Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Тоҷикистон сарнавишти муҳоҷиронро баррасӣ кардааст


Сафири Тоҷикистон дар Русия дар мулоқоте бо Анатолий Кузнетсов, муовини раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия сарнавишти муҳоҷирони тоҷик ва амалиёти “Нелегал-2014”-ро баррасӣ кардааст. Имомиддин Сатторов дар ин мулоқот аз гузоришҳо дар бораи боздошту тафтиши теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ибрози нигаронӣ карда ва хостори шарҳи мақомоти рус дар ин замина шудааст. Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Анатолий Кузнетсов дар ин мулоқот ба сафири Тоҷикистон гуфтааст, дар амалиёти “Нелегал-2014”, ки мақомоти умури дохилии Маскав анҷом медиҳанд, танҳо 170 шаҳрванди Тоҷикистонро барои бозпурсӣ ба шӯъбаҳои умури дохилӣ бурда ва баъзе аз онҳоро барои риоят накардани муқаррароти иқомат ва дигар қавонин ҷарима кардаанд. Аз миёни ин афрод, 21 нафар барои таҳқиқоти баъдӣ ва тафтиши санадҳо дар боздошт мондаанд. Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ гуфт, гузоришҳо дар бораи онки бисёре аз 14 ҳазор муҳоҷирони кории зимни амалиёти “Нелегал-2014” бозпурсишуда, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, воқеият надорад ва амалиёти мазкур барои ифшо кардани тамоми муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия сурат мегирад. Мақомоти умури дохилии шаҳри Маскав тақрибан як ҳафта аст, амалиётеро таҳти унвони “Мигрант-2014” идома медиҳанд ва бар тибқи гузоришҳо дар муддати чанд рӯз 14 ҳазор муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷиро барои бозпурсӣ ба шӯъбаҳои пулис овардаанд. Баръакси маъракаҳои пешин дар ин мақомоти Русия аз овардани миллияти муҳоҷирони боздоштшуда ва ё қонуншикан худдорӣ мекунанд ва дар баёнияҳои катбии раёсати умури дохилии Маскав аксаран омадааст, ки “муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” дастгир шуданд. Бино ба гузоришҳо, дар Русия бештар аз 1 миллион нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG