Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худоҳофизӣ"-и Шон МС (Shon MC) бо рэп (2 ВИДЕО)


Шон МС
Шон МС

Шаҳбоз Шарифов, маъруф бо лақаби Шон МС, ки ҳафт сол боз рэпхонӣ мекард, эълон дошт, аз ин навъи овозхонӣ даст кашидааст.

Шаҳбоз Шарифов, маъруф бо лақаби "Шон МС", ки ба қавли худаш тӯли ҳафт соли охир ба рэпсароӣ машғул буд, аз саҳна канор рафтааст. Ӯ 23 сол дорад ва дар як сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ба далели мушкили молӣ маҷбур шуд, аз хондани рэп даст кашад, аммо афзуд, маълум нест ин вазъ чӣ қадар идома хоҳад кард.

Абдусалом Шарифов, падари Шаҳбоз, ки дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе машғули рӯзномафурӯшист, аз ин тасмими писараш истиқбол кард ва онро вафои Шон МС ба ваъдааш номид. Ба қавли Шарифов, Шон МС қаблан ба онҳо ваъда карда будааст, ба ин навъи таронахонӣ поён хоҳад дод.

Шаҳбоз пеш аз он ки аз саҳнаи рэп канор равад, дар оғози моҳи март таронаеро бо номи "Суруди охирин" сабт карда, ба бозор баровард. Ӯ дар ин тарона ба мухлисонаш аз тасмими худ барои канор рафтан аз саҳнаи рэп хабар дода, ба онҳо барои он ки тӯли ҳафт сол ҳамроҳаш будаанд, сипосгузорӣ низ кардааст.

Консерти охирини Шон МС дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Нодир, ҷавони 17-сола, ки аз мухлисони Шон МС будааст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз чунин тасмими овозхони дӯстдоштааш дар ҳайрат мондааст. Чаро ки, ба гуфтаи ӯ, "дар солҳои охир Шон МС ба ҷои сурудҳои кӯчагии бемаъно таронаҳои хуби мувофиқ ба дили моро иҷро мекард".

Вале Шон МС мегӯяд, рафтани ӯ на ба шеваи таронахонияш, балки бештар ба мушкили молӣ рабт дорад, ки то ҳоло натавонистааст барои мухлисони худ ақаллан як клипи хубу ҳирфаӣ наворбардорӣ кунад. "Дар ҷавоб ба муҳаббатҳои беохири мухлисон наметавонам ҳадди ақал як клипи ҳирфаӣ омода созам. Танҳо зӯрам ба сурудҳо дар шакли MP3 мерасад ва он ҳам дар студияҳое, ки сифати хуб надоранд. Ман ҳатто студияи шахсии худро надорам,"-гуфт Шаҳбоз.

Рэпсароӣ дар тӯли тақридан даҳ соли охир дар Тоҷикистон рушд карда, гурӯҳҳои мухталифе ба ин навъи таронахонӣ машғуланд. Вале мухолфиони рэп ин гурӯҳҳоро бештар ба занбурӯғи баъди борон шабоҳат медиҳанд, ки хеле зиёданду баъзеашон аслан ба дард намехӯранд.

Шон МС низ мегӯяд, дар оғози рэпхонӣ ӯ бештар аз алфози қабеҳ истифода мекард ва бо ин кори номашро "сиёҳ" кардаву падару модарашро низ аз худ норизо гузошта буд. Вай мегӯяд, баъдан тасмим гирифт, то тавассути ҳамин навъи овозхонӣ номи худро сафед карда, обрӯи модарашро дар назди занони ҳамсоя, маҳлалла ва хешу табор боло бубарад. "Ҳамин тавр ҳам шуд. То соли 2013 алакай мардум маро хуб пазируфт. Дар соли 2014 ман номи репро сафед кардам,"-мегӯяд ӯ.

Гуфтугӯ бо Шон МС
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:35 0:00

Вай илова кард, "ман тасмим гирифтам то дар ёди мухлисонам ва мардум ҳамчун ситораи рэп боқӣ бимонам. Ба ҳамин хотир дар авҷи шӯҳрат тарки саҳна кардам. Аз саҳна дур мешавам, вале дар рэп боқӣ мемонам. Мехоҳам фаъолиятамро ҳамчун продюсер идома диҳам."

Шон МС дар баробари "Баха 84" ва "Мастер Исмаил" яке аз рэпсароҳои маъруф ва сермухлис дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва то кунун 200 таронаро ба бозор баровардааст. Консерти охирини ӯ рӯзи 14 март дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид ва мухлисони Шаҳбоз дару тирезаҳоро шикаста, барои иштирок дар консерти ӯ вориди толор шуданд.

XS
SM
MD
LG