Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин паёми Эмомалӣ Раҳмон баъди дарёфти мақоми "Пешвои миллат"


Э.Раҳмон ҳангоми ироаи паёми солонааш дар соли 2013

Э.Раҳмон ҳангоми ироаи паёми солонааш дар соли 2013

Субҳи 20 январ раисиҷумҳури Тоҷикистон бо паёми навбати солонааш ба мардум ва парлумон муроҷиат мекунад. Ин нахустин паёми Эмомалӣ Раҳмон баъди дарёфти мақоми "Пешвои миллат" аст.

Ширкати “Барқи Тоҷик” қарор кардааст, ки дар соатҳои ироаи паёми солонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лимити мавҷудаи нирӯи барқро лағв кунад. Эмомалӣ Раҳмон субҳи 20 январ, соати 10 ба вақти Душанбе, бо паёми солонааш ба мардум ва парлумон муроҷиат мекунад. Ин нахустин паёми ӯ баъди расман дарёфт кардани мақоми "Пешвои миллат" мебошад.

Намояндаи ширкати “Барқи Тоҷик” шоми 19 январ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ба мардум дар соатҳои ироаи паёми президенти бидуни ягон маҳдудият барқ дода хоҳад шуд: “Тибқи нақша, мо рӯзи 20 январ то соати 12 рӯз ягон хел лимит надорем. Мақсад ин аст, ки ҳамаи мардуми кишвар битавонад суханронии раисиҷумҳурро гӯш кунад. Феълан то соати 12 лағви лимитро пешбинӣ кардаем, вале агар паём ба ҷои 2 соат, 3 ё 4 соат ҳам давом кунад, мо ба тамоми аҳолӣ бе маҳдудият барқро таъмин хоҳем кард.”

Аммо ин намояндаи “Барқи Тоҷик” афзуд, баробари анҷоми суханронии Эмомалӣ Раҳмон, лимити мавҷудаи барқ низ аз нав ҷорӣ хоҳад шуд. Дар мавсими сармо ба навоҳии Тоҷикистон, ба ҷуз аз чанд шаҳри бузургаш, маъмулан дар рӯз аз 6 то 8 соат барқ дода мешавад.

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар Душанбе мегӯянд, ки хеле мехоҳанд ин бор аз забони раисиҷумҳур шунаванд, ки лимити барқ дар Тоҷикистон билохира кай афсона хоҳад шуд. Онҳо ҳамин тавр, умедворанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба масоили доғи кишвар бештар дахл хоҳад кард. Дар ҷумлаи чунин масоили доғ дар баробари камбуди барқу газ умдатан мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон дар пайи бӯҳрони иқтисодии Русия, камбуди ҷои кор дар Ватан, ки боиси ҳарсол худро ба муҳоҷирати корӣ ба Русия задани то 1 миллион аз аҳолии қобили Тоҷикистон мешавад, танҳо дар як соли охир 40 дарсад коҳиш ёфтани қурби расмии сомонӣ ва 60 дарсад беқурб шудани пули миллӣ дар бозори сиёҳ, ҳузури садҳо ҷавони тоҷик дар ҷангҳои бегона дар Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар, фасоди густарда дар мақомоти давлатии Тоҷикистон ва амсоли инро ном мебаранд.

Мухолифини ҳукумати ӯ аммо мегӯянд, фазои озодиҳои мазҳабӣ ва озодиҳои сиёсӣ дар кишвар, бахусус дар пайи манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар сентябри соли 2015, хеле маҳдуд шудааст ва ин мавзӯест, ки президент бояд дар паёмаш ба он дахл кунад. Таъмини адолати додгоҳӣ ва таҳияи як барномаи фарогири зиддибӯҳронӣ аз дигар мавзӯъҳоест, ки мунтақидон аз паёми солонаи президент Эмомалӣ Раҳмон шунидан мехоҳанд. Сокинони оддӣ мегӯянд, аз Эмомалӣ Раҳмон шуниданианд, ки оё ваъдаи иҷроношудаи паёми соли гузаштааш дар бораи боло бурдани маоши кормандони буҷавӣ кай иҷро хоҳад шуд?

Дар парлумони Тоҷикистон ба Озодӣ гуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 январ дар баробари вакилони ҳарду маҷлиси парлумон, аъзои ҳукумат, раисони вилоятҳову шаҳру навоҳӣ суханронӣ мекунад. Ба ин ҷаласа шуморе аз фаъолон низ даъват шудаанд.

Ба гуфтаи намояндагони парлумон, ҷараёни суханронии президент аз соати 10 то 12 ба таври мустақим аз тамоми 4 шабакаи давлатии телевизионии Тоҷикистон намоиш дода хоҳад шуд. Қарор аст, шоми 20 январ, аз соати 20 то 22 суханронии Эмомалӣ Раҳмон низ аз тариқи тамоми шабакаҳои телевизионии давлатӣ такроран нашр шавад.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, инак 24 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад ва тайи дастикам 15 соли охир паёмҳои солонаашро ба парлумон ва мардум ироа мекунад. Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент гурӯҳҳои вижае таъсис дода мешаванд, ки бояд ҷараёни иҷрои нукоти омада дар ин суханрониҳои, ба гуфтаи мақомот, барномавии Эмомалӣ Раҳмонро назорат кунанд. Вале мунтақидон мегӯянд, бисёре аз ваъдаҳои дар паёмҳояш додаи оқои Раҳмон ба иҷро намерасанд. Онҳо аз ҷумла ба ҳамон ваъдаи боло бурдани маошҳо ишора мекунанд ва ҳам ба чанд ваъдае, ки ӯ дар бораи тааҳҳудаш ба риояи озодиҳои демократӣ ва баргузориҳои интихоботҳои озод дар гузашта дода буд.

Акс аз як таҷаммӯи тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе

Акс аз як таҷаммӯи тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе

Паёми рӯзи 20 январ нахустин паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ва мардум дар пайи тасвиби қонунест, ки ба ӯ расман унвони “Пешвои миллат” дод. Бар асоси ин қонун, Эмомалӣ Раҳмон, ки мӯҳлати кунунӣ ва ниҳоии раҳбариаш дар соли 2020 ба анҷом мерасад, баъди тарки мақом низ имтиёзҳо ва салоҳиятҳои зиёдеро ҳифз мекунад. Мақоми “Пешвои миллат” Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯро аз ҳар навъ эҳтимоли таъқиби ҷиноӣ барои амалҳое, ки ӯ дар даврони раёсаташ анҷом додааст, озод мекунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, ҳақ дорад, дар ҳар вақти дилхоҳ бо паёмҳо ба мардум муроҷиат кунад ва ба раҳбари ояндаи кишвар дар масоили муҳими сиёсати дохиливу хориҷӣ машварат бидиҳад. Тибқи қонун, иҷрои ин машваратҳо ба раҳбари оянда ҳатмист.

Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳоле ироа мешавад, ки дар парлумони Тоҷикистон, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, тарҳи тағйироти навбатӣ ба Қонуни асосӣ баррасӣ шуда истодааст. Тибқи ин тағйирот, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Пешвои миллат” ҳаққи пешбарии номзадиаш дар интихоботи соли 2020-ро низ пайдо мекунад. Ҳамзамон интизор меравад, ки синни ҳадди ақали номзад ба президентиро аз 35 ба 30 пойин биоранд. Ин ба Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки дар соли 2020 ба синни 33 мерасад, низ имкон медиҳад, ки номзадиашро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG