Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон унвони "Пешвои миллат"-ро қабул кард


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро, ки дар оғози моҳи ҷорӣ аз сӯи ду палатаи парлумон тасвиб шуда буд, имзо гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 25 декабр қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро имзо гузошт. Тарҳи ин қонун аз сӯи як гуруҳ аз вакилони Маҷлиси Намояндагон пешниҳод ва дар оғози ҳамин моҳ аз сӯи ду палатаи парлумон тасвиб шуда буд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки "ин қонун бо ҳадафи тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия ва... шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст".

а қавли манбаъ, чунин унвон хоси кишварҳои пешрафта низ буда, “имрӯз дар Амрико, Аврупо ва ҳатто дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла дар Қазоқистон ба назар мерасад”.

Ин қонун аз муқаддима ва 16 модда иборат аст ва вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад. Бар асоси моддаи 4-уми ин қонун ордени “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” ва ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон” низ таъсис дода мешавад.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ин унвон як намунаи дигари шахспарастист, ки дар Тоҷикистон авҷ мегирад. Бахусус аз он нуктаи қонун интиқод мешавад, ки ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, пас аз қатъи ваколаташ аз бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад ва дар мушаххас кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақши умда бозӣ кунад.

Ваколати президентии Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 қатъ мешавад ва тибқи Сарқонуни амалкунандаи Тоҷикистон, ӯ ҳаққи пешбарии номзадиашро ба мақоми раёсати ҷуҳмур аз даст медиҳад. Аммо банди 6-и қонуне, ки рӯзи 9 декабр дар парлумони кишвар тасвиб шуд ва 25 декабр онро Эмомалӣ Раҳмон имзо гузошт, ӯро аз салоҳиятҳои густардаи марбут ба давлатдорӣ бархӯрдор кардааст.

Президент Раҳмон баъди рафтан аз мақом ба ҳайси “Пешвои миллат” дар пойтахт ва зодгоҳаш дафтари корӣ хоҳад дошт. Бар пояи ин қонун иҷрои машваратҳои “Пешвои миллат” барои ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ҳатмӣ мешавад ва “масъалаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷӣ” бо ӯ мувофиқа карда мешавад.

Бандҳои қонуни “Пешвои миллат” ин ақидаро ба миён овардааст, ки эҳтимол баъди қатъи ваколати раёсати ҷумҳуриаш Эмомалӣ Раҳмон қудрати худро ба шакли дигар тамдид мекунад. Ин Қонун ҳамчунин “Пешвои миллат”-ро аз ҳама гуна ҷавобгарӣ озод мекунад.

Истифодаи ибораи “Пешвои миллат” сар аз соли гузашта аз забони сокинон зимни вохӯриҳо бо Эмомалӣ Раҳмон корбурд мешуд. Аммо парлумони Тоҷикистон ин ибораро қонунан ба мақом табдил дод, ки пас аз қатъи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор меояд. Дар ин қонун гуфта нашудааст, ки кай ваколати президент қатъ мешавад, аммо коршиносон мегӯянд, Сарқонун на бештар аз ду давраи президентиро иҷоза медиҳад. Ин ду давраи ҳафтсолаи раҳбарӣ ба Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 анҷом хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG