Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири Сарқонун: Барои ҳама ё ба хотири Рустами Эмомалӣ?


Ба ақидаи коршиносон, синни ҳадди ақали номзад ба президентии Тоҷикистонро маҳз барои Рустами Эмомалӣ - писари раисиҷумҳури кунунӣ поин меоранд, на барои кушодани роҳ барои тамоми насли ҷавон.

Ёқубҷон Дӯстбоев - яке аз ҷовонони фаъол, ки баъд аз таҳсил дар хориҷа ба Тоҷикистон баргаштааст, соли 2020, яъне дар соли интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 30-сола мешавад. Вай мегӯяд, ки синни 30 барои нишастан дар курсии раёсати ҷумҳурӣ хеле барвақт аст, на ҳар ҷавон метавонад баъд аз хатми таҳсил дар синни 23-25 солагӣ дар 5-7 сол худро барои бар дӯш гирифтани чунин масъулият омода кунад.

Ёқубҷон мегӯяд, барои таҷриба андӯхтан ва ошноӣ бо сиёсати дохиливу хориҷии як кишвар ва гузашта аз ин барои ворид шудан ба нозукиҳои корҳои давлатӣ ҳадди ақал 10 сол зарур аст. Ғайр аз ин, чунин ҷавон бояд то 30 солагӣ, яъне дар давоми 5 соли баъд аз таҳсил ба истилоҳ «команда»-и худро дошта бошад.

Ёқубҷон Дӯстбоев
Ёқубҷон Дӯстбоев

Бо вуҷуди ин ки дар ҳар кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон, истеъдодҳо ҳастанд ва замина вуҷуд дорад, лекин дар давоми 5 сол ба ин зина расидани чунин ҷавон хеле мушкил аст, агар барои худ «такягоҳ» надошта бошад.

Коршиноси тоҷик Нуралии Давлат, ки равандҳои сиёсиву таърихии Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад, бар ин ақида аст, ки дар марҳилаи кунунӣ ва бо назардошти шароити кунунии фаъолияти ҷавонон дар арсаи сиёсӣ, касе аз ҷавонони аз 26 то 30-сола имконияту заминаи пешбарии номзадиашро дар соли 2020 ба мақоми президентии Тоҷикистон надорад, ба ҷуз аз Рустами Эмомалӣ - писари феълан 28-солаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо кору фаъолият дар мақомҳои гуногуни ҳукуматӣ зинаҳоро яке паи дигар ба боло ба сӯи курсии аввали раёсат мепаймояд. Нуралии Давлат мегӯяд, «ман фикр мекунам, ки каси дигар мавриди назар нест. Агар зарурат пайдо шавад, он ҳам иртибот мегирад бо ҳамин хонавода.»

Нуралии Давлат
Нуралии Давлат

Бо вуҷуди ин Нуралии Давлат мегӯяд, «имкон дорад, ки номзадии 4-5 чавонро дар интихоботи соли 2020 сабти ном кунанд. Вале аз ҳоло пешгӯӣ кардани 4 соли дигар хеле мушкил аст, чун имрӯз дар ҷаҳон воқеаҳое сурат гирифта истодаанд, ки ҳатто фардоро пешгӯӣ кардан кори дурусте ба назар намерасад. Аммо дар интихоботи соли 2020 имкон дорад, ки чанд ҷавони дигарро ҳам, ки касе онҳоро намешиносад, сабти ном кунанд, барои он ки интихоботро демократӣ ҷилва диҳанд.»

Чунин ба назар мерасад, ки пешбарии ҷавонони дигар чун алтернативаи интихоботӣ шояд барои бахшидани эътибор ба тағйири қонун сурат бигирад. Ин нуктаро Абдумалик Қодиров-таҳлилгари сиёсии тоҷик низ таъйид мекунад ва мегӯяд, ки поин овардани синни номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз як сӯ хуб ҳам ҳаст, чун барои дигарон, аз ҷумла барои ширкати истеъдодҳои ҷавон низ имконият фароҳам меорад, умеди онҳоро барои рушди шахсӣ бедор мекунад, зеро қонун набояд барои як нафар ё барои як интихоботи мушаххас навишта шавад

Вале оқои Қодиров мушкилро дар ҷои дигар мебинад ва аз худ мепурсад, ки чунин қонунҳо дар Тоҷикистон то куҷо иҷро ё риоят мешаванд? То куҷо барои иҷрои ин қонун ба ҳама довталабон шароити яксон фароҳам оварда мешавад? Вай дар посух ба суолҳои худ мегӯяд, ки «то ҳол созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар Тоҷикистонро кишвари автократӣ ё худкома арзёбӣ мекунанд. Чунин арзёбӣ ба он маъност, ки чигунагии иҷрои қонун ба майлу иродаи шахси аввал вобаста аст.»

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Ҷаноби Қодиров мегӯяд, то соли 2020 ҳанӯз вақт ҳаст ва имкон дорад, то он вақт дар қонунҳо тағйироти дигар ҳам ворид шавад. Аз ҷумла, қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» маҳдудияти ширкати раисиҷумҳури кунунӣ дар интихоботи ояндаро аз миён мебардорад ва ба вай ҳақ медиҳад, ки бидуни маҳдудият дар ин мақом бимонад. Вале боз ҳам барои асоснок кардани ин тағйирот шояд як ё ду ҷавонро чун номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ омода ва сабти ном кунанд.

Ширкати чунин ҷавонон - хоҳ аз хонаводаҳои нухбагони ҳукумативу давлатӣ ва хоҳ аз хонаводаҳои ба қавле «қаторӣ» дар интихобот - як навъ ширкати рамзӣ хоҳад буд. Вале дар сурати пешбарӣ шудани номзадии Рустами Эмомалӣ, агар касе аз фарзандони нухбагон ба таври ҷиддӣ дар маъракаи интихоботӣ бар зидди вай мубориза кунад, он ба маъное хоҳад буд, ки ин соҳибмақом курсии расмиашро дар ҳар сохторе аз даст медиҳад. Ба ин сабаб касе аз хонаводаҳои мақомот ҷуръати рақобатро нахоҳад дошт, баръакс чун вафодори сиёсати раисиҷумҳури кунунӣ талош хоҳад кард, ки бо ҳамин «команда» роҳро давом диҳад.

Вале мусоҳибони Радиои Озодӣ истисно намедонанд, ки агар ҷавонони боистеъдод то он вақт ба майдон оянд ва ҳукумат майли дастгирии чунин истеъдодҳоро ба хотири рушди Тоҷикистон дошта бошад, дар он сурат ҳар ҷавони аз 30-сола боло метавонад ба мақоми раҳбарӣ бирасад.

Дар солҳои истиқлол тағйири синну соли номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар Қонуни Асосии Тоҷикистон инак бори дуюм пеш меояд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳар ду дафъа ҳам ин тағйирот бо назардошти шахсиятҳои алоҳида ворид шудааст.

Бӯрӣ Каримов
Бӯрӣ Каримов

Ба гуфтаи онҳо, дар соли 1991 аз ҷумла барои пешгирӣ аз ширкати муовини собиқи сарвазир Бӯрӣ Каримов дар нахустин интихоби мустақими президентии Тоҷикистон синни ҳадди ақалро барои номзадҳо 35 таъйин карданд. Бӯрӣ Каримов, ки соли 1991 ҳамагӣ 34 сол дошт, ба ҳамин далел натавонист дар он интихобот, ки дар ниҳоят бо пирӯзии Раҳмон Набиев анҷом ёфта буд, худро номзад кунад.

Таҳлилгарон ин бор низ, яъне баръакс аз 35 ба 30 поин овардани синну соли номзади мақоми раёсати ҷумҳуриро ба шахсияти алоҳида, яъне ба Рустами Эмомалӣ иртибот медиҳанд, ки дар соли интихоботи навбатӣ, яъне соли 2020, 33-сола мешавад.

XS
SM
MD
LG