Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкор шудани як қассобхона дар деҳаи Манас, ки ба забҳи хар машғул будааст, тамоми мақомоти Қирғизистонро ба пой хезондааст.

Моҷарои ошкор шудани як қассобхона, ки ба таҳияи гӯшти хар машғул будааст, дар Қирғизистон доғтар мешавад. Бархе аз вакилони парлумони ин кишвар аз муовини нахуствазир ва вазири кишоварзӣ хостаанд, ба парлумон ҳозир шуда, ба суоли онҳо дар ин бора посух гӯянд.

Қассобхонае дар Қирғизистон, ки ба забҳи хар ва таҳияи гӯшти он машғул будааст, танҳо баъд аз як гузориш дар телевизиони ҷамъиятии Қирғизистон ё ОТРК ошкор шуд. Ин қассобхона дар рустои Манаси вилояти Чуй воқеъ будааст.

Гузоришгарон мегӯянд, дар қассобхона “калламанора”-и хар ва дигар аҷзои буридашудаи бадани онро мушоҳида кардаанд. Мэрим Боқир-қизӣ, хабарнигори телевизиони ҷамъиятии Қирғизистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гузориш бо хоҳиши сокинони маҳал, ки гӯиё аз кори соҳибони қассобхона огоҳ шудаанд, таҳия гардидааст.

Рӯзи 27 феврал дар рустои Манас гирдиҳамоии эътирозии сокинон

баргузор шуд ва онҳо хостанд, то ҷои забҳи харҳоро бубинанд. Эътирозгарон, инчунин, тақозо карданд, то гӯшти харҳое, ки дар ин қассобхона ҷамъ шудааст, дар пеши назарашон сӯзонда шавад. Баъд аз он фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса як кумисюни ҷамъиятӣ ҳам ташкил карданд, ки аз 15 нафар иборат аст.

Аммо Алмаз Такирбашев, раҳбари ширкати забҳи ҳайвонот бо номи “Кайтал”, рӯзи 25 феврал дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфтааст, онҳо гӯшти харро на барои сокинони маҳаллӣ, балки ба хориҷ содир мекарданд. Ба қавли ӯ, гӯшти харро ширкати хориҷии Solax trading LTD бар асоси қарордоде, ки миёни онҳо 14 декабри соли гузашта имзо шудааст, харидорӣ намудааст. Гӯшти хар, ба гуфтаи ӯ, бештар барои ғизои ҳайвонот дар боғи вуҳуши Ҳонконг таҳия шудааст.

Алмаз Такирбашев гуфтааст, онҳо аз рӯзи 20 январи соли ҷорӣ ба забҳи харҳо шуруъ карда, ин навъи ҳайвонотро бештар аз ҷануби Қирғизистон бар ивази ду ҳазорсомӣ дастрас кардаанд. Вай сарусадои расонаҳоро дар ин замина ба он рабт додааст, ки шояд касе мехоҳад ин тиҷорати сердаромадро аз худ кунад.

Дар ҳамин ҳол, маркази давлатии назорати беҳдоштии шаҳри Бишкек якҷоя бо идораи бойторӣ ба санҷиши қаҳвахона ва тарабхонаҳои ин кишвар пардохтааст. Токтогул Бозорбоев, масъули маркази давлатии назорати беҳдоштӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ низ нома фиристода ва дар он гуфтаанд, фурӯши гӯшти хар дар қаламрави ин кишвар мамнуъст.

Сокинони Тоҷикистон ҳам аз хӯрдани гӯшти хар парҳез мекунанд. Ин ҳайвон дар кишвар бештар барои обу боркашонӣ ва корҳои дигари саҳро истифода мешавад ва қиматаш дар бозорҳо аз якуним то ду ҳазор сомонист. Аммо мавзӯи харидуфурӯш ва забҳи хар дар Тоҷикистон ҳангоми сохтмони роҳи Душанбе-Чаноқ, ки дар он бештар чиноиҳо кор мекарданд, рӯ зада буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG