Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД аз сокинон барои шиносоии як ҷасад кӯмак хост


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як моҳ боз ҷасади ҷавоне дар сардхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарор дошта, аммо то ҳол шахсияташ ошкор нашудааст.

Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои доихилии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 11 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 5 сентябри соли ҷорӣ аз кӯчаи Ҷ. Солиеви ҷамоати Унҷи ноӽияи Бобоҷон Ғафуров, аз пушти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29, ҷасади ҷавони тақрибан 18-23-сола пайдо шуд ва ҳамакнун дар сардхона аст ва бо гузашти беш аз як моҳ ҳанӯз касе ба суроған наомадааст.

Ба гуфтаи ин масъулон, нишонаҳои махсуси ин фард: қадаш 165 -170 см, мӯйи сараш сиёҳ, рӯяш даврашакл, биниаш рост, дар танаш куртаи варзишии хокистаранги остиндароз бо навиштаҷоти «CANADA», шими ҷинси рангаш кабуд ва дар пояш пойафзоли варзишӣ дорад.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, якчанд рӯз пеш аз дарёфти ҷасади мазкур, барномаи консертии ҳунарманди шинохта Баха-84 дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд доир гардида, ин ҷавон бо ҳамроҳии Баха-84 расм гирифтааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мухлисони ҳунарманд ва тамоми шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошанд, бо «Телефони боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, ё ба қисми навбатдории шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Бобоҷон Ғафуров бо рақами (83442)-3-22-35, 92-888-06-71), дар тамос шаванд.

XS
SM
MD
LG