Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле ки ваъдаи соли гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани маошу нафақаи сокинон иҷро нашудааст, бархе аз аъзои баландпояи ҳукумат мегӯянд, ки ин дафъа ваъдаи ӯ қатъист.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20 январ дар паёми солонааш ҳадафҳои баланд гузошт ва ваъдаҳои баланд дод, вале роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳо ва иҷрои ин ваъдаҳоро нагуфт. Се коршиносе, ки баъди анҷоми паёми Эмомалӣ Раҳмон нукоти муҳими онро дар як сӯҳбати мизигирд ба баҳс кашиданд, аз ҷумла ба ваъдаи аз тобистони соли ҷорӣ боло бурдани маошҳо ишора мекунанд ва мегӯянд, ин ваъдаест, ки соли гузашта ба далели мушкилоти иқтисодии кишвар иҷро нашуд ва имсол низ маълум нест, ки ҳукумат аз кадом ҳисоб мехоҳад маошу нафақаи мардумро боло барад.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки раисиҷумҳур имсол беш аз ҳар вақти дигар ба мушкили терроризм ва эктремизми байналмилалӣ таъкид кардааст. Ба қавли ӯ, "имсол экстремизм ва терроризмро президент ба таъсири аслиҳаи ҳастаӣ баробар кард. Зеро ин ба ҳодисаҳои Тоҷикистон рабти зиёд дорад, зеро дар соли 2015 эктремизм ва терроризм мушкилоте буданд, ки дар сархати расонаҳои Тоҷикистон қарор доштанд. Бахусус, ҳодисаи фирор ва пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба "Давлати исломӣ" ва ҳодисаи ба ном шӯриши генерал Назарзода ва дар пайи он ба иттиҳоми терроризм баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳамин тариқ бештар шудани хабарҳо дар мавриди ба Сурия рафтани ҷавонони Тоҷикистон."

Нуралӣ Давлат

Нуралӣ Давлат

Ба назари Нуралӣ Давлат, муаррих ва коршиноси тоҷик, паёме ки президент дар назди ду палатаи парлумон ироа кард, як сохтори шаклгирифта дорад. Яъне, маълум ҳаст, ки дар онҷо кадом соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Нуралӣ Давлат мегӯяд, ки аммо ба назари ӯ имсол чанд нукта буданд, ки агар то ҷое тафовут ҳам надоштанд, аммо ба фикри ӯ зикр кардани онҳо инҷо дуруст аст.

"Солҳои қабл вақте президент баромад мекарданд, бештар ба соҳаҳо ва таҳлили вазъи соҳаҳо, масалан ё тандурустӣ ё маориф ё бахши иҷтимоиёт бештар таваҷҷуҳ мекарданд. Аммо дар паёми имсола бештар умумигӯӣ ба назар мерасид. Соҳаҳо бояд мавриди баррасии ҷиддӣ бояд қарор мегирифтанд," -- гуфт ӯ.

Сайфи Сафар

Сайфи Сафар

Сайфи Сафар, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, агар бо паёми президент бархӯрди филологӣ шавад, матни паёми раисиҷумҳур ба парлумон ҳамон ибораҳоеро дошт, ки солҳои пеш низ гуфта шудаанд. Аммо як нуктаи ҷолиб, ба қавли ӯ, "ин буд, ки раисиҷумҳур гуфт, иқтисоди Тоҷикистон осебпазир шудааст. Яъне, ин чизе буд, ки қаблан ман нашунида будам."

Баҳси коршиносон:

Дар ҳамин ҳол, бархе аз аъзои баландпояи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар пайи анҷоми паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон бо Озодӣ сӯҳбат мекарданд, ваъдаи боло бурдани маоши кормандони буҷавиро аз нуқтаи асосӣ ва барои мардуми одӣ муҳими паёми имсола донистанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода

Абдуҷаббор Раҳмонзода

Аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонзода - ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон 20 январ, вақте аз кохи “Сомон” берун меомад, гуфт, масъалаи боло бурдани маоши кормандони буҷавӣ қатъист ва иҷро хоҳад шуд. Ӯ афзуд, "новобаста ба он мушкилу буҳроне, ки ҳаст, роҳбари давлат қатъӣ ба ҳукумат дастур додааст, ин дастур назорат мешавад ва аз моҳи июл маблағҳо дар ҳамаи бахшҳо зиёд карда хоҳад шуд."

Назари аъзои ҳукумат:

Шерхон Салимзода, раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон низ аз ваъдаи боло бурдани ҳаҷми маош ва нафақаи сокинон истиқбол карда ва онро махсусан барои афроде, ки танҳо аз ҳисоби маош зиндагӣ мекунанд, муҳим донист.

Шерхон Салимзода

Шерхон Салимзода

Ӯ гуфт, "дар соли ҷорӣ музди маош, нафақа ва стипендия боло бурда мешавад ва мо - кормандони иттифоқҳои касаба онро ба хушӣ мепазирем. Ин тасмим ба нафъи мардуми меҳнаткаш аст."

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми ироаи паёми имсолааш ба ду палатаи парлумони кишвар хабар дод, ки аз якуми июл маош ва нафақаи сокинон боло бурда хоҳад шуд. Ӯ гуфт, барои иҷрои ин тасмим дар як сол аз буҷаи кишвар 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ ҷудо мегардад. Оқои Раҳмон гуфт, ки ваъдаи соли гузаштааш ба далели мушкили иқтисодӣ иҷро нашуд, аммо ин дафъа музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ - 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ - 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ - 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Бардошти вакилон:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG