Пайвандҳои дастрасӣ

“The Economist” соли сахтеро барои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад


Ҷамъомади падару модароне, ки мегӯянд, фарзандонашон дар маҳбас шиканҷа мебинанд. 29-уми майи соли 2013

Ҷамъомади падару модароне, ки мегӯянд, фарзандонашон дар маҳбас шиканҷа мебинанд. 29-уми майи соли 2013

Ин хулосаи маҷаллаи бритониёии “The Economist”, ки соли 2014 Тоҷикистон метавонад, дастхуши нооромиҳои иҷтимоӣ шавад, коршиносони тоҷикро ба ду гуруҳ ҷудо кард.

Бархе мегӯянд, ин пешгӯӣ заминаҳо дорад, вале бархеи дигар онро ҳамчун як “фолбини навбатии сиёсӣ” аз қабили ҳадсҳои “Баҳори Араб” рад мекунанд.

Маҷаллаи “The Economist” эҳтимоли сар задани ошӯбҳои мардумиро дар Тоҷикистон дар соли 2014 зиёд дониста, онро дар баробари Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба гурӯҳи кишварҳои осебпазир шомил кадааст. Муаллифони ин таҳлил гуфтаанд, дар соли оянда нобаробарии иҷтимоӣ, сатҳи пасти зиндагӣ ва заъфи ҳукумат дар Тоҷикистон метавонад ба эътирози мардумӣ сабаб гардад.


Аммо муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баръакс, соли 2014 барои Тоҷикистон давраи устувории иқтисодёт ва рушди фарҳангӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, Тоҷикистон мушкилоти сиёсӣ ва фарҳангиро қариб аз байн бурда, дар фикри ҳал намудани масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимост.

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Вай афзуд: «Албатта, дар ин ҷо масъалаи амнияти иттилоотӣ ва зиёд шудани муқовимат ба режим аст ва ҳатто метавонад як баҳонаи ягон шӯриш шавад. Масалан, худи фаъолияти террористӣ метавонад пайдо шавад ва амалиёт нишон диҳад,чунин корҳо дар ҳама кишварҳо метавонад ба амал ояд, ҳатто дар Амрикову Лондон ҳам. Аз инҳо ҳеҷ кас садфоиза эмин нест ва ҳеҷ кас кафолат додан наметавонад, ки ин ё он мушкил ба ҷойи аввал баромадан наметавонад. Вале дар маҷмӯъ Тоҷикистон шояд оромтарин ва устувортарин кишвари минтақа дар соли 2014 бошад.»

Бар хилофи ин гуфтаҳо, Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил бобарор омадани соли 2014 -ро барои Тоҷикистон зери суол мебарад. Ин таҳлилгар бо назардошти қазияи зиндонӣ шудани тоҷири шинохта Зайд Саидов ва баргузории як интихоботи, ба гуфтаи ӯ, ғайримунсифона, ки мардумро ноумед кард, бар ин бовар аст, ки эътимоди мардум ба ҳукумат коҳиш ёфтааст. Ӯ афзуд, «аз сӯи дигар, муҳоҷирон, бахусус ҷавонони тоҷик, худро дар қиболи фишорҳои миллатгароён ва ҳукумати Русия бесоҳиб эҳсос мекунанд. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ низ хеле заиф гаштани Тоҷикистон метавонад сабабгори норизоияти мардум нисбат ба ҳукумат шавад. Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин омилҳо боиси он шуда, ки Тоҷикистон дар соли 2014 ба қатори кишварҳои осебпазир ворид гардад

Таҳлилгарон мегӯянд, ба маҳзи он ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар давраи гузариш қарор дорад, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бояд талоши бештар анҷом бидиҳад. Ба гуфтаи онҳо, танҳо рушди воқеъи иқтисод, кам кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар ва ба вуҷуд омадани синфи миёна дар деҳот , метавонад ба рушди мӯътадили ҷомеа асос гузорад ва ташаннуҷи иҷтимоиро аз байн барад.

Ғаюр Қаҳҳоров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳукумати кишвар барои таъмин кардани мардум бо ҷойи кор дар соли 2104 барномаи махсус таҳия намудааст, ки дар сурати татбиқи он, метавонад ба сатҳи нави рушди иқтисодӣ расад. Вай афзуд, «соли 2014 агар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиддӣ шавад ва агар ҳатто 30 дарсади онҳо ба ватан баргарданд, ин албатта, боиси ташаннуҷи иҷтимоӣ мешавад ва метавонад ба нохушиҳо оварад. Аз ин хотир мо бояд аз ҳамин ҳоло барои сохтмони корхонаҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ омодагӣ бигирем, то пеши роҳи ин нохушиҳо гирифта шавад.»

Равшан Абдуллоев

Равшан Абдуллоев

Вале Равшан Абдуллоев, раҳбари намояндагии Бунёди АвроОсиё ба як мушкили дигар ва ин ҳам вобаста будани Тоҷикистон ба сиёсати кишварҳои бузург ишора мекунад. Ӯ мегӯяд, «агар ин давлатҳо хоҳанд, ки дар Тоҷикистон ошӯбҳои мардумӣ сар занад, онҳо метавонанд инро ташкил кунанд. Ин вобаста ба он аст, ки то ҳол амнияти озуқаворӣ ва энержӣ дар Тоҷикистон таъмин нашудааст ва кишварҳои бузург аз ин истифода бурда метавонанд. Аммо агар ба сиёсати дохилии Тоҷикистон назар андозем, фикр мекунам, дар соли оянда хуб мешавад. Зеро он нафарони наве, ки дар соҳаи энергетика ба ҳукумати кишвар дохил шуданд , бо ширкатҳои бузурги ҷаҳон кор мекарданд ва ин як нишонаест, ки гази табиӣ ва ё чизҳои нави дигар дар кишвар кашф шудаанд. Аз сӯи дигар, худи мардум Тоҷикистон ба соли соли бо назари нек менигаранд.»

Дар ҳоле ки маҷаллаи The Economist ояндаи начандон некро барои Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, аҳолии кишвар, тибқи назарсанҷии ахири маркази "Зеркало", нисбат ба соли 2014 хушбин буда, аз он интизороти зиёде доштаанд. Аз ҷумла дар ин назархоҳӣ, ки бар асоси пурсиши 1025 нафар аз манотиқи мухталиф анҷом шудааст, 63 дарсад гуфтанд, ки соли оянда бобарор хохад буд. Аммо 31 дарсади дигар гуфтаанд, пешгӯӣ кардани соли оянда барояшон амре мушкил аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG