. Ӯ, албатта, метавонад чун дар интихоботи гузашта тавассути тақаллуб худро пирӯз эълон кунад, вале ин дафъа дар чунин сурат кишвар таҷзия хоҳад шуд,” - меафзояд ин ховаршиноси рус.

“Свободная пресса” менависад, танҳо шимоли Афғонистон зери назорати туркманҳову узбакҳо ва тоҷикҳо ва қисматҳои наздик ба марзи Эрон зери назари ҳазораҳои таҳти пуштибонии Теҳрон зери султаи Толибон нахоҳанд рафт. Боқӣ қаламрави Афғонистон ба дасти ин ҷунбиши тундрав мегузарад ва “Толибон созмони дар Осиёи Марказӣ мамнӯъи Ҳаракати исломии Узбакистон, ҳизби тундрави Таҳрир ва дигар танзимҳои байналмилалии ҷиҳодиро ба тарафи шимол тела хоҳанд дод. Дар натиҷа, тамоми ин гурӯҳҳо ба Осиёи Марказӣ зарба хоҳанд зад.”

Хатари рақами 1

Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои эрониаш Ҳасани Рӯҳонӣ

Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои эрониаш Ҳасани Рӯҳонӣ

Ба бовари муаллифон, “зарбаи асосӣ ба Қирғизистони марзҳояш боз ва наркомафияаш қавӣ, ва ҳам ба Узбакистон зада хоҳад шуд. Аммо Тоҷикистон, ки низ масъалаи исломгароёнаш хеле фалокатбор аст, умеде дорад, ки ба Эмомалӣ Раҳмон Эрон дасти кумак дароз мекунанд.” “Свободная пресса”менависад, Душанбеву Теҳрон дар вақташ паймони ҳамкории кишварҳои форсизабон имзо кардаанд, ки метавонад ҳоло ба кор биояд.

Ҳафтае пеш маҷаллаи бритониёии “The Economist” низ эҳтимоли сар задани ошӯбҳои мардумиро дар Тоҷикистон дар соли 2014 зиёд дониста, ин фақиртарин кишвари пасошӯрави дар баробари Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба гурӯҳи кишварҳои осебпазир шомил карда буд. Муаллифони ин таҳлил гуфта буданд, ки дар соли оянда нобаробарии иҷтимоӣ, сатҳи пасти зиндагӣ ва заъфи ҳукумат дар Тоҷикистон метавонанд ба эътирози мардумӣ сабаб гарданд.

Аммо барои раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов баъди саркӯб кардани тамоми мухолифони пинҳону ошкор ва ҳатто хунсо кардани духтараш Гулнора дар поёни соли 2013, "душмани"-и аз ҳамаи оштинопазир синни соли худи ӯ шудааст. Каримов рӯзи 30 январ 76-сола мешавад, вале то ҳол маълум нест, ки баъди ӯ ворисаш кӣ хоҳад шуд?

Ислом Каримов

Ислом Каримов

«Ислом Каримов метавонад мавҷи аввали ҳамлаи исломиҳоро бигардонад. Аммо дар рӯзномаи ин кишвар масъалаи рафтани худи Каримов аз мақом ба далоили геронтологӣ (синну сол) истодааст. Аммо азбаски дар Узбакистон - ба фарқ аз Қазоқистон – барои сохтани як режими собит талош намешавад, баъди даргузашти шахси аввал дар онҷо рӯёрӯиҳо байни элитаҳо ва ниҳодҳои интизомӣ шурӯъ хоҳад шуд ва исломиҳо низ шонси пирӯзӣ дар ин шароитро пайдо мекунанд,» - менависанд муаллифон ва таъкид мекунанд, ки ончи ки дар соли 2014 ба сари Осиёи Марказӣ хоҳад омад, «ин ҳама ғолибан хатари рақами 1 барои Русия мешаванд.»

​«Свободная пресса» менависад, агар сарвазири Туркия Раҷаб Эрдуғон ба тағйири Қонуни асосӣ муваффақ нашавад ва натавонад ба курсии президентӣ гузарад, Туркияро дар соли 2014 тағйири насли раҳбариаш дар пеш аст ва дигар фарқ надорад, ки ба ҷои Эрдуғон Абдуллоҳ Гул меояд ё каси дигар. «Меҳвари ҳизби адолат ва тараққиёт Эрдуғон аст ва ба ҳамин далел ҳамлаҳои асосӣ болои ӯ сурат мегиранд: чӣ дар эътирозҳо бар сари боғи Ғозии Истамбул ва чӣ дар моҷарои ахири фасод бо ширкати ёри собиқаш Фатҳулло Гулен

Чин аждаҳои боз ҳам бузургтар мешавад

Аммо Андрей Островский, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи Шарқи Дури Фарҳангистони улуми Русия гуфтааст, дар айни замон Чин бо итминон ба қудрати пешбари дунё табдил меёбад. Ин кишвар баъди табдили раҳбараш дар соли 2014 ислоҳоти густардаеро шурӯъ мекунад, ки беҳбуди вазъи иҷтимоии мардум ва кӯтоҳтар кардани дасти дахолат ва саҳми дпвлат дар соҳибкорӣ, аз ҷумла дар низоми бонкиро дар назар дорад.

Ҳаҷми тиҷорати Чин дар соли 2014 ба 4,5 триллион доллар хоҳад расид ва ин, албатта, ҳамаи пойтахтҳои дигари муҳимро маҷбур хоҳад кард, ки имсол ба сӯи Пекин дидаи боз ҳам бештар бидӯзанд. Аз ҷумла Душанберо, ки беш аз 1 миллиард доллар аз 2 миллиард доллар қарзи кунуниаш маҳз аз Пекин аст ва чанд сол боз тарҳҳои умдаи иқтисодӣ, аз ҷумла сохтани роҳҳову нақбҳову пулҳо ва корхонаҳо дар Тоҷикистон, асосан бо пули Чин ва тавассути ширкатҳои Чину бо дасти коргарони чиноӣ анҷом мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG