Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 14 000 муҳоҷир дар Маскав дар 4 рӯзи аввали "Мигрант-2014"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тайи 4 рӯзи аввали амалиёти “Мигрант-2014” дар шаҳри Маскав беш аз 14 000 муҳоҷир боздошт шудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, хабари боздошти ҳазорон муҳоҷир мояи нигаронии онҳо шудааст.

Мақомоти пулиси Маскав мегӯянд, тайи ҳамагӣ 4 рӯзи аввали амалиёти “Мигрант-2014” алакай беш аз 14 000 муҳоҷири хориҷӣ дастгир ва дар шӯъбаҳои пулис мавриди бозҷӯӣ қарор дода шудаанд. Танҳо дар рӯзи ҷумъаи 25 октябр дар ҷараёни ин амалиёт дар пойтахти Русия 4 734 шаҳрванди хориҷиро ба шӯъбаҳои пулис овардаанд. Ин амалиёти муштараки пулис, хадамоти федеролии муҳоҷират ва ниҳодҳои дигари вижа бо кумаки шаҳрдории Маскав дар пойтахти Русия аз 23 октябр оғоз ёфта, то 2 ноябр давом хоҳад кард.

Пулиси Маскав “Мигрант-2014”-ро “амалиёти фарогири фаврӣ-профилактикӣ” унвон карда, мегӯяд, шаҳрвандон метавонанд бо ду шумораи 102 ва 112 (барои телефонҳои мобил) ба мақомоти умури дохила аз мавридҳои барои онҳо маълуми нақзи қонунҳои муҳоҷират хабар диҳанд.

Бино ба гузориши расмии пулиси шаҳри Маскав, аз миёни муҳоҷирони боздоштшуда 10 нафар таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштаанд. Ҳамин тавр, дар 6 маврид бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ бара соси қисми якуми моддаи 322-юми Кодекси ҷиноии Русия парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд. Пулис мегӯяд, ҳамчунин танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар чорчӯби амалиёти “Мигрант-2014” 100 ҷиноят, бо шумули ғоратгарӣ, роҳзанӣ, тақаллуби аснод, қаллобӣ ва қочоқи маводи мухаддир ошкор шудааст.

Мақомоти пулис аз ифшои миллияти муҳоҷирони боздоштшуда худдорӣ мекунанд, вале як намояндаи расмии пулиси ҳавзаи шимолии Маскав рӯзи 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, асосан муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгир шудаанд.

Муҳаммади Эгамзод
Муҳаммади Эгамзод

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, то ҳанӯз як омори дақиқе дар бораи шумори муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик дар даст надоранд. Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорат ба Радиои Озодӣ гуфт, инки мақомоти Маскав шумори дақиқи шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистонро нашр накардааст, мояи нигаронии амиқи онҳост: “Хабарҳо роҷеъ ба боздошти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар воқеъ боиси нигаронист ва субҳи имрӯз дар ҷаласаи сафорат як мавзӯи асосӣ ҳамин масъалаи амалиёти “Мигрант-2014” буд. То ҳол мо ягон муроҷиати расмии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бораи боздошти онҳо дар ҷараёни ин амалиёт нарасидааст.”

Каримҷон Ёров, раҳбари “ЭтМос”, яке аз ҷамъиятҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав ба Озодӣ гуфт, як сабаби чунин ношаффофият метавонад фасод бошад, чунки амалиётҳои зидди муҳоҷирон маъмулан ба як манбаи пулкоркунии мақомоти мухталифи Русия табдил меёбанд.

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Ба гуфтаи Ёров, амалиёти “Мигрант-2014” на дар раҳу рӯ, балки асосан дар сохтмонҳову бозорҳо, базаҳои хӯрокворӣ ва амборҳои меваву сабзавот, яъне дар маконҳое сурат мегирад, ки бештар муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон кор мекунанд, ва ҳарчанд шумори тоҷикони дастгиршуда эълон нашудааст, ғолибан ин бор ҳам дар чунин амалиётҳо аксаран шаҳрвандони тоҷик дастгир шудаанд.

Амалиёти “Мигрант-2014” дар рӯзҳое оғоз ёфт, ки як ҳайати бузурги ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар Маскав қарор дошт ва яке аз масоили асосие, ки ин ҳайат бо мақомоти Русия баррасӣ мекард, ҳамин масоили марбут ба шароити муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар, аз ҷумла дар Маскав буд.

Ба ҳисоби созмонҳои муҳоҷирони тоҷик, дар шаҳру вилояти Маскав то 250 000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро манобеъи мухталиф аз 800 000 то 1,5 миллион нафар мешуморанд.

XS
SM
MD
LG