Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дархост барои коркарди гӯшти харро рад кардааст


Идораи бойтории Тоҷикистон мегӯяд, дархости тоҷирон аз Русияву Чин барои ташкили корхонаи коркарди гӯшти хар дар кишварро рад намудааст.

Идораи бойтории Тоҷикистон дархости тоҷирони русу чинӣ барои ташкили корхонаи коркарди гӯшти хар дар ҳудуди кишварро рад кардааст. Ин гурӯҳи тоҷирон қасд доштаанд, коркарди гӯшти харро дар Тоҷикистон ба роҳ монда, сипас ба Чин содирот намоянд.

Муллоҷон Амирбеков, сардори Идораи бойтории Тоҷикистон, 29 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин дархост соли ҷорӣ ба онҳо расида, вале бинобар вуҷуд надоштани заминаи зарурӣ рад карда шуд. Онҳо мехостанд, харро аз Тоҷикистону Қирғизистон харидорӣ кунанд”. Аммо ӯ афзуд худи тоҷирон низ баъд аз омӯзиши он ки Тоҷикистон чӣ қадар хар дорад, аз ташкили ин корхона даст кашидаанд: “Шумораи хар дар Тоҷикистон ба 184 ҳазор сар баробар аст ва дар Қирғизистони ҳамсоя – камтар. Инро дида, худи онҳо низ аз ташкили чунин корхона даст кашиданд.”

Сокинони Тоҷикистон аз хӯрдани гӯшти хар парҳез мекунанд. Ин ҳайвон дар кишвар бештар барои обу боркашонӣ ва корҳои дигари саҳро истифода мешавад ва қиматаш дар бозорҳо аз якуним то ду ҳазор сомонист. Мавзӯи харидуфурӯш ва забҳи хар дар Тоҷикистон ҳангоми сохтмони роҳи Душанбе-Чаноқ, ки дар он бештар чиниҳо кор мекарданд, рӯ зада буд.

Инчунин, моҳи феврали соли ҷорӣ ошкор шудани як қассобхона дар Қирғизистон, ки гӯиё ба таҳияи гӯшти хар машғул будааст, баҳси доӯеро барпо кард. Бархе аз вакилони парлумони ин кишвар аз муовини нахуствазир ва вазири кишоварзӣ хостанд, ки ба парлумон ҳозир шуда, ба суоли онҳо дар ин бора посух гӯянд. Қассобхонае дар Қирғизистон, ки ба забҳи хар ва таҳияи гӯшти он машғул будааст, танҳо баъд аз як гузориш дар телевизиони ҷамъиятии Қирғизистон ё ОТРК ошкор шуд. Ин қассобхона дар рустои Манаси вилояти Чуй воқеъ будааст.

Гузоришгарон гуфтанд, дар қассобхона “калламанора”-и хар ва дигар аҷзои буридашудаи бадани онро мушоҳида кардаанд. Мэрим Боқир-қизӣ, хабарнигори телевизиони ҷамъиятии Қирғизистон, он вақт ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин гузориш бо хоҳиши сокинони маҳал, ки гӯиё аз кори соҳибони қассобхона огоҳ шудаанд, таҳия гардидааст.

Аммо Алмаз Такирбашев, раҳбари ширкати забҳи ҳайвонот бо номи “Кайтал”, гуфт, онҳо гӯшти харро на барои сокинони маҳаллӣ, балки ба хориҷ содир мекарданд. Ба қавли ӯ, гӯшти харро ширкати хориҷии Solax trading LTD бар асоси қарордоде, ки миёни онҳо 14 декабри соли гузашта имзо шудааст, харидорӣ намудааст. Гӯшти хар, ба гуфтаи ӯ, бештар барои ғизои ҳайвонот дар боғи вуҳуши Ҳонконг таҳия шудааст.

Алмаз Такирбашев гуфтааст, онҳо аз рӯзи 20 январи соли ҷорӣ ба забҳи харҳо шуруъ карда, ин навъи ҳайвонотро бештар аз ҷануби Қирғизистон бар ивази ду ҳазорсомӣ дастрас кардаанд. Вай сарусадои расонаҳоро дар ин замина ба он рабт додааст, ки шояд касе мехоҳад ин тиҷорати сердаромадро аз худ кунад.

Дар ҳамин ҳол, маркази давлатии назорати беҳдоштии шаҳри Бишкек якҷоя бо идораи бойторӣ ба санҷиши қаҳвахона ва тарабхонаҳои ин кишвар пардохтааст. Токтогул Бозорбоев, масъули маркази давлатии назорати беҳдоштӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ низ нома фиристода ва дар он гуфтаанд, фурӯши гӯшти хар дар қаламрави ин кишвар мамнуъст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG