Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рэпсарои тоҷик Бахтиёр Қосимов, маъруф бо тахаллуси Баха-84, рӯзи 11 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтишот дар робита ба пайдо шудани ҷасади ҷавоне ба ӯ муроҷиат кардааст. Вай гуфтааст, ин ҷавонро аслан намешиносад. Пулис баъди он ба овозхон муроҷиат кардааст, ки дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ дар робита бо ошкор шудани ҷасади ҷавонмарде дар вилояти Суғд як акси муштараки нафари фавтида ва овозхон Баха-84 пайдо шудааст.

Бахтиёр Қосимов, маъруф бо тахаллуси Баха-84, дар сӯҳбати телефонӣ рӯзи сешанбе гуфт, "мутаассифона", ин ҷавонро намешиносад. Вай афзуд, "ҳамеша баъди консертҳо мухлисон бо ман акс мегиранд ва ин ҷавон ҳам аз он ҷумла аст, ки бо ман акс гирифтааст".

Бахтиёр Қосимов, маъруф ба Баха-84

Бахтиёр Қосимов, маъруф ба Баха-84

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, чанд рӯз пеш аз дарёфти ҷасади мазкур барномаи консертии ҳунарманди шинохта Баха-84 дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд доир гардида, ин ҷавон бо ҳамроҳии Баха-84 расм гирифтааст.

Хулосаҳои нави тафтишот: Ҷавон худкушӣ кардааст

Дар ҳамин ҳол, масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ташхиси пизишкӣ-додгоҳӣ маълум кард, ки ин ҷавон худкушӣ кардааст. Ҷузъиёти бештари марбут ба ин ҳодиса маълум нест. Мақомоти Вазорати умури дохилӣ дар як муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар шиносоии ҳуввияти ин ҷавонмарг дархости кумак ва ҳамкорӣ бо тафтишот кардаанд.

ВКД: Кумак кунед!

Ба қавли мақомот, ин ҷасад ҳоло дар сардхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарор дошта, то ҳол шахсияташ ошкор нашудааст ва ҳеҷ нафар аз наздикон ё хешутабораш аз худ дарак надодаанд. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "5-уми сентябри соли ҷорӣ тахминан соатӽои 06:00, аз ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Б.Ғафуров, аз қисми қафои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29, ҷасади ҷинсаш мард, шахсияташ номаълум, тақрибан 18-23 сола дарёфт карда шуд ва ҳамакнун дар сардхона аст, ки бо гузашти беш аз 1 моҳ ҳанӯз касе ба суроғаш наомадааст".

Ҳамеша пас аз консертҳо мухлисон бо ман акс мегиранд ва ин ҷавон ҳам аз он ҷумла аст, ки бо ман акс гирифтааст.

Ба гуфтаи ин масъулон нишонаҳои махсуси ин фард: қадаш 165 -170 см, мӯйи сараш сиёҳ, рӯяш даврашакл, биниаш рост, дар танаш куртаи варзишии хокистаранги остиндароз бо навиштаҷоти «CANADA», шими ҷинси рангаш кабуд ва дар пояш пойафзоли варзишӣ дорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мухлисони ҳунарманд ва тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошанд, бо «Телефони боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, ё ба қисми навбатдории шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Бобоҷон Ғафуров бо рақами (83442)-3-22-35, 92-888-06-71 дар тамос шаванд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муддати зиёда аз як моҳ мешавад, ки ҷасади мазкур дар сардхонаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор дошта, шахсияташ то айни замон номаълум боқӣ мондааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG