Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири ҳаводиси Украина ба ҷайби муҳоҷирони тоҷик


Бонки осиёи рушд дар гузориши тозааш гуфтааст, ки бӯҳрони Украина ва таҳримҳои зидди Русия ба ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон низ таъсир хоҳад кард.

Коҳиши эҳтимолии маблағҳое, ки муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд, дар ҳоле ки даромади кишвар аз алюминий ва пахта ба иллати поин рафтани нархи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ низ кам мешавад, метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ занад.

Муҳоҷирони корӣ дар соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 4 миллиарду 154 миллион доллар оварданд, ки аз нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар зиёдтар аст.

Қаҳҳор Аминов, иқтисодшиноси намояндагии Бонки осиёии рушд дар Душанбе рӯзи 5-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи таҳлилу баррасиҳои вазъи иқтисоди Русия, ки аз кишвари асосии муҳоҷирпазири Тоҷикистон аст, ба чунин нитиҷа расиданд. Вай гуфт: «Иқтисоди Русия ҳоло вориди як давраи рукуд шудааст. Инро аллакай созмонҳои байналмилалии молиявӣ назири Сандуқи асъор эътироф кардаанд. Чун беш аз 90 дарсади муҳоҷирони мо дар Русия ҳастанд ва иқтисоди ин кишвар рушд намекунад ва дар ҳоли рукуд аст, метавон гуфт, ки дар соли ҷорӣ коҳиш ёфтани маблағҳои интиқолии муҳоҷиронро мо мушоҳида хоҳем кард.»

Ҷаноби Аминов афзуд, нишонаҳои коҳиши рушди иқтисоди Русия ҳанӯз қабл аз ҳаводиси Укроина зуҳур карда буд. Ба таъкиди Қаҳҳор Аминов, печида шудани авзоъ дар Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия вазъи иқтисоди ин кишварро боз ҳам бадтар мекунад. Аз ин рӯ, Бонки осиёии рушд дар ояндабинии тозаи худ доир ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2014 ба эҳтимоли коҳиш ёфтани интиқоли пули муҳоҷирон таъкид мекунад.
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Дар ин гузориш омадааст, дар соли 2013 маҷмӯи маҳсулоти Тоҷикистон маҳз бар пояи афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон аз хориҷ рушди ҷашмгире дошт ва ба 7, 4 дарсад расид. Аммо гуфта мешавад, бинобар поин рафтани нархи алюминий ва пахта дар бозори ҷаҳонӣ ва кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон имсол рушди иқтисод кундтар шуда, то ба ҳадди 6 дарсад хоҳад расид.

Ниҳодҳои Тоҷикистон аз додани иттилоъ дар мавриди ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон худдорӣ мекунанд, аммо дафтари матбуоти Бонки марказии Русия дар як сӯҳбати катбӣ ба Озодӣ гуфт, омори пулҳои интиқолӣ ба Тоҷикистон дар семоҳаи соли ҷорӣ дар ҳоли ҷамъбаст шудан аст ва тибқи ҳисобҳои қаблӣ, ҳаҷми он нисбат ба семоҳаи аввали соли 2013 ҳудуди 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, мавҷи асосии интиқоли пул ба Тоҷикистон аз сӯи муҳоҷирон аслан дар фасли тобистон фаро мерасад ва омори аввали сол ҳанӯз ба маъное нест, ки чунин коҳиш то охири сол идома кунад.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод мегӯяд, эҳтимол саҳми пули муҳоҷирон дар иқтисоди кишвар назар ба соли гузашта зиёд боло наравад, аммо он дар маҷмӯъ камтар низ нахоҳад шуд. Вай мегӯяд: «Ҳар сол муҳоҷирони тоҷик назар ба соли қаблӣ 18-20 дарсад зиёдтар ба Ватан пул мефиристанд. Аз ин рӯ ман фикр мекунам, ки бо назардошти кундшавии рушди иқтисоди Русия, танҳо суръати афзоиши пулҳои муҳоҷирон кам мешавад. Вале дар маҷмӯъ, ҳаҷми пули эшон аз соли гузашта набояд камтар шавад. Чунки тахассуси муҳоҷирони мо дар Русия сол аз сол беҳтар мешавад ва мутаносибан онҳо пули бештар кор карда, ба ватан мефиристанд».

Ҳоҷимуҳаммад Умаров афзуд, дар айни замон коҳиши нархи алюминий ва пахта дар бозори ҷаҳон ба вазъи хонаводаҳои тоҷик чандон таъсире нахоҳад дошт, чунки бештари даромади оилаҳои тоҷик аз ҳисоби муҳоҷират аст. Аз ин рӯ, ба таъкиди ӯ, аз коҳиш ёфтани нархи алюминий ва пахта бештар тоҷирон ва мансабдорони алоҳида зарар мебинанд, на аксарияти оилаҳои тоҷик.

Расонаҳои Тоҷикистон ба ин нукта низ ишора мекунанд, ки дарёфти осонтари шаҳрвандии Русия ва ба ин кишвар кӯч бастани тоҷикон, агар ба ҳамин маҷро идома кунад, интиқоли пул ба Тоҷикистонро коҳиш хоҳад дод, зеро муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, хонаводаҳои худро ҳам ба Русия мекӯчонанд ва дигар зарурат нахоҳанд дошт, ба Тоҷикистон пул фиристанд.
XS
SM
MD
LG