Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Зуҳуров: ҲИУ ба Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад


Саидамир Зуҳуров
Саидамир Зуҳуров

Мақомоти додситонии Тоҷикистон мегӯянд, тайи як соли гузашта танҳо дар вилояти Суғд алайҳи 90 узви гурӯҳҳои ифротӣ парванда боз шудааст. Аксарияти ин афрод ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон айбдор мешаванд.

Исми ин ҳаракат дар ҳодисаҳои тирамоҳи соли гузашта дар Камароб низ пайваста вирди забонҳо буд ва худи ин гурӯҳ борҳо бо пахши пайғомҳои аудиоӣ ва видеоӣ собит кардааст, ки дар ҷараёни таҳаввулоти Тоҷикистон ва минтақа қарор дорад. Мавзӯи афзоиши пайравони ин ҳаракати тундгаро ва паёмадҳои он дар як сӯҳбати ихтисосии Радиои Озодӣ бо Сайдамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти Тоҷикистон матраҳ шуд.

Озодӣ: Ҷаноби Сайдамир Зуҳуров, ба майдон ворид шудани Ҳаракати исломии Узбакистон ба давраи раҳбарии шумо ба кумитаи амнияти миллӣ рост омад ва бидуни шубҳа, шумо дар бораи банду басти ин гурӯҳ иттилои бештар доред. Бигӯед, ки Ҳаракати исломии Узбакистон аз киҳо иборат аст ва ба сурати умум шаҳрвандони кадом давлатҳо аъзои ин гурӯҳ ҳастанд?

Сайидамир Зуҳуров: Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) созмони исломӣ ба ҳисоб рафта, хориҷ аз Ҷумҳурии Узбакистон соли 1996 ташкил гардидааст. Ба он асосан намояндагони ҳизбу гурӯҳҳои дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ, аз қабили "Ҳизби исломии эҳёгарӣ", «Одамгарӣ ва инсонпарварӣ», «Ҳизби исломии Туркманистон», «Лашкаркашони ислом» ва «Ҳизби адолатпарвар», дохил буда ва аз он пайравӣ мекунанд. Онҳо асосан дар муҳоҷират дар мамолики машриқзамин, аз қабили Афғонистон, Покистон, Арабистони Саудӣ ба сар мебаранд. Баъди созмони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, Тоҳир Юлдошев ба ҳайси роҳбари сиёсӣ ва Ҷумъа Ҳоҷиев бо тахаллуси «Намангонӣ» роҳбари бахши низомии он интихоб шуданд. Айни замон ҳардуи онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Ҷумъаи Намангонӣ соли 2001 ва Тоҳир Юлдошев соли 2009 дар натиҷаи амалиётҳои вижаи қувваҳои байналмилалӣ кушта шуданд. Оиди ин ҳаводис дар расонаҳои дунё сару садоҳои зиёде чоп шуд, ки шумо ва ҳамкасбонатон бояд аз онҳо огоҳӣ дошта бошед. Роҳбари кунунии ин ҳаракат Усмон Одил аст. Мавсуф яке аз одамони боэътимоди Тоҳир Юлдошев ба ҳисоб мерафт ва дар давраи роҳбарии ӯ вазифаи ҳисобдориро (хазинадорро) ба ӯҳда дошт.
Дуруст гуфтед, ки шаклгирӣ ва фаъолияти ин ҳаракат ба давраи вазирии банда, яъне сараввал дар вазифаи раиси КДАМ, баъдан вазири вазорати амнияти кишвар будан, рост меояд. Орзуи ягонаи ман ин аст, ки он солҳои мудҳиш ҳеҷ гоҳ такрор нашаванд. Тавре гуфтам, Ҳаракати исломии Узбакистон хориҷ аз ин кишвар, яъне дар Афғонистон, соли 1996 созмон ёфт. Дар марҳилаи аввали пайдоиш намоядагони ҳаракат дар якҷоягӣ бо собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик алайҳи ҳукумати қонунии кишвар ҷангиданд. Баъд аз дар соли 1997, баъди ба имзо расидани созишномаи сулҳ, ҷангиёни ҲИУ аз қаламрави кишвар хориҷ карда шуданд.

То соли 2002 ситоди ин Ҳаракат дар Қандаҳори Афғонистон воқеъ буд, ки маркази ҷунбиши «Толибон» ба ҳисоб меравад. Пӯшида нест, ки ҲИУ бо ҷунбишҳои «Толибон», «Ал-Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ихвон-ал-муслимин» ва амсоли инҳо робита дорад. Дар давраи амалиёти зиддитеррории нерӯҳҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ҷангиҳои ҲИУ якҷо бо «Толибон» дар ҷангҳои муқовиматӣ иштирок мекарданд. Баъд аз кушта шудани роҳбари низомии онҳо, ҳаракат ба минтақаи Вазиристони Покистон гузашт. Бинобар ин ҲИУ ба рӯйхатти созмонҳои террористӣ дохил карда шудааст.

Озодӣ: Тавре маълум, ин гурӯҳ мегӯяд, ки ҳадафи аслии он сарнагун кардани ҳукуматҳои секулярӣ ё дунёвӣ дар Узбакистон ва давлатҳои дигари минтақа аст. Ҳарчанд ин гурӯҳ аввалан танҳо мехост бо ҳукумати Узбакистон мубориза барад. Ба фикри шумо, сабаби тағйири барномаи ҲИУ берунтар аз Узбакистон дар чист?

