Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия боздошти 170 тоҷикро тасдиқ кард


Имомуддин Сатторов
Имомуддин Сатторов

Намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Русия дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон гуфтааст, аз 14 0000 муҳоҷири дар ҷараёни амалиёти "Мигрант-2014" боздоштшуда танҳо 170 нафараш аз Тоҷикистонанд, ки аз ин шумор танҳо 21 нафар дар боздошт боқӣ мондаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, аз 14 000 муҳоҷире, ки тайи 4 рӯзи аввали амалиёти "Мигрант-2014" дар шаҳри Маскав дастгир шуданд, танҳо 170 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ба гуфтаи ин мақомот, аз ин шумор 150 нафар баъди таҳияи протоколҳои маъмурӣ озод шуда, 21 нафар бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат дар Русия ва нақзи қонунҳои дигар дар боздошт мондаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар мулоқоте бо Анатолий Кузнетсов, муовини раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия сарнавишти муҳоҷирони тоҷик ва амалиёти “Мигрант-2014”-ро баррасӣ кардааст. Имомиддин Сатторов дар ин мулоқот аз гузоришҳо дар бораи боздошту тафтиши теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ибрози нигаронӣ карда ва хостори шарҳи мақомоти рус дар ин замина шудааст.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Анатолий Кузнетсов дар ин мулоқот ба сафири Тоҷикистон гуфтааст, дар амалиёти “Мигрант-2014”, ки мақомоти умури дохилии Маскав анҷом медиҳанд, танҳо 170 шаҳрванди Тоҷикистонро барои бозпурсӣ ба шӯъбаҳои умури дохилӣ бурда ва баъзе аз онҳоро барои риоят накардани муқаррароти иқомат ва дигар қавонин ҷарима кардаанд. Аз миёни ин афрод, 21 нафар барои таҳқиқоти баъдӣ ва тафтиши санадҳо дар боздошт мондаанд.

Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ гуфт, гузоришҳо дар бораи онки бисёре аз 14 ҳазор муҳоҷирони кории зимни амалиёти “Мигрант-2014” бозпурсишуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, воқеият надорад ва амалиёти мазкур дар пойтахти Русия бо ҳадафи ифшои тамоми муҳоҷирони ғайриқонунӣ, сарфи назар аз миллияти онҳо, сурат мегирад.

Мақомоти пулиси Маскав мегӯянд, танҳо тайи ҳамагӣ 4 рӯзи аввали амалиёти “Мигрант-2014”, яъне аз 23 то 27 октябр, алакай беш аз 14 000 муҳоҷири хориҷӣ дастгир ва дар шӯъбаҳои пулис мавриди бозҷӯӣ қарор дода шудаанд. Танҳо дар рӯзи ҷумъаи 25 октябр дар ҷараёни ин амалиёт дар пойтахти Русия 4 734 шаҳрванди хориҷиро ба шӯъбаҳои пулис овардаанд. Ин амалиёти муштараки пулис, хадамоти федеролии муҳоҷират ва ниҳодҳои дигари вижа бо кумаки шаҳрдории Маскав дар пойтахти Русия аз 23 октябр оғоз ёфта, то 2 ноябр давом хоҳад кард.

Пулиси Маскав “Мигрант-2014”-ро “амалиёти фарогири фаврӣ-профилактикӣ” унвон карда, мегӯяд, шаҳрвандон метавонанд бо ду шумораи 102 ва 112 (барои телефонҳои мобил) ба мақомоти умури дохила аз мавридҳои барои онҳо маълуми нақзи қонунҳои муҳоҷират хабар диҳанд.

Бино ба гузориши расмии пулиси шаҳри Маскав, аз миёни муҳоҷирони боздоштшуда 10 нафар таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштаанд. Ҳамин тавр, дар 6 маврид бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ бара соси қисми якуми моддаи 322-юми Кодекси ҷиноии Русия парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд. Пулис мегӯяд, ҳамчунин танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар чорчӯби амалиёти “Мигрант-2014” 100 ҷиноят, бо шумули ғоратгарӣ, роҳзанӣ, тақаллуби аснод, қаллобӣ ва қочоқи маводи мухаддир ошкор шудааст.

Баракси амалиётҳои қаблӣ, ин бор мақомоти пулис аз ифшои миллияти муҳоҷирони боздоштшуда худдорӣ мекунанд, вале як намояндаи расмии пулиси ҳавзаи шимолии Маскав рӯзи 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, асосан муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгир шудаанд.

Каримҷон Ёров, раҳбари “ЭтМос”, яке аз ҷамъиятҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав ба Озодӣ гуфт, як сабаби чунин ношаффофият метавонад фасод бошад, чунки амалиётҳои зидди муҳоҷирон маъмулан ба як манбаи пулкоркунии мақомоти мухталифи Русия табдил меёбанд.

Ба гуфтаи Ёров, амалиёти “Мигрант-2014” на дар раҳу рӯ, балки асосан дар сохтмонҳову бозорҳо, базаҳои хӯрокворӣ ва амборҳои меваву сабзавот, яъне дар маконҳое сурат мегирад, ки бештар муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон кор мекунанд, ва ҳарчанд шумори тоҷикони дастгиршуда эълон нашудааст, аз эҳтимол дур нест, ки ин бор ҳам шумори зиёди шаҳрвандони тоҷик дастгир шаванд.

Амалиёти “Мигрант-2014” дар рӯзҳое оғоз ёфт, ки як ҳайати бузурги ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар Маскав қарор дошт ва яке аз масоили асосие, ки ин ҳайат бо мақомоти Русия баррасӣ мекард, ҳамин масоили марбут ба шароити муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар, аз ҷумла дар Маскав буд.

Ба ҳисоби созмонҳои муҳоҷирони тоҷик, дар шаҳру вилояти Маскав то 250 000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро манобеъи мухталиф аз 800 000 то 1,5 миллион нафар мешуморанд.

XS
SM
MD
LG