Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Хомӯш наист!" Нақлҳои ошкоро дар бораи таҷовуз ба номус (ВИДЕО)


Дар Қазоқистон маъракаи зидди таҷовуз ба номус таҳти унвони “Хомӯш наист!” оғоз ёфтааст. Дар ин маърака қурбониҳои таҷовуз дар бораи қазияҳои худ нақл карда, аз мақомот мехоҳанд, ки ба ин масъала низ ҷиддан таваҷҷӯҳ кунад.

Гулбадар Муҳсинова, сокини Қазоқистон, дар доираи ин маъарака бо нашри муроҷиати видеоӣ эълон кард, ки духтараш ҳангоми бозгашт аз як шабнишинӣ аз тарафи чор ҷавон рабуда шуда ва ба номусаш дастдарозӣ шудааст. Ин духтарро баъдан дар наздикии бинои раёсати корҳои дохилӣ пайдо кардаанд.

Ӯ мегӯяд, "намехоҳам, ин ҳодиса такрор шавад. Намехоҳам, ки ин ҳодиса бо духтари шумо, хоҳари шумо, набера ва модаратон рух диҳад. Мехоҳам, ки пеши роҳи таҷовуз ба номус гирифта шавад. Хоҳиш мекунам, ёрӣ диҳед!"

Гузориш ба забони русӣ аст:

Ба нақли Болат, писари Гулбаҳор Муҳсинова, хоҳараш гуфтааст, ки ин чор ҷавон баъди дастдарозӣ ба номус ҳатто нақшаи қатли ӯро кашида буданд. Ин хонавода мегӯяд, баъди он ки дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон ба фарёдашон фарёдрас пайдо нашуд, барои кумакхоҳӣ ба созмони иҷтимоии "Тансари" муроҷиат кардаанд. Пас аз огоҳ шудан аз ин қазия даҳҳо сокини Қазоқистон дар Интернет натанҳо аз амали чор ҷавон, балки аз бархӯрди номуносиби пулис низ норизоӣ кардаанд.

Диана Исмоилова, мудири ин созмон, гуфт, "гап дар бораи танҳо муносибати пулис нест. Инҷо сухан аз муносибати пизишкон низ меравад, ки дар ҳолати вазнин ба қурбонии таҷовуз ба номус ҳарфҳои бад задаанд. Ин духтар гуфт, ҳатто нахостаанд ӯро ташхис кунанд ва ба таваллудхона фиристодаанд, ин рафтори пизишкон барои мо номафҳум аст."

Дар шаш моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон 19 ҳолати таҷовуз ба номус сабт шудааст, ки дар муқоиса ба арқоми соли гузашта 3 ҳолат зиёд будааст.

Исмоилова мегӯяд, ки ҳоло нигоҳи ҷомеа ба ин масъала тағйир кардааст ва дар маъракаи таҳти унвони “Хомӯш наист!” таҳҳо нафар натанҳо аз Қазоқистон, балки аз кишварҳои дигар низ ҳодисаҳои таҷовуз шудани худро рӯирост баён кардаанд.

Наталя, як сокини Қазоқистон, дар пайи таҷовузи гурӯҳӣ шуданаш дар боздоштгоҳи Алмаато тифл ба дунё овардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ ин вазъро шиканҷа ном мебаранд ва мегӯянд, ки ташхис падари тифли Наталя будани яке аз кормандони боздоштгоҳи Алмааторо собит кардааст, вале афроди боқимонда ҳанӯз ба бегуноҳии худ пофишорӣ доранд.

Евгений Жовтис, мудири Дафтари байналмилалии ҳуқуқи башар, пешниҳод дорад, ки табибони дохили муассисаҳои ислоҳӣ аз назорати мақомоти интизомӣ берун бошанд, то ҳангоми додани хулоса ба ҳолати монанд ба Наташа мустақилии худро ҳифз кунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қазоқистон, инчунин, ба хотима додан ба ҳодисаҳои рабудани арӯсҳо даъват доранд. Онҳо мегӯянд, ин навъи “интихоби арӯс”, ки бар хилофи хостҳои духтар сурат мегирад, “таҷовуз аст” ва аммо онҳо аз шарм ба пулис муроҷиат намекунанд.

Ҳолатҳои дастдарозӣ ба номуси духтарон натанҳо сокинони Қазоқистон, балки кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро нигарон кардааст. Аммо ба сабаби он ки баъди ошкор шудани ин ҳолат қурбониёни таҷовуз ба ҷои он ки мавриди ҳимоят қарор гиранд, зери бори мазаммат хоҳанд рафт, нафақат чунин ҳодисаҳоро ошкор намекунанд, балки барои додхоҳӣ ба пулису додситонӣ низ муроҷиат наменамоянд.

Моҳи июли соли ҷорӣ мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки ҳолатҳои таҷовуз ба номус дар кишвар афзудааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикстон, дар нишасти хабарии худ гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол дар ҳудуди кишвар 19 ҳолати таҷовуз ба номус сабт шудааст, ки дар муқоиса ба омори соли гузашта 3 ҳолат зиёд аст. Ӯ гуфт, аз ин ҳисоб 14 ҳолат ошкор шуда, панҷ ҳолати дигар дар мавриди тафтиш қарор дорад.

XS
SM
MD
LG