Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар зинаи аввали дарёфткунандагони кӯмакҳои молии ҷаҳон


Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаҳои пешбинии худро чоп кардааст ва мегӯяд, ки мумкин аст кӯмакҳои молӣ соли ҷорӣ ба кишварҳои рушдёбанда 6,3 дарсад афзоиш ёфта ба 414 миллиард доллар бирасад. Бар асоси ин пешбиниҳо, то соли 2016 ин кӯмакҳо ба ним триллион доллар хоҳад расид.

Бонки Ҷаҳонӣ навиштааст: “Барои кишваре чун Тоҷикистон ин кӯмакҳо нисфи даромади нохолиси миллиро ташкил медиҳад. Барои Бангладеш кӯмакҳо василаи ҳимояти мардум аз фақр мебошад”.

Дар соли 2012 Тоҷикистон ба андозаи 48 дарсади даромади нохолиси миллӣ кӯмаки молӣ гирифтааст ва дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад. Кӯмакҳои дарёфтии Қирғизистон 31 дарсад, Лесото ва Непал 25 дарсад ва Молдова 24 дарсади даромади нохолиси миллиашонро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG