Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки гӯшти хар дар Тоҷикистон "ҳаром", аммо худи хар аз дастёрони беминнат ҳисоб мешавад, чиниҳо бештар ба гӯшти хар таваҷҷӯҳ доранд. Хадамоти бойтории Тоҷикистон иҷоза надод, дар кишвар корхонаи коркарди гӯшти хар ташкил шавад.

Фанфароқ шояд аз камтарин деҳаҳои наздик ба макони кори чиниҳо дар Тоҷикистон бошад, ки харҳояш аз дасти шаҳрвандони ин ҳамсояи бузург эмин мондаанд. Ин деҳа дар 21-километрии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ҷойгир буда, беш аз 20 хонавода дар он ҷо ба сар мебаранд, ки ҳар хонавода на камтар аз ду хар дорад.

Сокинони деҳаи дигар, ки шаҳрвандони Чин дар наздикиҳои он роҳ бунёд мекунанд, мегӯянд, ки агар чиниҳо гӯшти ин ҳайвони заҳматкашро бо чунин суръат истифода кунанд, аз эҳтимол дур нест, хар дар оянда ба як ҳайвони нодир табдил шавад.

Аммо Маҳмадраҷаб Мирзоев, сокини деҳаи Фанфароқ мегӯяд, коргарони чинӣ, ки роҳи самти Душанбе -Хуҷандро месохтанд, борҳо ба деҳаи онҳо барои харидории хар омада буданд, вале ҳеч сокин розӣ нашуд, то хар - ягона воситаи нақлия дар ин деҳаи дурдастро ба чиниҳо фурӯшанд.

Ин мард мегӯяд, дар зимистон роҳи онҳо баста мешавад ва танҳо тариқи хар имкони интиқоли молу маҳсулот имконпазир мешавад. Замоне мо ба ин деҳа рафтем, Маҳмадраҷб Мирзоевро банди алафкашонӣ тариқи ду хар дарёфтем.

Ӯ мегӯяд, дар кӯҳистон бидуни хар зиндагӣ имконнопазир аст: "Дар тобистон бо ин хар алаф мекашем ва барои зимистон захира мекунем. Дар тирамоҳ ҳезум мекашем. Дар зимистон, ки роҳҳо лой мешаванд, аз се километр дур маҳсулоти рӯзгорро тариқи хар ба деҳа меорем. Хар барои ҳамин деҳаи мо қиматтар аст. Аз 600 то 1,5 ҳазор сомонӣ харҳои мо нарх доранд."

Ҳафтае то сад кило гӯшти хар

Хар як ҳайвони боркаш дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки тоҷикон хӯрдани гӯшти онро ҷоиз намедонанд. Аммо як ширкати чинӣ аз Тоҷикистон хостааст, то барои коркарди гӯшти хар барояшон иҷоза бидиҳанд, аммо Хадамоти байтории кишвар ин дархостро рад кард. То кунун дар Тоҷикистон расман хурдани гӯшти ин ҳайвонро касе манъ накардааст.

Садриддин Холбоев, намояндаи як ширкати коркарди тило дар вилояти Хатлон, мегӯяд, аксари чиниҳо ҳамон андоза ба гӯшти хар таваҷҷӯҳ доранд, ки тоҷикон - ба гушти гӯсфанд. Холбоев мегӯяд, чиниҳо дар баробари гӯшти гов, инчунин ҳафтае то сад кило гӯшти хар истеъмол мекунанд. "Худашон бо сокинон доду гирифт мекунанд ва дар ивази 400-800 сомонӣ хар мехаранд. Мо ба онҳо кор надорем, чун хӯроки онҳо аз хӯроки коргарони тоҷик ҷудо ҳаст," -- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Коргарони чинӣ: Тоҷикон аз хархӯрӣ нафрат доранд

Ҳузури коргарони роҳсоз, бинокор, тоҷир ва кишоварзи чинӣ сол то сол дар Тоҷикистон бештар мешавад. Ҳоло бар асоси иттилои расмӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Чин ҳамчун муҳоҷир кор мекунанд. Мо барои сӯҳбат ба коргарони чинӣ ба ҳудуди ноҳияи Ёвон, 30 километр дуртар аз Душанбе рафтем. Дар роҳ ба сӯи ин ноҳия гурӯҳе аз наврасонеро вохӯрдем, ки савори хар ҳезум меоварданд.

Дилшод Тошев, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки харсавор аз самти Ёвон меомад, гуфт, ки ба маводи ғизоӣ табдил шудани харҳо

онҳоро нигарон мекунад. "Ҳамарӯза чиниҳо барои харидани хар меоянд. Аз деҳаи мо чандин харро харида бурданд. Бисёртар харҳои фарбеҳ ва нархарҳоро мехаранд. Ба касе, ки пул даркор бошад, мефурӯшад," -- мегӯяд Дилшод Тошев

Дар даромадгоҳи ноҳияи Ёвон ду коргоҳи марбут ба чиниҳо фаъолият мекунад, ки яке сангу шағал ва дигаре оҳак истеҳсол мекунад. Коргарони корхонаи сангу шағал мегӯянд, хӯрдани гӯшти хар ҳеч бадӣ надорад, аммо азбаски мардуми бумӣ онро ҳаром мешуморанд, чиниҳо низ кӯшиш мекунанд, бо хӯрдани гӯшти хар мардуми маҳаллиро аз худ дур накунанд.

“Ҳеч ҳайвон мисли хар истисмор намешавад”

Бахши аъзами сокинони Тоҷикистон, яъне 70 дарсад дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд ва хар барои ин қишри мардум вазифаи “нақлиёт”-ро иҷро мекунад. Хар об мекашонад, каҳу алаф меорад, аз бозор бор меорад ва соҳибашро аз маконе ба макони дигар мерасонад. Тоҷибек Норов, муовини раиси Хадамоти байтории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мардуми тоҷик ҳеҷ ҳайвонеро ба мисли хар зиёд истифода намекунад. Ӯ мегӯяд, байторҳо ҳамасола харҳоро рӯйхат мекунанд ва ваксинҳои зидди бемориҳо мегузаронанд.

Сафаралӣ Ғафуров, сокини деҳаи Фанфароқи ноҳияи Варзоб мегӯяд, парвариши хар кори соддаву осон нест. Ӯ мегӯяд, бисёриҳо харро як ҷонвари сарсахт медонанд, ки бидуни нигоҳубини хуб кор мекунад, аммо ин дурурст нест: “Дар деҳа гург ба хар таҳдид мекунад ва агар дуруст нигоҳ накунӣ, тӯъмаи гургҳо мешавад. Инро дар зимистон ҷаву коҳи хуб додан даркор аст, ки хизмат кунад. Парваришаш кори осон нест. Хар фақат якто ва гоҳо ду бача мезояд. Саршуморашро ҳам зиёд кардан мушкил аст.”

Ин мавзӯъ дар Тоҷикистон дар ҳоле дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт, ки ҳафтае пеш Хадамоти байторӣ дархости як ширкати чинӣ барои коркарди гушти харро рад кард.

Бар асоси иттилои расмӣ дар Тоҷикистон 186 ҳазор сар хар дар хидмати сокинон қарор дорад. Агар 6 ҳазор муҳоҷири чинӣ соле то се хар бихӯранд, он гаҳ ин захира ҳудуди даҳ сол кифоят мекунад. Дар сурати иҷозаи коркарди корхонаи гӯшти хар, сокинон шояд дар як сол бидуни хар бимонданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG