Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли пул аз Русия кам шудааст. Бори аввал дар 5 соли охир!


Муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Барои бори аввал дар дастикам 5 соли охир ҳаҷми пуле ки муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Втаан мефиристанд, рӯ ба коҳиш овардааст. Гуфта мешавад, гумон аст ки мардикорони тоҷик қуллаи 4-миллиарддолларии соли 2013-ро имсол ҳам фатҳ бикунанд.

Омори ахири Бонки марказии Русия нишон медиҳад, ки барои бори аввал дар дастикам як 5 соли охир ҳаҷми пули аз Русия ба Тоҷикистон фиристодаи муҳоҷирони корӣ кам шудааст.

Бонки марказии Русия мегӯяд, дар семоҳаи аввали соли 2014 аз ин кишвар ба Тоҷикистон 644 миллион доллар пул фиристода шудааст, ки назар ба семоҳаи аввали соли 2013 ин ҳудудан 35,7 миллион доллар ё 5,5 фоиз камтар аст.

Ҳамин тавр, маблағи миёнае ки дар як дафъа аз Русия ба Тоҷикистон мерафт, низ коҳиш ёфтааст. Агар дар семоҳаи аввали соли 2013 як муҳоҷир дар яке навбат ба Ватан 310 доллар пул мефиристод, имсол ин маблағ то ба 270 доллар расидааст.

Бино ба омори Бонки марказии Русия, солона аз ин кишвар ба хориҷ зери 60 миллиард доллар пул интиқол дода шуда, аммо аз хориҷа ба Русия дар сол 19 миллиард доллар пул меояд. Барои мисол, дар соли 2013 аз Тоҷикистон ба Русия 586 миллион доллар пул рафта, аз он тараф ба навбаи худ ба Тоҷикистон ва асосан тавассути муҳоҷирони кории тоҷик 5 маротиба бештар (!!!), яъне 4 миллиарду 173 миллион доллар пул омадааст, ки ин беш аз нисфи 40 миллиард сомонӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил дода, аз 15 миллиард сомонӣ ҳаҷми буҷаи солонааш ҳатто қариб 40 дарсад бештар аст.

Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 1 170 825 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд. Мақомоти тоҷик шумори муҳоҷирони кориаш дар Русияро бештар ба далоили сиёсӣ, аз ҷумла дар пешорӯи интихоботи президентии моҳи ноябраш хеле камтар – дар ҳудуди 800 000 нафар рақам мезад. Вале касе – на мақомот, на матбуот ва на маҳофил – дар Тоҷикистон саҳми умдаи муҳоҷирон дар таъмини суботи иҷтимоӣ ва ҳам чархондани чархи аробаи ҳам иқтисоди Тоҷикистон дар маҷмӯъ ва ҳам дар таъмини рӯзгори хонаводаҳои алоҳида рад намекунанд.

Аз ин рӯ, рӯ ба коҳиш овардани ҳарду нишондиҳандаи асосиии саҳми муҳоҷирони тоҷик – ҳам ҳаҷми пули фиристодаи онҳо ва ҳам маблағи миёнае ки дар як навбат аз Русия ба Тоҷикистон ирсол мешавад, бисёриҳоро нигарон сохтааст. Дар солҳои 2008-2009 коҳиши пули фиристодаи муҳоҷирон ба иллати бӯҳрони иқтисодие буд, ки аз пои қариб ҳамаи дунё гирифта буд.

Аммо оё ин бор чӣ далели сабаби кам шудани дастранҷи мардикорони тоҷик дар Русия ва таъбан ҳаҷми пуле шудааст, ки ин мардум ба наздикони худ дар Тоҷикистон мефиристанд?

Баъди онки кишварҳои Ғарб ба далели дахолатҳояш дар Украина алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ карданд, интизороте мерафт, ки ин таҳримот метавонад боиси кунд шудани суръати рушди иқтисодии Русия шуда, ба гунаи ғайримустақим ба ҷайби муҳоҷирони корӣ дар бозори кори ин кишвар низ таъсир гузорад. Аммо ба назари таҳлилгарон, таҳримҳои байналмилалӣ, ки то ҳоли ҳозир бештар намоишӣ ва ҳушдордиҳанда буданд, ҳанӯз ба вазъи бозори кори Русия таъсири чандоне накардааст, то иқдомҳое ки худи ҳукумати Русия алайҳи муҳоҷирон рӯи даст мегирад.
Беки Раҳмонӣ
Беки Раҳмонӣ
Беки Раҳмонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Маскав низ мегӯяд, то ҳол хабаре дар ин бора ки ягон корхона ё ширкат ба далели таҳримот аз кор монда ваё маоши коргаронашро кам карда бошад, нашр нашудааст, вале: “Шояд зиёд бекор мондани мардуми точик дар Руссия сабаб шуда бошад. Чунки аз имсол дар бештари сохтмонҳо ва корхонаҳои бузург танҳо шаҳрвандони Русияро ба кор мегиранд ваё тоҷиконеро ки шаҳрвандии Русияро доранд. Онҳое ки шаҳрвандии ин кишварро надоранд, назар ба мардуми маҳаллӣ музди камтар медиҳанд. Омили дувум, ба назарам, зиёд шудани мавридҳои радди марз шудани мардикорони тоҷик дар Русия аст.”

Аммо аз тарафи дигар, дар пайи бӯҳрони Украина қурби пули русӣ дар муқобили доллару евро ба шиддат коҳиш ёфт, ки ин низ ба бозори интиқоли пул бетаъсир набудааст. Ҳоло рубли русӣ як каме гӯё ҷон мегирад, вале ба ҳар сурат, назар ба аввали сол қариб 17 дарсади қурбашро гум кардааст.

Ба бовари таҳлилгарон, зоҳиран раванди коҳиши ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Тоҷикистон, ба ҳамин минвол идома хоҳад ёфт. Аз сӯи дигар, ин раванд метавонад ҳатто суръат бигирад, агар таҳримҳои байналмилалӣ ба зидди Русия боз ҳам шадидтар шаваду ба суръати рушди иқтисодиаш таъсир кунад. Дар он сурат як қисмати бори сангини ин таҳримҳо ба дӯши мардикорони хориҷӣ хоҳад уфтод. Ва ин, албатта, ба вазъи мардум дар Тоҷикистон бетаръсир намемонад.

Беки Раҳмонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Маскав мегӯяд: “Мегӯянд, ҷанги хона аз бенонист. Дар сурати боз ҳам коҳиш ёфтани интиқоли маблағ ба Тоҷикистон, ба назари ман, дуздиву ғоратгариву сарҳадшиканиву ҳероинфурӯшӣ ва ҷиноёти дигар ҳатман авҷи бештар мегирад.”

Омори нашркардаи Бонки марказии Русия ҳамчунин ҳокист, ки интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қазоқистон, низ коҳиш ёфтааст. Дар семоҳаи аввали соли 2014 аз Русия ба Узбакистон 910 миллион доллар ( 120 миллион доллар камтар аз як соли пеш), ба Қирғизистон 386 миллион доллар (6,2 миллион доллар камтар) ва ба Туркманистон 6,5 миллион доллар (2,2 миллион камтар) пул рафтааст. Ва танҳо Қазоқистон, ки мисли Туркманистон ва ба фарқ аз Узбакистону Тоҷикистону Қирғизистон аз пули муҳоҷиронаш вобаста нест, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия 93,2 миллион доллар пул гирифтааст, ки ин назар ба семоҳаи аввали соли гузашта 5,9 миллион доллар бештар будааст.

Коршиносон мегӯянд, агар Русия ҳадди ақал як суръати минималии рушди иқтисодиашро, барои мисол, дар ҳадди ҳатто то 1 дарсад ҳифз кунад, метавон умедвори зуд пушти сар шудани ин марҳалаи навбатии сахтиҳо барои муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар шуд. Вале кам касе бовар дорад, ки ин артиши дастикам якмиллионнафарии мардикорон имсол ҳам битавонанд рекорид 4-миллиарддолларии соли 2013-ро фатҳ кунанд. Интизор меравад, ки ҳаҷми пулҳои аз Русия ба Тоҷикистон ирсолшуда имсол дар ҳадди ягон 3,6 – 3,7 миллиард доллар, яъне сатҳи соли 2012, қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG