Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонаводаи Эргаш Иноятов азо дорад. Баъди беш аз ду моҳи ҷустуҷӯи писар онҳо - Ислом Иноятов хабари маргашро аз матбуот дарёфтанд. Аниқтараш, аз рӯи акси нашршуда дар матбуот фаҳмиданд, ки писари нопайдои онҳо даргузаштааст. Ин ҳамон ҷавонест, ки ахиран вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо пахши сураташ дар паҳлӯи репсаро Баха-84 аз мардум даъват кард, ҳуввияти ӯро бишносанд.

Хабарнигори радиои Озодӣ хонаводаи Иноятовҳоро дар Душанбе рӯзи 27 мотамзада пайдо кард. Модараш гуфт, ки тавони сӯҳбат кардан бо матбуотро надорад. Танҳо аммаи Ислом Иноятов гуфт, ки "Ислом ҳамин сол мактаби миёнаро хатм карда ва мехост ба донишкадаи низомӣ дохил шавад, аммо муваффақ нашуд”. Ба гуфтаи аммааш, писар бисёр дилозурда буд ва тасмим гирифт ба шаҳри Хуҷанд барои сайругашт равад.

Баъди нопадид шудани писар ва қатъ шудани робита бо ӯ, оила барои кӯмак дар пайдо кардани писар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кард. Давоми ду моҳ, ба гуфтаи аммаи Исломи марҳум, исми ӯ дар ҷустуҷӯ буд. Ҳоло онҳо “дар тааҷҷубанд, ки чаро пулис дар ин муддати ду моҳ шахсияти ӯро маълум карда натавонистааст”.

Дар ҳамин ҳол, падару писарамаки ин ҷавон барои зиёрати манзилҷогаи вай ба Хуҷанд рафтаанд. Эргаш Иноятов ба кормандони пулис гуфтааст, ки қасди бурдани ҷасади писараш аз Хуҷандро надорад, чун насибаш ҳамин будааст ва дар ин ҷо ҷон додаву хоксупорӣ шудааст.

Дар ҳоле, ки мақомот сабаби эҳтимолии марги писарро худкушӣ гуфтаанд, барои хешовандон марги ӯ мармуз монд.

Рӯзи 25 октябр ​Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҷасади ҷавонеро, ки дар паси як мактаби миёнаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайдо шуда буд, баъди ду моҳи нигоҳдорӣ дар сардхона ба хок супурданд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 25 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз тариқи тамоми расонаҳои кишвар акси ӯро нашр карданд, вале касе шахсияти ӯро нашинохт.

"Дар тамоми расонаҳо аксаш нашр шуд, аммо касе пайдо нашуд, ки ӯро шиносад ва ҷасадашро соҳибӣ кунад. Аз ин рӯ, тибқи муқаррарот гӯру чӯб карда шуд", - гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Бахтиёр Қосимов, маъруф ба Баха-84

Бахтиёр Қосимов, маъруф ба Баха-84

Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ташхиси пизишкӣ-додгоҳӣ маълум кард, ин ҷавон худкушӣ кардааст. Аммо гуфтанд, ба далели пайдо нашудани наздикону дӯстон ва маълум набудани вазъи зиндагӣ иллати чунин рафтори ҷавон норӯшан боқӣ мондааст. Ҷасади ӯ субҳи 5 сентябри соли ҷорӣ дар паси як мактаби миёнаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайдо шуд.

Аз телефони ҳамроҳи ин ҷавон як акси ӯ бо рэпсарои маъруф Бахтиёр Қосимов, маъруф бо Баха-84 пайдо шудааст. Рэпсарои тоҷик Бахтиёр Қосимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтишот дар робита ба пайдо шудани ҷасади ин ҷавон ба ӯ муроҷиат кардааст, вале ӯ гуфтааст, ки ин ҷавонро намешиносад. Вай афзуд, “ҳамеша баъди консертҳо мухлисон бо ман акс мегиранд ва ин ҷавон ҳам аз он ҷумла аст, ки бо ман акс гирифтааст.”

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, чанд рӯз пеш аз дарёфти ҷасади мазкур барномаи консертии Баха-84 дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд баргузор шуда, ин ҷавон бо ҳамроҳии Баха-84 акс гирифтааст.

XS
SM
MD
LG