Сайидамир Зуҳуров: Мақсади асосии ҲИУ мубориза ба муқобили ҳукумати кунуни Узбукистон аст. Барои расидан ба ин мақсад роҳбарони ҳаракат барпо намудани давлати исломиро аввал дар вилояти Фарғонаи Узбакистон, баъдан дар қаламрави тамоми Осиёи Миёна, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва қисматҳои уйғурнишини ҷумҳурии мардуми Чин таҳрезӣ карданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли мавҷудияташ, ҲИУ натавонист ин мақсадро дар амал пиёда кунад. Кишварҳои минтақа тавонистанд, ки иқтидори низомии худро барои мубоиза алайҳи терроризм тақвият бахшанд. Бинобар ин Тоҳир Юлдошев самти дигар, яъне мубориза алайҳи куфрро дар миқёси ҷаҳонӣ пеш гирифт. Бо ин мақсад ҷангиёни худро ба «Толибон» ҳамроҳ ва ба муқобили нерӯҳои байналмилалӣ сафарбар кард.

Вале ҷангу ҷидолҳои дохилӣ, ба майдон омадани шахсони нави ҷангҷӯй ва мансабталош ба коста шудани обрӯи Тоҳир Юлдошев ва дар аввалҳои соли 2000 ба якчанд гурӯҳ тақсимшавии ҲИУ сабабгор шуд. Яке аз ин гурӯҳҳо бо номи «Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ» буд, ки ахиран ба «Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ» табдил ёфтааст. Гурӯҳи номбурда идеологияи зиддиғарбиро пеш гирифта, мақсади сарнагун кардани ҳукумати ҳозираи Узбекистонро дорад. Дар ҳоли ҳозир як бахши ҲИУ, ки ба собиқ роҳбари худТоҳир Юлдошев содиқ боқӣ мондааст ва «Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ», ки дар Вазиристони Покистон истиқрор ёфтаанд, ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хатар доранд. Зеро бо созмону ҳизбҳои террористии «Ал-Қоида» ва ғайра робитаи наздик доранд ва мустақиман аз ҷониби онҳо аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ меёбанд.

Озодӣ: Оё ба назари Шумо ин гурӯҳ барнома дорад, ки мубориза бо ҳукуматҳоро фаротар аз доираи минтақаи Осиёи Марказӣ густариш диҳад?

Сайидамир Зуҳуров: Аз рӯи маълумотҳо, фаъолияти тахрибкорони «Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ», кайҳост, аз доираи Осиёи Марказӣ фаротар рафтааст. Масалан, солҳои 2007-2009 дар Германия, Туркия якчанд террористони ин гӯруҳ дастгир гардидаанд. Ин худ шоҳиди он аст, ки терроризм сарҳад надорад.

Озодӣ: ҲИУ аз куҷо кӯмаки молӣ мешавад ва манбаи молии ин гурӯҳ дар чист?

Сайидамир Зуҳуров: Бар асоси маълумотҳои расмӣ, ҲИУ аз тарафи фондҳои гуногуни байналмилалии иртиҷоии исломӣ пуштибонӣ мешавад. Дар ин кор саҳми фондҳои туркӣ, ба монанди «Ҷабҳаи бузурги ислом», «Ҳизби иттиҳоди бузург» ва ҳоказо, бештар ба назар мерасад. Илова ба ин аҳзоби калонтарини исломии Покистон - «Ҷамоати Исломӣ», Миср - «Ихвон-ал-муслимин». Арабистони Саудӣ - «Ташкилоти байналмилалӣ наҷот» ва ғайра ба ҲИУ кӯмаки молӣ менамоянд.

Озодӣ: Ҳоло ин гурӯҳ чи тавр шаҳрвандонро ба сафҳои худ мекашад ва аз кадом роҳҳо истифода мекунанд?

Сайидамир Зуҳуров: Дар бораи дар хориҷа ба сафи ин гурӯҳҳо сафарбар гардидани шаҳрвандон маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Ба ақидаи таҳлилгарон, барои ба миқдори кам ҳам бошад зиёд гардидани сафи тарафдорони на танҳо ҲИУ, балки ҳизбу ҷунбишҳои монанди исломии дигар, шароити кунуни вазнини иқтисодӣ-иҷтимоии икшварҳои минтақа, истифодаи роҳу усулҳои оштинопазир алайҳи экстремизми исломӣ ва ғайра низ сабабгор шуда метавонад. Инчунин агар ба гуфтаи таҳлилгарони сиёсӣ такя намоем, дар қаламрави мамолики минтақа ба истилоҳ «дилсӯзон»-и ин гурӯҳҳои террористӣ низ ёфт мешаванд.

Озодӣ: Ҳамчун нафари амниятӣ, хатари ин гурӯҳро то кадом андоза ҷиддӣ мешуморед?

Сайидамир Зуҳуров: “Ҳаракати Исломии Узбакистон», «Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ»-и Узбакистон дар ҳама вазъияту ҳолатҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад. Худатон шоҳид ҳастед, ки вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар намояндагони ин ҳаракат барои фаъолияти тахрибкорона дар қаламрави кишвар дастгир шуда истодаанд.
XS
SM
MD
LG