Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар охири садаи кунунӣ аҳолии Тоҷикистон аз Қазоқистон мегузарад.


Аҳолии сайёра дар соли 2012 7 миллиард нафар буд
Аҳолии сайёра дар соли 2012 7 миллиард нафар буд

Бар асоси гузориши СММ, ки ахиран ба нашр расид, аҳолии Тоҷикистон то соли 2050 ба бештар аз 15 миллион нафар хоҳад расид.

Ҳоло аҳолии ин кишвар 8 миллиону 208 ҳазор нафар аст. Аз он 4 миллиону 120 ҳазор нафар мард ва 4 миллиону 88 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин гузориш метавон гуфт, ки дар давоми камтар аз 37 соли оянда шумораи аҳолии ин кишвар тақрибан 7 миллион нафари дигар афзоиш хоҳад ёфт. Вале пешбинӣ шудааст, ки то соли 2100, яъне дар 87 соли дигар аҳолии Тоҷикистон ба 21 миллиону 313 ҳазор нафар бирасад.

Ҳоло аҳолии саросари ҷаҳон 7 миллиарду 200 миллион нафар аст ва дар соли 2050 аҳолии сайёра 9 миллиарду 600 миллион нафар тахмин зада мешавад.

Тибқи гузориши СММ афзоиши аҳолӣ бештар дар кишварҳои дар ҳоли рушд мушоҳида хоҳад шуд ва Тоҷикистон ба ҳамин гурӯҳи кишварҳо дохил мешавад. Ву Ҳонгбо-муовини Дабири Кулли СММ ҳангоми муаррифии гузориш гуфт, ки суръати афзоиши аҳолӣ дар саросари ҷаҳон дар маҷмуъ кунд шудааст, вале дар кишварҳои африқоӣ суръати афзоиш ҳамчунон баланд боқӣ мемонад.

Дар кишварҳои пешрафтаи санъатии ҷаҳон шумораи аҳолӣ то соли 2050 тақрибан бидуни тағир боқӣ хоҳад монд. Вале дар кишварҳое, ки рушди заъифи иқтисодӣ доранд, аз ҷумла Тоҷикистон, шумораи аҳолӣ тақрибан ду баробар зиёд мешавад.

Ҷон Вилмот-раҳбари бахши шумориши аҳолӣ дар СММ дар конфронси Нию Йорк гуфт, ки дар даҳсолаҳои оянда мизони таваллуд дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон шумораи аҳолӣ дар қисматҳои ҷаҳонро мумкин аст тағир диҳад. Масалан, интизор меравад, ки Ҳиндустон ба бузургтарин кишвари ҷаҳон аз лиҳози нуфус табдил ёбад ва дар соли 2028 аз Чин бигзарад. Ҳоло ин ду кишвар дар якҷоягӣ 1 миллиарду 450 миллион аҳолӣ доранд. Баъд аз соли 2028 афзоиши аҳолии Ҳиндустон идома меёбад, дар ҳоле, ки дар Чин коҳиши шумораи аҳолӣ пешбинӣ мешавад.

Ё намунаи дигар. Дар соли 2050 аҳолии Нигерия аз аҳолии Амрико бештар мешавад. Аҳолии кишварҳои аврупоӣ дар ин муддат 14 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Дар Русия, ки ҳоло аҳолии он 142 миллиону 834 ҳазор нафар баршумурда шудааст, дар соли 2025 тақрибан 136 миллиону 967 ҳазор ва дар соли 2050 120 миллиону 896 ҳазор нафар пешгӯӣ шудааст. Дар охири садаи кунунӣ, яъне дар соли 2100 ин шумора поинтар меравад ва то ба 101 миллону 882 ҳазор нафар мерасад.

Аҳолии Узбакистон низ афзоиши худро нигоҳ медорад. Ҳоло он 28 миллиону 934 ҳазор аст. Соли 2015 ба 32 миллиону 991 ҳазор ва дар соли 2050 ба 36 миллиону 330 ҳазор нафар мерасад.

Афғонистон, ки ҳоло 30 миллиону 552 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, дар соли 2050 соҳиби 56 миллиону 551 ҳазор нафар аҳолӣ хоҳад шуд.

Аммо барои Қирғизистон афзоиши зиёди аҳолиро дар гузориши СММ пешбинӣ накардаанд. Масалан, ин кишвар ҳоло 5 миллиону 548 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. То соли 2050 ин шумора ба 8 миллону 924 ҳазор нафар мерасад.

Қазоқистон ҳоло 16 миллиону 441 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, дар соли 2100 ин шумора ба 20 миллиону 938 ҳазор нафар мерасад. Яъне тибқи ин пешбиниҳо Тоҷикистон дар охири садаи кунунӣ аз лиҳози нуфус аз Қазоқистон пеш мегузарад.
Синни миёнаи умр дар солҳои 2045-2050 боло меравад ва ба 76 сол мерасад, вале дар солҳои 2095-2100 аз он ҳам болотар 89 сол пешбинӣ шудааст.

Албатта, афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои рушдёбанда, мисли Тоҷикистон наметавонад мояи ифтихор ё хурсандӣ бошад. Барои иқтисоди заъифу ақибмонда афзоиши аҳолӣ барномарезиҳои иловагӣ ва сармоягузориҳои бештар мехоҳад, то ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд ояд, вагарна мизони таъмини саронаи аҳолӣ ва сатҳи зист поин хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG