Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Антонов аз таҳдиди "Давлати исломӣ" ба Тоҷикистон


Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия.

Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия.

Вазорати дифои Русия аз таҳдиди гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба амнияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ҳушдор додааст.

Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия рӯзи 5-уми март зимни нишасти хабарӣ дар Маскав гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҳузури фаъол дорад ва ба амнияти Тоҷикистон таҳдид мекунад. Пеш аз ин ҳам бархе аз мақомҳои тоҷик, афғон ва рус гуфта буданд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҷойгоҳ пайдо кардааст.

Русия нигарон аст, ки ҳампаймонҳояш дар Осиёи Марказӣ аз сӯи Давлати исломӣ таҳдид мешавад. Анатолий Антонов дар ин нишасти хабарӣ гуфтааст, ки, "ҷангиёни гурӯҳи Давлати исломӣ ба таҳдиде барои кишварҳои Паймони амнияти дастҷамъӣ табдил ёфтаанд." Ба гуфтаи вай, бештари таҳдидҳо аз сӯи ин гурӯҳ равонаи Тоҷикистон аст, чун бо Афғонистон марз муштараки тӯлонӣ дорад.

Муовини вазири дифои Русия дар ин нишасти хабарӣ гуфтааст, ки бино бар маълумоте, ки ҷониби Русия дар даст дорад, нахустин дастаҳои гурӯҳи Давлати исломӣ дар минтақа ба фаъолият оғоз кардаанд. Вай таъкид кард, гурӯҳи "Давлати исломӣ" тасмим дорад, дар соли 2015 бо густариши фаъолияташ дар шимоли Афғонистон марзҳои ҷанубии кишварҳои ҳампаймони Русияро ноором созад.

Нерӯҳои давлати Афғонистон ҳангоми амалиёт

Нерӯҳои давлати Афғонистон ҳангоми амалиёт

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон низ қаблан гуфта буд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва касоне, ки мегӯянд бо ин гурӯҳ байъат кардаанд, дар бархе аз минтақаҳо ҷобаҷо шудаанд ва маълумоти истихборотии Раёсати амнияти миллии Афғонистон, фаъолияти онҳоро тасдиқ мекунад.

Вазорати дифои Амрико ҳам дар моҳи феврал гуфта буд, густариши фаъолияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар минтақа як нигаронии бузург аст. Шуморе аз мақомҳои дигар Пентагон гуфта буданд, ки "Давлати исломӣ" дар Афғонистон дар ҳоли шаклгирӣ қарор дорад.

Дар моҳи декабри соли 2014 Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфта буд, ки ҷангиён гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз бархе вилоятҳои шимолии Афғонистон, Осиёи Марказиро таҳдид мекунад ва онҳо якҷо бо бархе аз гурӯҳҳои террористии номаълум талош доранд,ба Осиёи Миёна роҳ ёбанд.

Изҳороти ахири муовини вазири дифои Русия дар робита ба таҳдиди гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон қаблан аз ҳузури ҷангиёни тоҷик дар сафҳои "Давлати исломӣ" хабар дода буданд. Тибқи иттилои мақомоти амниятии Тоҷикистон, беш аз 300 шаҳрвандони ин кишвар дар сафи ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд.

Аз сӯи дигар мақомоти афғон мегӯянд, ки зиёда аз 20 нафар аз ҷангиёни Осиёи Марказӣ ахиран дар амалиёте дар шимоли Афғонистон кушта шуда, хонаводаҳои онҳо ба асорат афтодаанд. Дар миёни онҳо як зан аз Тоҷикистон ва яке дигар аз Қирғизистон ва шаҳрвандони Қазоқистон низ будаанд.

Бо вуҷуди эъломияҳо аз хатари гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба Осиёи Марказӣ ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, давлатҳоои минтақа ин таҳдидро барои таҳкими қудрати худ ва аз саҳна хориҷ кардани рақибони сиёсияшон суистифода мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG