Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориш: Тоҷикҳо дар садри феҳристи интиҳориҳои ДИИШ


Тибқи гузориши Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм мақарраш дар Ҳолланд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар садри ҷадвали нерӯҳои интиҳоркунандаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия қарор доранд. Бар пояи ин гузориш, шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва Мағриб (Марокаш) дар мақомҳои дувум ва савум қарор гирифтаанд.

Дар ин гузориши Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм бо номи "Ҷанг бо амалиёти интиҳорӣ", ки рӯзи 27 феврал дар вейсайти расмии ин ниҳод бо номи (War by Suicide: A Statistical Analysis of the Islamic State’s Martyrdom Industry) нашр шуд, омори амалиётҳои интиҳорӣ дар байни ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар фосилаи байни декабри соли 2015 то 30 ноябри соли 2016 баррасӣ шудааст.

Тибқи ин гузориш, 27 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ироқ ва Сурия амалиётҳои интиҳорӣ анҷом додаанд.

Ин гузориши Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм мегӯяд, ки 20 дарсади нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз хориҷ вориди Сурия ва Ироқ шудаанд ва 74 дарсад аз ин интиҳориҳо суриягиҳо ва ироқиҳо ҳастанд ва тобеияти 4 дарсади дигар маълум нест.

Дар ин гузориш шумораи бамбгузорони интиҳории тоҷик 27 нафар, Арабистони Саудӣ ва Мағриб ё 17 нафар, Тунис 14 нафар, Русия 13 нафар, Миср 11 нафар ва Фаластин 9 нафар эълом шудаанд. Дар ин гузориш омори интиҳориҳо аз бархе кишварҳо, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб ва Белгия низ зикр шудааст, ки аз ин ду кишвар як нафарӣ амалиётҳои интиҳорӣ анҷом додаанд.

Тибқи ин гузориши Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм, нерӯҳои интиҳоркунандаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз се шева ё равиш кор мегиранд, ки иборатанд аз нуфузи фарди интиҳоркунанда бо силоҳи маргбор байни мардум ба ҳадафи барҷой гузоштани шумораи бештари қурбониҳо, дувум истифода аз мошинҳои бамбгузоришуда барои ҳамла ба маконҳои серодам то шумораи кушташудаҳо афзоиш ёбад ва савум, ҳамла бо истифода аз камарбандҳои инфиҷорӣ.

Ин гузориш мегӯяд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар амалиётҳои интиҳории худ бештар аз шеваи дувум, яъне истифода аз мошинҳои бамбгузоришуда истифода мебарад, ки кор гирифтан аз ин шева 70 дарсад будааст. Нуфуз байни мардум бо силоҳи маргбор 20 дарсад аст ва 10 дарсади дигар низ шомили афроде аст, ки худро миёни мардум метарконанд. Бар асоси ин гузориш, гурӯҳи "Давлати исломӣ" 84 дарсад аз амалиётҳои худро алайҳи низомиён, 16 дарсад алайҳи ғайрнизомиён анҷом медиҳад ва дар ҳамла ба ғайринизомиён аз равиши савуми интиҳорӣ ё таркондани худ, истифода мекунанд.

Гузориши ин созмони байналмилалӣ дар мавриди шумораи бештарини шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия амалиётҳои интиҳорӣ анҷом додаанд дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик пайвастани шаҳрвандони кишвар ба ин созмонҳои тундравро мояи таҳдид ба амнияти кишвар медонанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи январи имсол гуфт, ки соли гузашта аз 36 амали террористӣ ҷилавгирӣ шуд ва дар пайи хунсо кардани ин талошҳои тахрибкорона, 50 нафарро боздошт карданд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, гурӯҳҳое, ки мехостанд дар хоки Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" буданд.

Мақомоти тоҷик то ба ҳол шумораи шаҳрвандони кишварро, ки ба сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ва дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, ҳудуди 1500 тахмин мезаданд. Аммо худи ҷангиёни тоҷик борҳо дар наворҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, сафи худро бештар аз ҳисобҳои мақомот донистанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG