Пайвандҳои дастрасӣ

Аз манъи рақс то "риштарошон". Чанд қарори аҷиби ҳокимони Осиёи Марказӣ


Ҳайкали 21-метрии раисиҷумҳури Туркманистон

Ҳайкали 21-метрии раисиҷумҳури Туркманистон

Ҳокимони Осиёи Марказӣ дар як соли гузашта бо як силсила тасмиму қарорҳои аҷибе, ки дар сархати ахбор қарор гирифтанд, вирди забон шуданд.

Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2015 бо як силсила қарорҳои аҷибулғариби худ хабарсоз шуданд. Ин қарорҳо аз ҷумла манъи табдили номи аспи ахалтекину барчидани антеннаҳои моҳвораӣ ва гушоиши ҳайкалаи 21-метрии раисиҷумҳураш дар Туркманистон, ҷорӣ шудани либоси расмӣ барои овозхонҳои зан , манъи рақси валс ва ҳар навъ тӯйу арӯсӣ дар мавсими пахтачинӣ дар Узбакистон, маҷбуран тарошидани риши мардуму фурӯши "иҷозатнома"-ҳои қалабакӣ барои гузоштани риш ва эътои мақоми “пешвои миллат” ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистонро дар бар мегиранд.

Туркманистон: Тартиби гурӯчӯби аспи ахалтекин

Дар моҳи декабр мақомоти Туркманистон қонунеро тасвиб карданд, ки зиндагӣ ва марги аспҳои машҳури ахалтекинро танзим мекунад. Туркманистон ин аспҳои зотиро яке аз рамзҳои миллии худ мешуморад ва тибқи қонуни нав, ҳатто табдили номи аспи ин зот манъ мешавад. Ҳамин тавр, тибқи қонун, ҳар аспи ахалтекин баъди маргаш бояд ба таври муносиб дафн шавад ва дар маросими видоъ ва дафни асп бо ҳузури мақомоти расмӣ сурат бигирад.

Мунтақидон аммо чунин таваҷҷӯҳ ба ҳаёту марги ин аспи хушзотро василае дигар барои таблиғи парастиши шахси раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мебинанд, ки баъди дарёфти унвони “асппарвари мардумии Туркманистон” як китоби комиле ҳам дар бораи аспҳои ахалтекин нашр кард.

Қарори дигари аҷибулғариби мақомоти туркман барчидани антеннаҳои моҳвораӣ аз боми манзилҳо дар пойтахт, шаҳри Ишқобод буд. Мақомот мегӯянд, антеннаҳои бешумор сурати пойтахти Туркманистонро “безеб” мекунанд. Вале мухолифон мӯътақиданд, ки ҳадаф аз дастрасӣ ба расонаҳои мустақили хориҷӣ маҳрум кардани аҳолист, то ахбори воқеъӣ дар бораи Туркманистон ва минтақаву ҷаҳонро пайдо карда натавонанд.

Дар Туркманистон чун дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбуран сафарбар кардани мардум ба пешвози президент як анъана шудааст. Вале имсол сафарбарии мардум ба расми ифтитоҳи як варзишгоҳ дар Ишқобод ба фоҷиа печид. Масъулон мардумро чанд соат дар интизории президент Бердимуҳаммадов зери офтоб нигоҳ доштанд ва онҳо ҳатто ба обу ҳоҷатхона дастрасӣ надоштанд. Дар натиҷа се нафар аз зарбаи офтоб ҷон бохтанд.

Аз он қабл дар Ишқобод ҳайкали тилоии раисиҷумҳури пешин Сафармурод Ниёзовро барчиданд ва ҳайкали 21-метрии раисиҷумҳури кунуниро гузоштанд. Мақомот гуфтанд, ин ҳайкал “бо дархосту муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон” гузошта шудааст.

Узбакистон: Аз манъи валс то гашта часпондани пахта ба буттаҳо

Либоси бози Лола

Либоси бози Лола

Баъд аз ҳунарнамоии овлзхони узбак Лола бо либоси барои ҷомиаи Узбакистон нисбатан боз кумитаи занони ин кишвар ҳамроҳ бо иттиҳодияи консертии “Узбекнаво” барои овозхонҳои зан дар ин кишвар либоси расмӣ ҷорӣ карданд. Лола баъди ин ҳунарнамоӣ аз муҷаввизи фаъолият маҳрум шуд ва ҳамкасбони ӯро аз пӯшидани либосҳое, ки аз ноҳияи китфу пушт ва пой боз бошад, манъ карданд.

Ба дунбол, дар моҳи сентябр дар пешорӯи мавсими нави тӯю арӯсиҳо ба идораву ширкатҳои махсуси баргузории тӯйҳо амр шуд, то аз истифодаи анъанаҳои барои фарҳанги мардуми узбак бегона, ба мисли рақси валси ҷуфти ҷавон даст бикашанд.

Ҳамин тавр, дар вилояти Самарқанд баргузории ҳар навъ тӯю арӯсиро дар мавсими пахтачинӣ манъ карданд. Бар асоси фармони шифоии ҳокими Самарқанд Зоир Мирзоев, ҳамаи тарабхонаҳову тӯйхонаҳо аз 6 сентябр барои дастикам як моҳ дарҳои худро бастанд. Ҳамин ҳоким ахиран амр дод, ки ошхонаҳову тарабхонаҳо рӯзи 31 декабр низ дарҳои худро банданд. Зоир Мирзоев гуфтааст, Соли нав ҷашни оилавист ва бояд дар ҳалқаи хонавода таҷлил шавад.

Вале қарори аз ҳама аҷиби мақомоти узбак, гашта ба буттаҳояш часпондани пахтаи чидашуда дар вилояти Фарғона буд. Мақомоти маҳаллӣ зоҳиран бо ин роҳ мехостанд сарвазири Узбакистонро, ки бо сафаре ба ин вилоят омада буд, аз ҳосили фаровони имсола дилпур кунанд.

Аммо дар ниҳоят сарвазир наомад ва ҳама кӯшиши бахарҷдодаи мақомоти маҳаллӣ барои хокпошӣ ба чашми ин мансабдори баландпоя барҳадар рафт.

Қазоқистон: Ҷарима барои овехтани парчами миллӣ

Дар моҳи март мақомоти Остона, пойтахти Қазоқистон сокини маҳаллӣ Жандос Қурмонбоевро бо ҷурми “истифодаи ғайриқонунии рамзи давлатӣ” 396 000 танга, муодили 2 134 доллар бо қурби моҳи март, ҷарима бастанд. Қурмонбоев бо хушҳолӣ аз пирӯзии муштзани қазоқ дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар балкони хонааш парчами давлатии Қазоқистонро афрохта буд. Вале мақомот ӯро ҷарима баста, парчами овехтаашро ҳамчун далели шайъӣ мусодира карданд.

Раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев, ки аз байни ҳокимони дарозумри минтақа аввалин шуда духтараш Дориғаро муовини сарвазир таъйин кард, имсол боз як интихоботи пеш аз мӯҳлат доир кард ва бо касби 97 дарсади овозҳо пирӯзи он эълон шуд. Моҳе пеш Назарбоев дар як ҷаласаи ҳукумат гуфт, то ҳол касеро наёфтааст, ки ӯро иваз карда тавонад. Дафтари матбуоти президент баъдан шарҳ дод, ки Назарбоев шӯхӣ кардааст.

Тоҷикистон: Аз “риштарошон” то “пешвои миллат”

Лутфулло Бобобеков, сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 31 марти соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд милиса риши ӯро тарошидааст.

Лутфулло Бобобеков, сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 31 марти соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд милиса риши ӯро тарошидааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар соли 2015 бо мавридҳои зиёди маҷбуран тарошидани риши мардум дар ёд монданд. Ин василаи ғайриоддии мубориза бо ифротгароӣ вақте рӯ зад, ки ҳомии ҳуқуқ аз шаҳри Хуҷанд Рустам Гулов моҳи апрел дар кӯча ба дасти “риштарош”-ҳои пулис афтод ва аз ришаш маҳрум шуд. Вазорати умури дохила дар вокуниш ба чунин шикоятҳо гуфт, ягон амри расмие барои маҷбуран тарошидани риши мардум дода нашудааст ва ҳатто ду афсари пулисро барои чунин худсарӣ ҷазо ҳам додаанд.

Қиссаи “риштарошон” бо ҳамин анҷом наёфт. Моҳе баъд Кумитаи дини Тоҷикистон аз зуҳури қаллобоне ҳушдор дод, ки иҷозатномаҳои қалбакӣ барои ришгузорӣ мефурӯшанд.

Дар ибтидои моҳи декабр Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон аз таҳияи рӯйхати ягонаи номҳои тоҷикӣ хабар дод. Баъди нашри ин рӯйхат мардум бояд исми фарзандони худро танҳо тибқи ҳамин рӯйхати иборат аз чанд ҳазор номи “асили тоҷикӣ” бигузоранд.

Қарори дигари пурсарусадои мақомоти ин кишвар қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- пешвои миллат" буд, ки моҳи декабр аз сӯи ҳарду маҷлиси парлумони Тоҷикистон тасвиб шуд. Ин қонун ба раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон расман унвони “пешвои миллат” ва як силсила имтиёзҳои нав медиҳад. Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва наздиконаш барои ҳамеша аз ҳар навъ эҳтимоли таъқиби ҷиноӣ барои аъмоле, ки дар давраи раҳбариаш кардааст, озод шуда, баъди тарки мақом низ метавонад ба ҳайси як раҳбари маънавӣ сардори ояндаи давлатро насиҳат ва раҳнамоӣ кунад.

Бознашр аз "Настоящее время"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG