Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйири роҳи ҷангҷӯёни тоҷик аз Сурия ба Афғонистон


Ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар Афғонистон

Ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар Афғонистон

Манобеи Озодӣ дар бораи ба гурӯҳҳои марбут ба "Давлати исломӣ" дар Афғонистон пайвастани дастикам 5 нафар аз Тоҷикистон хабар медиҳанд. Зоҳиран ҷангҷӯён самти худро аз Сурия ба тарафи Афғонистон мегардонанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ҳоле нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД-ро барои омодабош даъват мекунад, ки мақомоти тоҷик аз хабари нави пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон хабар медиҳанд. Ҳоло дасти кам ҳузури панҷ ҷавоне, ки гумон мерафт, аз Русия ба Сурия рафтаанд, дар Афғонистон тасдиқ шудааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, тахмин мерафт, ин ҷавонон ба Сурия рафтаанд, аммо тафтишот маълум кардааст, ки онҳо ҳоло дар Афғонистон қарор доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ, як ҷавони тоҷик, ки ба гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ” пайваста буд ва моҳе пеш дар Афғонистон боздошт шуда ва баъдан ба Тоҷикистон интиқол ёфт, ин иттилоро тасдиқ кардааст.

Ҳамсӯҳбати мо аз як ниҳоди қудратии Тоҷикистон гуфт, дар дасти тафтишот иттилои дақиқ вуҷуд дошт, ки ин ҷавонон барои пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ аз Русия берун шудаанд ва то боздошти ин ҷавон ва шоҳидиаш тахмин мерафт, ки онҳо дар Сурия қарор доранд. Баъдан дар бозпурсиҳо ин ҷавон гуфтааст, ки ин панҷ нафар якҷо нарафтаанд, балки ҳар кадом алоҳида ва дар замони гуногун то Афғонистон расидаанд. Ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ҷавони боздоштшуда баъди дидани аксҳо чеҳраҳои ин ҷавонҳоро шинохта эътироф кардааст, ки онҳоро дар Афғонистон дидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран гурӯҳи мамнӯи “Ансоруллоҳ”, ки бовар меравад бахши осиёимарказии Ҳаракати Исломии Узбакистон аст, дар як баёнияи видеоии тозанашр дар Интернет эътироф кардааст, ки вулусволии Вардуҷи Бадахшони Афғонистонро бо кӯмаки ҷавонони тоҷики тоза ба онҳо пайваста, ғасб кардаанд.

Дар ин видео афроди мусаллаҳи чеҳраашон пӯшида бо забони тоҷикӣ сӯҳбат ва саҳнаҳои ҷанги ғасби Вардуҷро, ки гӯё онҳо дар он иштирок кардаанд, ба намоиш мегузоранд. Зимнан, гурӯҳи ифротии “Ансоруллоҳ”, ки гуфта мешавад дар ҳайаташ зодагони Тоҷикистон зиёданд, тобистони соли ҷорӣ дар бораи байъат ё пайвастанаш ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” хабар дод ва ҳоло зери парчами сиёҳи ин гурӯҳ фаъолият мекунад.

То кунун ҳузури тоҷикон дар сафи гурӯҳҳои ҷангҷӯи Афғонистон, мисли “Ҳаракати исломии Узбакистон”, “Толибон” ва “Ансоруллоҳ” тасдиқ шуда буд, аммо бори аввал мақомот пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистонро тасдиқ мекунанд. Моҳи ноябри соли равон бори аввал як сокини шаҳри Душанбе бо номи Нусратуллоҳ Кенҷаев дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуд, ки қасд дошт, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” бипайвандад.

Мақомоти тоҷик аз эҳтимол дур намедонанд, ки шумораи тоҷикон дар миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангӣ дар ин кишвар зиёд аст, аммо ҳоло танҳо ҳузури панҷ нафар собит шудааст.

Фаридун Ҳодизода.

Фаридун Ҳодизода.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, роҳи Афғонистон барои ҷавонони ифротии тоҷик нав нест, аммо ҷалби тозаи онҳо ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ин кишвар тамоюли нав ва хатарнок аст. Ӯ мегӯяд, қаблан тоҷикон ба гурӯҳи “Толибон” ва “Ҳаракати исломии Узбакистон” мепайвастанд ва тафовут ин буд, ки ин гурӯҳҳо ба амнияти Тоҷикистон ба таври мустақим таҳдид намекарданд, аммо ҳоло идеологияи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ба гуфтаи коршинос, аз Толибон фарқ мекунад.

Толибон борҳо эълон карданд, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла намекунанд, вале гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯирост ҳамла ба ҳама кишварҳоро ҳадафи аслии худ медонад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Ҳодизода, фаъол шудани гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дар Афғонистон хеле ҷиддӣ бояд гирифт.

Ӯ гуфт: “Сурия аз Тоҷикистон дур, аммо Афғонистон ба мо хеле наздик аст ва ҳар лаҳза убури ин гурӯҳҳо мумкин аст. Ҳукумати Афғонистон ҳам ҳоло марзҳои худро ҳамаҷониба назорат карда наметавонад, аз ин рӯ, нигаронии президенти Тоҷикистон дар бораи дар ҳолати омодабош қарор додани нирӯҳои СПАД як амри зарурист.

Ин коршинос мегӯяд, ки "ҳузури гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ба амнияти миллии мо дар қиёс ба Толибон хатари мустақим дорад. Идеологияи ин ду гурӯҳи ифротӣ аз ҳам хеле фарқ мекунад. Фаъол шудани гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи он воқеан хатарнок аст. Хуруҷи нерӯҳои Русия аз Кӯлоб боз ҳам ин хатарро бештар мекунад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳодизода, эҳтимол ба он хотир афроди ситезаҷӯ самти сафари худро аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон тағийр додаанд, ки дигар то Ховари Миёна рафтан барояшон кори осон нест. Ҳоло тамоми роҳҳои сафар ба манотиқи ҷангӣ, аз ҷумла тавассути Туркия, мушкил шудааст ва ҳамин чиз сабаби он мешавад, ки ҷавонони ҷангҷӯ ба самти Афғонистон ва гурӯҳи «Давлати Исломӣ» дар он кишвар ҳаракат кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи охири президентҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ даъват кард, ки нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД дар ҳоли омодабош қарор дошта

Russia – Summit of the Collective Security Treaty (ODKB), Moscow, 16May2012

Russia – Summit of the Collective Security Treaty (ODKB), Moscow, 16May2012

бошанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳоло "вазъи зудтағйирёбанда дар минтақа бо ҷалби нирӯҳои нав ҳолати мураккаби пешгӯинашавандаро ба миён овардааст ва дар назди созмон вазифаҳои нави бетаъхир мегузорад".

Фаъолшавии ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон дар як соли охир мушоҳида мешавад. Гурӯҳи ифротии “Ансоруллоҳ”, ки раҳбарии онро Амриддин Табаров, собиқ қумондони Иттиҳоди мухолифини пешин бар дӯш дошта, бештари аъзоёнаш тоҷикон ҳастанд, чанд моҳ пеш эълон дошта буд, ки ба ин гурӯҳ пайвастаанд.

Ҳаракати исломии Узбакистон, ки дар сафи он шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон шомил буданд, пароканда шудааст ва тибқи охирин гузоришҳо, аъзоёни зиндамондаи он ё узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” шудаанд ва ё дар асорати ин гурӯҳи дигари тундарав қарор доранд. То ду соли пеш мақомоти тоҷик мегуфтанд, танҳо ҳудуди сад тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон қарор доранд, ки бештари онҳо замони ҷанги шаҳрвандӣ ба ин кишвар рафтаанд.

Аммо тағийри самти сафари ифротиёни тоҷик аз Сурия ба Афғонистон ба бовари мақомот, таҳдидҳои амниятии зиёде бо худ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG