Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаводиси Украина ба ҷайби Русия ва муҳоҷирон зарба зад


Як намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳаводиси Украина ба вазъи иқтисодии Русия таъсири манфӣ расонидааст ва ин чиз метавонад ба ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирин асар гузорад.

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи ҳаводиси Украина ва эъмоли таҳримот алайҳи Русия аз сӯи кишварҳои пешрафта ва ғарб ба вазъи иқтисодии ин кишвар таъсири манфӣ расонидааст ва ин амр метавонад ба ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирин низ асар гузорад.

Зеро, ба гуфтаи масъулони Бонки миллии Тоҷикистон, кунд шудани рушди иқтисод дар Русия пас аз ҳаводиси Украина рӯшан ба назар мерасад ва агар ин вазъият идома пайдо кунад, он ба шароити будубош ва даромади муҳоҷирони кории тоҷик низ бетаъсир нахоҳад монд.

Бахтиёр Баҳриддинов, раҳбари Департаменти тавозуни пардохти Бонки миллӣ рӯзи 4-уми апрел дар як ҳамоиши байналмилалии марбут ба паёмадҳои иқтисодии муҳоҷирати кррӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, "вуҷуди нишонаҳои кундшавии рушди иқтисодро Элвира Набиулина, раиси Бонки марказии Русия низ эътироф кардааст.

Дар чунин шароит, ба таъкиди ҷаноби Баҳриддинов, «Тоҷикистон, ки аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон сахт вобаста аст, иқтисоди кишвар осебпазир хоҳад шуд. Пулҳои интиқолӣ 50,6 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил мекунад. Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки 93 дарсади кулли интиқолҳо аз Русия меоянд. Агар дар Русия буҳрон зуҳур кунаду муҳоҷирон ҷойҳои кори хешро аз даст диҳанд, ин ба поин шудани воридоти сармоя ба Тоҷикистон боис мешавад».

Ҷаноби Баҳриддинов афзуд, ки интиқоли пулҳо то дараҷае ба иқтисоди Тоҷикистон асар дорад, ки каму зиёд шудани он натанҳо ба сатҳи воридот, ҳатто ба ҳаҷми содирот ҳам таъсир мерасонад. Аз ин рw, ба таъкиди Баҳриддинов, нодида гирифтани омили самарабахши пулҳои интиқолӣ, бемантиқ ва бехирадона аст.


Зимнан, бархе аз коршиносон ва иқтисоддонҳо мегӯянд, пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ натанҳо заъф ва осебпазирии иқтисоди Тоҷикистонро нишон медиҳанд, балки ин маблағҳо барои кишвар як шонси таърихиеро барои пешрафт ва рушд эҷод кардаанд.

Баҳром Шарипов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ин ки дар чанд соли охир ҳаҷми пули интиқолдиҳандаи муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан афзоиш меёбад ва албатта ин раванди ҳамешагӣ нест ва ҳукумати Тоҷикистонро месазад аз он истифода кунад: «Пулҳои интиқолӣ барои мо шонси таърихиро фароҳам овардаанд, ки барои мисол, дар давоми панҷ сол саноати худро ба вуҷуд орем. Агар мо ин шонсро истифода накунем, мо онро барои ҳамешагӣ аз даст медиҳем. Баъдан ояндагон ин шонсро чун «10-солаи аздастрафта» ёд хоҳанд кард ва мо маҷбур хоҳем шуд боз ҳама чизро аз сифр оғоз кунем.»

Ҷаноби Шарипов афзуд, ҳоло бояд иқтисоддонҳои Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар механизм ё наҳваи ҷалби пули муҳоҷирон барои рушди иқтисоди кишварро пешниҳод кунанд, то ки давлат аз ин сармоя барои рушди кишвар ба таври муассир истифода кунад.

Чунки ба таъкиди ҷаноби Шарипов, пулҳои интиқолии муҳоҷирон, дар шароити Тоҷикистон аз сарчашмаҳои хеле собити молӣ ҳастанд ва ҳатто дар бӯҳрони молии соли 2008 низ вазъияти иқтисодии кишварро дар ҳоли эътидол нигоҳ доштанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бино ба арқоми ахири нашркардаи Бонки марказии Русия дар соли 2013 аз ин кишвар ба Тоҷикистон 4 миллиарду 173 миллион доллар маблағ фиристода шуда аст, ки дар муқоиса ба соле қабл 14 дарсад бештар аст. Соле аз Тоҷикистон дар Русия на камтар аз як миллион аҳолӣ дунболи кор мегардад.
XS
SM
MD
LG