Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 нафар дар Эрон барои фурӯши гӯшти хар


Дар Эрон се нафар ба иттиҳоми дуздии хар ва фурӯши гӯшти он ба ресторанаҳои байнироҳӣ дастгир шудаанд

Хабаргузории «Меҳр»-и эронӣ менависад, ин афрод харҳоро дуздида сипас ба як қассобхона интиқол дода ва гӯшти онро барои фурӯхтан мекарданд.

Ба гузориши хабаргузории «Меҳр», рӯзи сешанбеи 13-уми март ба идораи пулиси минтақаи Ҳасанободи Қум хабар мерасад, ки се хар дуздида шудааст. Ин гузориш меафзояд, ки маъмурони пулис, соҳиби як қассобхонаро дар ҳоле, ки машғули пора кардани гӯшти хар буд, дастгир ва ба милисахона интиқол доданд. Истеъмоли гӯшти хар дар Ислом ҳаром аст.

Ба дунболи он ва пас аз бозҷӯӣ, молики қассобӣ гуфт: «Ду ҷавон харҳои забҳшударо дар ҳоле, ки ба пушти як мошин гузошта буданд, барои фурӯш ба мағоза оварданд ва гуфтанд, ки ду хари зиндаи дигар доранд, ки дар сурати тамоил барои харид, бо онҳо тамос бигирам.»

Нерӯҳои пулиси минтақа гуфтаанд, ки тавонистанд ду муттаҳамро шиносоӣ карда ва ду хар, ки ҳанӯз кушта нашуда будандро пайдо кунанд. Бар пояи ин гузориш, муттаҳамон гуфтаанд, пас аз дуздӣ ва забҳи харҳо, гӯшти онҳоро ба қассобхона фурӯхта ва қассоб низ онро ба бархе аз ресторанҳои байнироҳӣ барои дуруст кардани кабоби кӯбида, ба фурӯш мерасонд.

Бар пояи ин гузориш, муттаҳамон пас аз дастгиршавӣ ва эътироф, барои таҳқиқи бештар ба додгоҳ фиристода шуданд.

Гӯшти тақаллубӣ яке аз масъалаҳои доғ дар бозори беҳдоштии ғизо аст ва ҳатто дар Аврупо ҳам фурӯши ғайриқонунии гӯшти асп дар ҳоли ҳозир яке аз парвандаҳои рӯз мебошад.

Тақсими гӯшти хар ва ё улоғ дар Эрон дар ҳолест, ки дар остонаи соли нави ҳиҷрӣ-шамсӣ, қимати як килограм гӯшти гов дар ин кишвар ба ҳудуди 30 ҳазор туман ва ба гузориши рӯзномаи «Шарқ» нархи як килограм гӯшти гусфанд ба 38 ҳазор туман афзоиш ёфтаст. Қимати як доллар ҳамакнун дар бозори арзи Эрон, ҳудуди 3800 туман мебошад.
XS
SM
MD
LG